ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Инак қитъаи таърихи таълиф ва тарзи истихроҷи санаи онро дар поён дарӣ менамоем.
Қитъа, ки ба қалами худи Бедил таъаллуқ дорад, ин аст:
Биҳамдиллоҳ, зи хатми «Чорунсур»
Фараҳ пеш омаду ғам бар қафо рафт.
Ба сайроҳангии қонуни асрор
Зи сози ҷаҳл сомони наво рафт.
Баҳоре дастабанди рангу бӯ шуд,
Ки андӯҳи хазон аз боғи мо рафт.
Даме, к-андешаи таҳқиқпардоз
Ба фикри соли ин таҳрирҳо рафт,
Ду таърих аз ҳисоб овард берун,
Ки дахли шубҳа хун гашту хато рафт.
Нахуст афсуне аз эъҷоз пардохт,
Ки аз афроди ҳар «унсур» «фано» рафт.
Дувум дар иҷтимоъи чор «унсур»
«Нуҳусат» буд, чун занг аз сафо рафт.
Дар инҷо калимаҳои «унсур» «фано» ва «нуҳусат» (бадбахтӣ) моддаҳои таъриханд, ки бо ададҳои 410 (унсур), 131 (фано) ва 524 (нуҳусат) баробар мебошанд. Дар таърихи аввал агар аз калимаи «унсур» калимаи «фано» гирифта шавад, 279 боқӣ мемонад ва ин адад ба 4 зарб зада шавад, 1116 ҳосил мешавад, ки соли анҷоми асар аст.
Дар таърихи дуввум аз ҷамъи чор «унсур», ки 1640 аст «нуҳусат» (524) кам карда шавад, боз ҳамон адад - 1116 боқӣ мемонад.
Хулоса, нусхаи девони Бедил, ки дар Китобхонаи давлатии ба номи Фирдавсии Тоҷикистон зери № 1579 маҳфуз аст, аз ҷумлаи нусхаҳои қадими осори шоир набуда, балки нусхаест, ки ғолибан, дар охири асри 19 китобат шудааст.
Хотирнишон бояд сохт, ки тадқиқу омӯзиши нусхаҳои хаттӣ, аз ҷумла тавсифи илмии онҳо, амали чандон саҳл нест. Ин кор дониши қазоӣ, дақиқкорӣ ва масъулияти ҷиддиро тақозо менамояд. Чун сухан аз осори ин ё он шоири бузург равад, ин гуна ҷиддият ва масъулият дучанд хоҳад шуд.
АЗ ТАЪРИХИ НАШРИ ОСОРИ БЕДИЛ
Осори манзум ва мансури Мирзо Абдулқодири Бедил (1644-1720) дар шаклу ҳаҷмҳои гуногун борҳо ба табъ расидааст. Аз ҷумлаи нашрҳои гуногуни осори шоир чопҳои мунтахаби девони ӯ аз ҳама бештаранд. Аз замони пайдоиши дастгоҳи чоп дар мамолики Шарқ то охирҳои солҳои бистуми асри ХХ мунтахаби девони Бедил дар шаҳрҳои гуногуни Осиёи Миёна, Ҳиндустон, Туркия ва Афғонистон беш аз сад маротиба ба чоп расидааст.
Бештари ин нашрҳо мунтахаби ғазалиёту рубоиёт буда, миқдори камтарашон, илова бар ғазалу рубоӣ, таркиббанду тарҷеъбанд ва қасида низ доранд. Яке аз сабабҳои борҳо ва пайдарпай ба табъ расидани мунтахаби девони Бедил, зоҳиран, ин аст ки он дар мактабҳои кӯҳнаи Осиёи Миёнаву шимоли Афғонистон ба ҳайси як китоби дарсӣ омӯхта мешуд.
Хонандагони мактаби кӯҳна пас аз хатми «Чоркитоб», «Гулистон»-у «Бӯстон»-и Саъдӣ ва девони Ҳофиз мунтахаби девони Бедилро мутолаа мекарданд.
Дар байни нашрҳои мунтахаби девони Бедил баъзе чопҳои нодир низ мавҷуданд. Яке аз чунин чопҳо нашри кобулии девони шоир аст, ки дар соли 1334 ҳиҷрии қамарӣ (1916 милодӣ) ба табъ расидааст. Ин нашри девон, ки як қисми ғазалиёт – ғазалҳо аз радифи алиф то радифи долро – дарбар кардааст, бо ташвиқу таҳрики бародари амири онвақтаи Афғонистон Ҳабибуллоҳхон (1901-1919) ноибуссалтана сардор Насруллоҳхон ба сомон расида буд. Сардор Насруллоҳхон ният дошт, ки тавассути гурӯҳе аз шоирону фозилони Афғонистон матни комили девони Бедилро чоп кунад. Нашри мазкури девон ибтидои ин кори бузург буд. Аммо бо сабаби марги бармаҳали сардор Насруллоҳхон, ки соли 1919 иттифоқ афтод, кори чоп ва таҳияву тадвини девони Бедил низ қатъ гардид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё