ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Шакарлабон дили бераҳм дар камин доранд,
Бутони мо зи бурун лаълу аз дарун санганд.
Мулоимат зи тунукмашрабӣ дигаргун аст,
Ки шишаҳо чу дарандохтӣ ба ҳам, санганд.
Тилисми сурати худ бар бутон шикаст овард, Вагарна дайру ҳарам хоназоди як санганд.
Зи хомии самари навниҳол шиква макун,
Ки пухтагон ҳама баҳри шикасти худ санганд.
Аҳмади Ибрат:
Ба водии ту, ки вомондагони дилтанганд,
Зи ашки хеш равон ҳамчу чашма аз санганд.
Табассуми ту ба хун гаштанам муҳайё кард,
Дили ману лаби лаъли ту шишаву санганд.
Ба доми ҳуш наяфтанд ваҳшиёни ҷунун,
Агарчи ҷумла шароранд, фориғ аз санганд.
Ҷамоли кас чӣ хаёл аст бо ту санҷидан?
Ба оламе ки туӣ, дигарон чу посанганд.
Насаб ба санг расад гар фусурдатабъонро,
Ба арзи ҳавсала чун табъи хеш бесанганд.
Улуви мартаба, Ибрат, ҳусули иззатҳост,
Вагарна қатраву гавҳар шарори як санганд.
Дар куллиёти Бедил низ ғазале бо ҳамин вазну қофия мавҷуд аст, ки шояд, дар ҷавоби ғазали мазкури Носиралӣ эҷод шуда бошад. Бедил, ки бузургтарин шоири асри хеш буд, дар муқобили иддаъои Носиралӣ хомӯш нишастан наметавонист.
Ғазали Бедил ин аст:
Балокашони муҳаббат гули чӣ найранганд?
Шикастаанд ба ранге, ки олами ранганд.
Чи шишаву чи парӣ, хоназоди ҳайрати мост,
Ба орамидагии дил, ки бехудон санганд.
Зи айбпӯшии абнои рӯзгор мапурс,
Яке гар оинаи пардохт, дигарон занганд.
Фиреби сулҳ махӯр аз кушодарӯии халқ,
Ки тангҳавсалагиҳои арсаи ҷанганд.
Ба водие, ки талаб норасои мақсади ӯст,
Баҳуш бош, ки манзилрасидагон ланганд.
Навои пардаи бетобии нафас ин аст,
Ки офиятталабон сахт ғафлатоҳанганд.
Ту ҳар шикаст ки хоҳӣ, ба дӯши мо барбанд, Вафосиришта ҳарифон табиъати ранганд.
Зи ваҳм бар сари минои худ чӣ меларзӣ?
Шунав зи шишагарон, дар шикастани санганд.
Ба бастани мижа анҷоми кор шуд маълум,
Ки оби оинаҳо ҷумла тӯъмаи занганд.
Ҳубоб ним нафас бо нафас намесозад,
Зи худ тиҳишудагон бар худ ин қадар танганд.
Зи халқ он ҳама бегона нестӣ, Бедил,
Ту ҳарзафикриву ин қавм олами банганд.
Тавре ки дар оғози ин мақола тазаккур додем, бо вуҷуди он, ки навиштаи Шералихон аз назари худи Бедил гузаштааст, баъзе ҷиҳатҳои маълумоти ӯ қобили қабул шуда наметавонанд. Навиштаи ӯ дар бораи сабаби хидмати Аъзамшоҳро тарк намудани Бедил аз ҳамин ҷумла аст. Шералихон дар ин бора навиштааст: «Рӯзе дар маҷлиси шоҳзода (Аъзамшоҳ – Б.Р.) зикри шуъарои аср дар миён омад. Яке аз муқаррабон ба арз расонид, ки билфеъл дар Шоҳиҷаҳонобод, балки дар аксар саводи Ҳиндустон беҳтаре аз Мирзо Абдулқодири Бедил, ки дар силки мулозимони саркор мунсалик аст, нахоҳад буд. Шоҳзода гуфт:
Бигӯед, ки қасидае дар мадҳи мо иншо кунад, то зӯри табъаш маълум намуда, ба изофаи мансаб ва тақарруб сарфароз намоем. Ин хабар ба Мирзо расид. Филҳол ба бахшии саркор рафта, истеъфои мансаб кард. Ҳарчанд дӯстон маслиҳат дар он диданд, ки қасида дар мадҳи шоҳзода тавон гуфт, қабул накард ва тарки мансаб намуд. Аз ин ҷост, ки дар девонаш як байт мадҳ дохил нест».
Ин ақида, чунон ки хоҳем дид, чи дар тазкираҳои баъдина ва чи дар адабиёти илмӣ ё айнан ва ё мазмунан такрор шудааст. Вале он беасос ва аз воқеият дур аст. Аъзамшоҳ аз шоир будани Бедил ба хубӣ огаҳ буд ва Бедил низ дар мадҳи ӯ як қасида ва чанд ғазалу қитъа эҷод кардааст. (Ниг.: Куллиёти Бедил, ҷилди 2, с. 104, 143). Воқеаи тарки хидмат намудани Бедил сабабҳои дигар дорад, ки дар ин бора ҳангоми баррасӣ аз маълумоти Хушгӯ таваққуф хоҳем кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё