Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мобайни матн низ бо санъати афшон зарҳалкорӣ шудааст. Дар ҳошияи китоб асари «Чаҳорунсур»-и шоир сабт ёфтааст, ки то варақи 243 давом мекунад. Атрофи матни асосӣ ва ҳошия бо ранги кабуд ва зарҳал ҷадвал дорад. Таърихи китобаташ 1114| 1702. Ҷои китобат номаълум. Исми китобат низ маълум нест».
Нуктаи ҷолибе, ки аз ин иқтибос бармеояд, ин аст, ки нусхаи мазкур, гӯё, дар соли 1114 ҳиҷрӣ, мутобиқ ба соли 1702 милодӣ, яъне 18 сол қабл аз вафоти муаллифаш-Мирзо Бедил китобат шуда бошад. Дар сурати воқеъият доштани ин фикр нусхаи мазкур яке аз қадимтарин нусхаҳои осори шоир ба шумор хоҳад рафт. Кофист бигӯем, ки дар китобхонаҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ нусхае бад-ин қадимӣ то кунун ба назар нарасидааст.
Вале афсӯс ва сад афсӯс, ки дар асл ин тавр нест. Аввалан, таърихе, ки муаллифи феҳрист онро соли китобати нусха пиндоштааст, 1114 набуда, балки 1116 аст. Сониян, ин таърих, яъне санаи 1116, ба нусхаи девони шоир муносибате надошта, ба асари дигари ӯ – «Чорунсур» дахл дорад.
Ҳоло пеш аз ворид шудан ба асли мақсад чанде аз хусусиятҳои дигари нусхаи мазкурро баён менамоем. Нусха, ки ба хати шикастаи бенуқта китобат шудааст, аз ҷумлаи нусхаҳои нисбатан мукаммали мунтахаби девони Бедил аст, ки тахминан даҳ ҳазор байтро дар бар кардааст. Дар охири нусхаи девон таърихи китобат ва номи котиб сабт наёфтааст. Аммо дар варақи аввал, ки аз навқи тамоман дигари коғаз – дафтари ҳозира аст, касе бо қалами мидод навиштаи зеринро илова намудааст: «Мирзо Бедил, Шикаста, Ёзулғондур 1308 йили ҳиҷрида». Яъне Мирзо Бедил, девон бо хати шикаста. Дар соли 1308 ҳиҷрӣ китобат шуд.
Поинтар аз ин матн навиштаи зайлро мебинем: «Рукопись, дата 1880 г. ».
Аммо таъаҷҷубовар аст, ки муаллифи феҳрист навиштаҳои мазкурро на фақат ба эътибор нагирифтааст, балки ба мавҷудияти онҳо ишорае ҳам накардааст.
Дуруст аст, ки ин навиштаҳо ба хати дигар ва дар коғази дигар сабт ёфтаанд ва аз ин рӯ, онҳоро чун ҳақиқати бебаҳс наметавон пазируфт. Вале чун санади дигаре, ки ба таърихи китобати нусха далолат намояд, вуҷуд надорад, аз ин фактҳо низ чашм пӯшидан нашояд.
Гуфтан лозим аст, ки аксари нусхаҳои мунтахаби девони Бедил дар қатори ғазалиёт иддае аз рубоиъёти ӯро низ фаро гирифтаанд. Вале ин нусха ҳовии танҳо ғазалиёти шоир асту бас.
Ба эътибори набудани бахши рубоиёт ва мавҷудияти чанд варақи холӣ дар охири нусха тахмин намудан мумкин аст, ки китобати он нотамом мондааст. Ва сабаби дар поёни нусха сабт наёфтани сана ва номи котиб низ шояд дар ҳамин бошад.
Тавре ки муаллифи феҳрист навиштааст, дар ҳошияи нусхаи девон асари дигари Бедил «Чорунсур» дарӣ гардидааст. Матни «Чорунсур» низ бо хати шикаста, вале шикастаи нуқтадор китобат шуда, аз нигоҳи ранг ва унсури ҳуруф ба хати нусхаи девон монанд аст, ки шояд котиби ҳар дуи онҳо як шахс бошад. Бар хилофи нусхаи девон, дар поёни матни «Чорунсур» навиштаи зайлро дидан мумкин аст: «Байтҳои «Чорунсур» назди табъи нуктасанҷ шуд муъаян ду ҳазору шашсаду панҷоҳу панҷ. Тамматалкитоб».
Ва тахминан дар масофаи 1-1, 5 см поинтар аз матни боло адади 1116 сабт ёфтааст. Шояд ба мақсади қадимтар нишон додани нусха бошад, ки шахси номаълуме адади 1116-ро ба адади 1114 табдил додаст. Вале асари ин сохтакорӣ ба хуби ошкор аст. Дар феҳрист ана ҳамин адад ҳам таърихи китобати девон ва ҳам таърихи китобати «Чорунсур» дониста шудааст. Адади мазкур, воқеъан, таърих аст. Вале на таърихи китобати нусха, яъне нусхаи «Чорунсур», балки таърихи таълифи он аст, ки аз қитъаи таърихи таълифи асар, ки дар охири он мавҷуд аст, бароварда шудааст. Яъне котиби нусха ё худ касе дигаре дар баробари аниқ кардани шумораи абёти порчаҳои манзуми «Чорунсур» дар асоси қитъаи таърих санаи таълифи асарро низ муъайян кардааст.

пешина
аз 250
навбатӣ