Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Пас аз хондани пораи мазкури тақриз суоле ба миён меояд, ки мурод аз “нусхаи шӯҳратёфтаи Ҳинд” кадом нусхаи Куллиёти Бедил аст? Албатта, ин нусха нусхаи хаттӣ нест.
Зеро ғайри имкон аст, ки ин ё он нусхаи хаттӣ дар тамоми Ҳиндустон маълуму машҳур гардад. “Нусхаи шӯҳратёфтаи Ҳинд” нашри дар он солҳо муравваҷи Куллиёти шоир, яъне нашри Лакҳнав ё нашри Конпур низ набояд бошад. Зеро ин нашр нашри хеле мухтасар буда, ҳамагӣ чор асари шоир – “Никот”, “Руқаот”, мунтахаби девони ғазалиёт ва “Чорунсур”, дарбар кардааст. Нусхаи шӯҳратёфтаи Ҳинд нисбат ба нусхаи хаттии тоҷирони мазкур бузургтар бояд бошад. Зеро тоҷирон аз Нуриддин ибни Ҷевохон хоҳиш кардаанд, ки нусхаи эшонро “тамома ва комила маъа изофаи мақомоти нусхаи шӯҳратёфтаи Ҳинд” ба чоп расонад. “Нусхаи шӯҳратёфтаи Ҳинд” нусхаест, ки он ба Нуриддин ибни Ҷевохон беиртибот нест. Ба ақидаи мо, мурод аз ин нусха ҳамон нашри Сафдарии соли 1847 Куллиёти Бедил аст. Тоҷирони мазкур барои нашри нусхаи хаттии хеш беҳуда ба Нуриддин ибни Ҷевохон муроҷаъат накардаанд. Онҳо медонистанд, ки ин шахс пеш аз ин ҳам Куллиёти Бедилро ба табъ расонидааст. Аз ин рӯ, нусхаи хаттии дар ватани худ ба даст овардаро, ки ба қавли онҳо, нусхаи ақди муаллиф будааст, маҳз ба ӯ таслим намуданд. Нусхаи хаттии тоҷирони мазкур, зоҳиран, нусхаи комил набудааст, ки онҳо аз Нуриддин ибни Ҷевохон хостаанд, ки онро аз ҳисоби нусхаи шӯҳратёфтаи Ҳинд, яъне нашри Сафдарии соли 1847, такмил дода, чоп намояд.
Суоле ба миён меояд, ки дар сурати комилтар будани нусхаи чопии соли 1847 чаро ҳамин нусха такроран чоп карда нашудаасту нусхаи ноқиси тоҷирон бо такмилу иловаҳо ба чоп расидааст? Сабаби ин тавр сурат гирифтани кор, зоҳиран, он буда, ки нусхаи хаттии тоҷирони мазкур нусхаи қадим, ба қавли худи онҳо, нусхаи аҳди муаллиф будааст. Тоҷирони мазкур онро маҳз ба хотири қадим буданаш ба Бамбай бурда, ба дасти чоп супоридаанд.
Нусхаи тоҷирони мазкур, агар воқеан, аз ҳисоби нусхаи шӯҳратёфтаи Ҳинд такмил ёфта, ба табъ расида бошад, пас ҳарду нашри куллиёт, ҳам нашри соли 1847 ва ҳам нашри соли 1882 (1299 ҳиҷрӣ) аз нигоҳи кайфияту камият тахминан якхела бояд бошанд. Ба таъбири дигар гӯем, нашри Сафдарии соли 1847, ки алҳол нопайдо ва номаълум аст, чи аз ҷиҳати ҳаҷм ва чи аз ҷиҳати дарбар кардани анвоъи шеърӣ ба нашри Сафдарии соли 1882 монанд ё худ баробар бояд бошад.
Нашри Сафдарии соли 1847-ро агар аввалан нашри Куллиёти Бедил ҳисоб кунем, пас нашри дуввуми он Куллиёти мухтасарест, ки дар соли 1287 ҳиҷрӣ мутобиқ ба соли 1871 милодӣ дар Лакҳнав, дар матбаъи муншӣ Нувил Кшур ба табъ расидааст. Ҳамин нашр такроран бе ҳеҷ гуна илова ва тағйирот дар соли 1292 ҳиҷрӣ мутобиқ ба соли 1875 милодӣ дар Конпур низ чоп шудааст.
Нашри Лакҳнав, чунон ки гуфта шуд, мухтасари Куллиёти Бедил аст ва он ҷамъан чор асари шоир – “Никот”, “Руқаот”, мунтахаби девони ғазалиёт ва “Чорунсур”-ро дарбар дорад. Азбаски ин нашри куллиёт бо “Никот”-и шоир оғоз меёбад, дар баъзе феҳристҳо бо номи “Никоти Бедил” низ ёд шудааст. Ношири ин нашр, зоҳиран, Муҳаммаданвори Таслим ном шоир аст. Ин нашри Куллиёт дорои баъзе мушаххасотест, ки дар дигар нашрҳои он ба назар намерасанд. Яке аз он мушаххасот ин аст, ки “Никот” ва “Ишороту ҳикоёт” номи асарҳои шоир ҳамчун як асар дар якҷоягӣ дарҷ гардидаанд. Хусусияти дигари ин нашр ин аст, ки “Руқаот” дар ин ҷо бо шарҳу тавзеҳоти нисбатан муфассал ба табъ расидааст. Асари дигари шоир “Чорунсур” низ бо як маводи иловагӣ аз нашрҳои дигар фарқ мекунад. Дар охири унсури саввуми ин асар пораи насре илова шудааст, ки дар нашрҳои дигари он дида намешавад. Ин пораи наср, агарчи дар баъзе нусхаҳои хаттии асар, аз ҷумла дар нусхаи № 107 Институти шарқшиносии АИ Россия низ мавҷуд аст, вале дар асл ба “Чорунсур” иртиботе надорад. Ин пора муқаддимаи девони қадими Бедил аст, ки дар ин ҷо иштибоҳан ҷой дода шудааст. Дар хусуси ин муқаддима ниг. ба мақолаи “Муқаддимаи девони Бедил” дар ҳамин маҷмӯа) Тафовути назарраси ин нашри куллиёт аз дигар нашрҳо боз дар он аст, ки девони ғазалиёти дохили он ба нашрҳои дигари девон ва нусхаҳои хаттии он монанд нест.

пешина
аз 250
навбатӣ