Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гуфтан лозим аст, ки илова бар мунтахаби девон чанде аз асарҳои алоҳидаи шоир низ дар шаҳрҳои гуногуни Ҳиндустон ва Осиёи Миёна либоси табъ пӯшидаанд. Чунончи, «Руқаот»-и ӯ дар соли 1260 ҳиҷрӣ (1844 милодӣ) дар матбаъи Ҳасании Лакҳнав, «Чорунсур» дар соли 1278 ҳиҷрӣ (1862 милодӣ) дар матбаъи Аҳмадии Шоҳдараи Мирут, «Никот» дар соли 1309 ҳиҷрӣ (1891 милодӣ) дар Тошканд ва маснавии «Муҳити аъзам» дар соли 1302 ҳиҷрӣ (1883 милодӣ) дар Сиёлкут чоп шудаанд.
Тавре ки мебинем, теъдоди нашрҳои осори Бедил хеле зиёд аст. Аксари ин нашрҳо, мутаассифона, ба мо дастрас нестанд. Аз ин рӯ, дар хусуси таърихи пурраи нашри осори шоир сухан кардан ғайри имкон аст. Дар ин мақола дар бораи як тарафи масъала – таърихи нашри Куллиёти ӯ таваққуф менамоем. То ҷое ки мо огаҳӣ дорем, то кунун ҳафт нашри Куллиёти Бедил маълум ва маъруф аст. Инҳо иборатанд аз нашрҳои Лакҳнав ва Конпур, нашри Ҳасани Бомбай, нашри Сафдарии соли 1882, нашри чорҷилдаи Кобул, нашри Покистон ва нашри Теҳрон. Бо ном ва тавсифи мухтасари ин нашрҳо дар феҳристҳои кутуби чопии форсӣ, ва рисолаву мақолаҳои илмӣ дучор омадан мумкин аст.
Ба назар чунин мерасад, ки илова бар ҳафт нашри мазкури Куллиёт нашрҳои дигари он низ вуҷуд доранду мо алҳол аз онҳо хабар надорем. Дар таъйиди мавҷудияти яке аз чунин нашрҳои номаълум ду далели ғайримустақим мавҷуд аст. Далели аввал эъломияест, ки дар варақи охирини чопи Сафдарии соли 1882 Куллиёти Бедил дарҷ гардидааст. Муаллифи эъломия ношири нашри мазкури Куллиёт Нуриддин ибни Ҷевохон мебошад. Аз эъломия бармеояд, ки Куллиёти Бедил дар матбаъи Сафдарии Бамбай бори аввал дар соли 1847 милодӣ ба табъ расида будааст ва нашри маълум ва машҳури Сафдарӣ, ки дар соли 1299 ҳиҷрӣ (1882 милодӣ) дар Бамбай ба табъ расидааст, нашри дубораи он мебошад.
Нуриддин ибни Ҷевохон дар эъломияи худ навиштааст, ки ӯ дар кори фароҳам овардану тартиб додани Куллиёти Бедил маблағ ва вақти зиёдеро сарф намуда, онро дар соли 1847 исавӣ дар раҷастари инглисӣ чоп кардааст. Аз ноширону тоҷирони кутуб тақозо дорад, ки Куллиёти батабърасонидаи ӯро моли муфт напиндоранд ва бе иҷозати ӯ онро чоп накунанд.
Инак, матни пурраи эъломия, ки бо номи “Иштиҳор” сабт ёфтааст, иқтибос мешавад:
“Бар нозирини волонажод пӯшида мабод, ки дар фароҳам овардани аҷзои ин саҳифаи гиромӣ (яъне Куллиёти Бедил – Б.Р.) муддате дароз ва замоне дербоз ба сарф анҷомида, то он ки дар ин замон ба ин ҳусну услуб ва унвони марғубулқулуб акспазири оинаи инибоъ гардида, ба арсаи зуҳур расида. Ҳар қадар маболиғ ки дар тасҳеҳу таҳрир ва табъи ин Куллиёи Бедил сарф шуда, ҳамон қадар чун шоҳиди дилрабо зебову шигарф омада. Лиҳозо бо ҳамияти маҷмӯе ин маҷмӯи китобро ҳасби маншаи қонун санаи 1847 исавӣ дохили раҷастари инглисӣ гардонидам. То касе аз арбоби матобеъ ва аҳли тиҷорат инро давлати муфт ангошта билоиҷозати роқим ҷуръат дар табъи он нафармояд. Фақат алмуштаҳир Нуриддин ибни Ҷевохон мӯҳтамими матбаъи Сафдарӣ воқеи шаҳри Бамбай (Ниг. Куллиёти Бедил, Бамбай, матбаъи Сафдарӣ, 1299 ҳиҷрӣ).
Далели дигаре ки аз мавҷудияти нашри Сафдарии соли 1847 Куллиёти Бедил дарак медиҳад, тақризест ки бар нашри зикршудаи Сафдарии соли 1299 Куллиёти шоир навишта шудааст. Муаллифи тақриз мусаҳҳеҳи нашри мазкури куллиёт мавлавӣ Сироҷулҳаққи Толиб мебошад. Дар тақризи мазкур омадааст. “Аммо баъд бар арбоби хибрат ва басират махфӣ ва мӯҳтаҷиб мабод, ки дар ин айёми фарҳатинзимоми масарратилтиём ҷаноби Мухторшоҳ ибни Акбаршоҳи Кашмирӣ ва ҷаноби мулло Абдулҳаким ибни домуло Муҳаммадраҳими марғинонӣ аз ватани маълуфаи худ нусхаи интихоб ва китоби лоҷавоби мусаммо ба “Куллиёти Бедил” марқумаи аҳди мусанниф алайҳурраҳма барои фарҳати хавотири фусаҳо ва инбисоти замоири булағо ба таври ҳадя оварданд ва ба хидмати ҷаноби ҳашматинтисоб, фахри хонадон наққодаи дудмон, сироҷи корхонаи интибоъ, шамъи кошонаи беҳбуду интифоъ сардафтари тоҷирони олишон мулло Нуриддин ибни Ҷевохон молики матбаъи Ҳайдарӣ ва Сафдарӣ воқеи Бамбай муштоқона забони истидъо кушуданд, ки ин китобро тамома ва комила маъа изофаи мақомоти нусхаи шӯҳратёфтаи Ҳинд маҷмӯа ба таври гулдаста матбӯъ фармоянд, баҳори ҷадид ва оинаи қобили дид шуюъ намоянд. Назар ба он фармоиши ин ҳарду бузургон ва ба ҳусни саъйи мӯҳтамимон интизоми ин кор чунон ба анҷом расид, ки назираш илал – он дида нашуда” (Ниг.: Куллиёти Бедил, Бамбай, матбаъи Сафдарӣ, 1299 ҳ. Бахши қасоид ва муқаттаот, саҳ. 69-70).

пешина
аз 250
навбатӣ