ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Муаллифи феҳристи нусхаҳои хаттии китобхонаи Индия Оффис Ҳерман Эте навиштааст, ки ин нашр нашри девони қадими Бедил аст. Яке аз нусхаҳои хаттии девони қадими шоир, чунон ки Эте шаҳодат медиҳад, дар китобхонаи Индия Офиси Лондон маҳфуз мебошад.
Умумияте, ки байни нусхаи хаттии девони қадим ва девони дохили Куллиёти нашри Лакҳнав мавҷуд аст, ин аст, ки ҳардуи онҳо бо як ғазал оғоз меёбанд. Матлаи ғазал ин аст:
Нафас ошуфта медорад чу гул ҷамъияти моро, Парешон менависад килки мавҷ аҳволи дарёро.
Аммо дар баробари ин умумият тафовутҳои ҷиддие байни ин ду нусха мавҷуд аст. Яке аз тафовутҳо ин аст, ки девони нашри Лакҳнав нисбат ба нусхаи хаттии девони қадим хеле хурд аст. Нашри Лакҳнав ҳамагӣ аз 2754 байт иборат аст. Дар ҳоле ки нусхаи хаттии девони қадим, бино бар тавсифи Этте, наздик ба 9000 байт аст. Ҳамчунин, муқаддимаи мансуре, ки дар нусхаи хаттии девони қадим мавҷуд аст, дар нусхаи чопӣ дида намешавад.
Аз ҷиҳати дарбар кардани анвои шеърӣ низ ин нусхаҳо аз ҳамдигар фарқ доранд. Нусхаи хаттӣ, бино бар навиштаи Этте, аз ғазалу қасида ва рубоӣ иборат бошад, нусхаи чопӣ ҳовии танҳо ғазал мебошад. Гузашта аз ин, дар нусхаи чопӣ дар радифи баъзеи ҳарфҳо масалан, ҳарфҳои “х” ва зол, ғазал умуман вуҷуд надорад. Лекин бо вуҷуди ин тафовутҳо нусхаи чопӣ ва нусхаи хаттии девони қадим ду чизи ба ҳам бегона нестанд. Баъзе мушаххасоте, ки дар нусхаи чопӣ мавҷуданд, имкон медиҳанд тахмин намоем, ки нусхаи чопии нашри Лакҳнав мунтахаби ғазалиёти девони қадим аст. Зеро чунон ки гуфтем, ин нашри девон бо баъзе хусусиятҳояш аз нусхаҳои хаттӣ ва чопии то кунун ба мо дастрасшудаи девони умумии Бедил фарқ дорад. Девони умумӣ гуфта мо девонеро дар назар дорем, ки бо истиснои рубоиёти шоир, ки девони алоҳида аст, тамоми ашъори лирикии ӯро дарбар дорад, ҳам ашъори лирикии девони қадимро ва ҳам ашъори лирикии пас аз тадвини девони қадим эҷодшударо.
Он хусусиятҳое, ки нашри лакҳнавии девони Бедилро аз нашрҳои дигари он фарқ кунонидаанд, кадомҳоянд?
Яке аз он хусусиятҳо ин аст, ки дар ин ҷо баъзе байтҳо ва ҳатто баъзе ғазалҳо дар вариантҳои дигар дарҷ гардидаанд. Ба назар чунин мерасад, ки қисме аз ғазалҳои ин нашр баъдҳо аз тарафи худи шоир таҳриру тасҳеҳ шудаанд. Зеро он байтҳову он ғазалҳо дар нашрҳои дигари девон дар шаклҳои суфтатару равонтар садо медиҳанд. Барои мисол чанд байтро ҳам аз нашри Лакҳнав ва ҳам аз нашри кобулии Куллиёт нақл менамоем ва ба тафовутҳои ҷиддии байни вариантҳо диққат медиҳем.
Дар нашри Лакҳнав:
Баҳри ақлам, печутоби фикр гирдоби ман аст, Шӯриши табъи баланд амвоҷи бетоби ман аст.
Дар нашри Кобул:
Баҳри розам, печутоби фикр гирдоби ман аст, Шӯхии табъи расо амвоҷи бетоби ман аст.
Чунон ки мебинем, ба ҷои таъбири “баҳри ақл”-и нашри Лакҳнав дар нашри Кобул таъбири “баҳри роз” омадааст ва ибораи “шӯриши табъи баланд”
-и нашри Лакҳнав дар нашри Кобул дар шакли “шӯхии табъи расо” дарҷ гардидааст. Ба шахси андаке аз шеъру шоирӣ огаҳ маълум аст, ки ибораҳои “баҳри роз” ва “шӯхии табъи расо” табиитару равонтар ба гӯш мерасанд. Аз ин рӯ, гумон кардан душвор аст, дар нашри Лакҳнав ба ҷои ин ибораҳо омадани таъбирҳои “баҳри ақл” ва “шӯхии табъи баланд” бо айби котиб рух дода бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё