ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Дар «Руқаъот»-и Бедил номаҳое мавҷуданд, ки фикри то соли 1099 идома ёфтани таълифи асарро тақвият медиҳанд. Ду номае, ки ба дӯстони Бедил Шукруллоҳхони Хофӣ ва писарони ӯ Шукруллоҳхони сонию Шокирхон ирсол шудаанд, аз қабили ҳамин гуна номаҳо мебошанд. Дар ин номаҳо чанд қитъа аз маснавии «Муҳити аъзам» дарӣ гардидааст ва факти ба тозагӣ эҷод шудани он қитъаҳо таъкид шудааст. Азбаски ошноии Бедил бо Шукруллоҳхону писаронаш аз соли 1096 оғоз меёбад, тахмин намудан мумкин аст, ки он номаҳо ва он қитъаҳои «Муҳити аъзам», ки дар номаҳо дарҷ гардидаанд, ё дар соли 1096 (1685) эҷод шудаанд ё дар ду соли баъдина, яъне солҳои 1097 (1685-1686), 1098 (1686-1687).
Ба таъбири дигар гӯем, таълифи «Муҳити аъзам» дар ин солҳо ҳанӯз ба итмом нарасида будааст. Агар ин ақидаи мо ба ҳақиқат наздик бошад, яъне агар «Муҳити аъзам», воқеъанд, дар байни солҳои 1078 (1667-1668)-1099 (1687-1688) таълиф шуда бошад, пас фикри ба дасти худи Бедил китобат шудани нусхаи мазкур аз эҳтимол дур нест. Зеро, чунон ки дида шуд, таърихи ба анҷом расидани таълифи асар ва таърихи китобати нусха дар як вақт иттифоқ афтодаанд.
Далели дигаре, ки дар исботи ин ақида мавҷуд аст, таъбири «таҳрир ёфт» аз матни охирсухани нусха мебошад. Ибораи «таҳрир ёфтан», ки аслан мафҳумҳои «навишта шудан, «китобат шудан», «сабт ёфтан», «марқум гардидан», «ба рӯи дафтар омадан» ва ғайраро ифода менамояд, ба маънои «эҷод шудан» ва «таълиф гардидан» низ истеъмол мешавад. Ин ибора, маъмулан, нисбат ба матне гуфта мешавад, ки бори аввал ба рӯи қоғаз меояд.
Бедил таъбири «таҳрир ёфтан»-ро ба маънои «анҷом пазируфтан» дар мавридҳои дигар низ истифода кардааст. Чунончи, санаи таълифи қасидаи «Саводи аъзам»-ро ин тавр ба қалам додаст:
Нест аз фитрат ниҳон кайфияти таърихи ӯ,
Соли таҳрираш ҳамон дар ҳарфи номаш музмар аст.
Ё худ аз таърихи итмоми «Чорунсур»-и хеш чунин хабар додааст:
Даме, к-андешаи таҳқиқпардоз
Ба фикри соли ин таҳрирҳо рафт,
Ду таърих аз ҳисоб овард берун,
Ки дахли шубҳа хун гашту хато рафт.
Нахуст афсуне аз эъҷоз пардохт,
Ки аз афроди ҳар «унсур» «фано» рафт.
Дуввум дар иҷтимоъи чор «унсур»
«Нуҳусат» буд, чун занг аз сафо рафт.
Ва ниҳоят, дар байни хати ин нусха ва намунаи хати Бедил, ки акси он дар маҷаллаи «Ориёно» (Кобул 1333, № 10) ба чоп расидааст, шабоҳати назаррасеро мушоҳида кардан мумкин аст.
Хулоса, ба эътибори далелҳои мазкур, дилпурона гуфтан мумкин аст, ки нусхаи № 35\8 Архиви миллии Афғонистон на фақат дастхати худи Бедил аст, балки нусхаи аслии маснавии «Муҳити аъзам», яъне нусхаи аввалин бор ба рӯи қоғаз омадаи асар низ мебошад.
НУСХАЕ АЗ ДЕВОНИ БЕДИЛ
Дар ҷилди саввуми «Феҳристи дастнависҳои тоҷикӣ – форсии Китобхонаи давлатии РСС Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ» (Душанбе 1983), ки Назира Кароматуллоева тартиб додааст, дар қатори нусхаҳои хаттии осори Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Соиби Табрезӣ, Бехуди Лоҳурӣ (вафоташ 1673), Имлои Бухорӣ (асри XVII), Муҳии Хуҷандӣ (асри Х1Х) ва ғайра ҳашт нусха аз девони Мирзо Абдулқодири Бедил низ тавсиф шудааст. Тавсифи яке аз нусхаҳои девони Бедил, ки зери № 1579 маҳфуз аст, чунин сурат гирифтааст: «Нусхаи мукаммали хеле зебо. Матн дар ду сутун бо хати шикастаи ниҳоят базеб дар қоғази нафиси оҳор ва мӯҳразадаи ҷилодор ва ҳарранга навишта шудааст. Атрофи матн бо зарҳал ва ранги кабуд ҷадвал дорад. Дар аввали китоб лавҳаи хеле зебо дида мешавад. Инчунин ҳошияи варақи аввал бо зарҳал ва рангҳои гуногун оро ёфтааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё