ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Дар ин ҷо асари таҳрир ва тасҳеҳи худи муаллиф ошкору ҳувайдост.
Дар нашри Лакҳнав:
Аз хаёли ҷилваи ғайри ту то бастам назар, Ҳамчу мижгон ҳарду оламро задам дар якдигар.
Дар нашри Кобул:
Аз ғубори ҷилваи ғайри ту то бастам назар, Чун сафи мижгон ду олам маҳв шуд дар якдигар.
Дар ин ҷо низ калимаи “хаёл” ба “ғубор” иваз шуда, мисраи дуввум саропо тағйир ёфтааст, яъне он суфтатару хушгуфтор баромадааст. Дар мавриди “хаёл” ва “ғубор” гуфтан лозим аст, ки “ғубор” аз “хаёл” беҳтару саҳеҳтар мебошад. Зеро аввал ин, ки аз ҷилва ғубор бармехезад, на хаёл, сониян, назарро аз ғубор мебанданд, на аз хаёл.
Дар нашри Лакҳнав:
Ба сурат Бедилем, аммо ба маънӣ
Бувад чун хӯша сар то пои мо дил.
Дар нашри Кобул:
Ба сурат Бедилем, аммо ба маънӣ
Бувад чун ашк сар то пои мо дил.
Дар ин байт низ табдили калимаи “хӯша” ба “ашк” иштибоҳи котиб ё амри тасодуф нест, балки таҳрири бошуурона аст.
Аз ҷумлаи байтҳои таҳрирхӯрдаи Бедил чанд мисоли дигарро зикр намуда, муқоясаи онҳоро ба худи хонандаи гиромӣ ҳавола менамоем.
Дар нашри Лакҳнав:
То гули маҳрумӣ аз гулзори васлат чидааст, Ҳамчу шамъи кушта дар чашмам нигаҳ хобидааст.
Дар нашри Кобул:
То зи оғӯши видоят доғи ҳайрат чидааст,
Ҳамчу шамъи кушта дар чашмам нигаҳ хобидааст.
Дар нашри Лакҳнав:
Мефизояд қадри дил, аз шарм чун мегардад об, Аз ҳаё оинаи моро фузун мегардад об.
Дар нашри Кобул:
Бе камоле нест дил аз шарм чун мегардад об, Аз арақ оинаи моро фузун мегардад об.
Дар нашри Лакҳнав:
Донаи тасбеҳ бошад ғунчаи ин шохсор,
Гар кунад аз боғи куфрам шухии зуннор гул.
Дар нашри Кобул:
Субҳа резад ғунчаи кайфияти ин шохсор,
Гар кунад дар боғи куфрам риштаи зуннор гул.
Дар нашри Лакҳнав:
Ба ранги лола дар боғи шаҳодат
Зи нақди доғ дорад хунбаҳо дил.
Дар нашри Кобул:
Ба ранги лола нақди дигарам нест,
Магар аз доғ хоҳад хунбаҳо дил.
Дар охир тазаккур додан лозим аст, ки Куллиёти нашри Лакҳнав аз баъзе нуқсону норасоиҳо низ холӣ нест. Яке аз ин нуқсонҳо иштибоҳест, ки дар ҳошияи саҳифаи 117 “Руқаот” дар мавриди як порчаи шеърӣ ба амал омадааст. Ин порчаи шеърӣ замимаи номаест, ки Бедил ба Шукруллоҳхону Шокирхон ном дӯстони худ ирсол кардааст. Шоир дар ин нома, аз ҷумла, навиштааст: “Қитъаи “Муҳити аъзам”, ки ба тозагӣ чеҳракушост, узри тақсири безабониҳо хоҳад хост”.
Мурод аз “қитъаи “Муҳити аъзам” ҳамон пораи шеърест, ки замимаи номаи мазкур шудааст. Ва ин пораи шеър ҷузъе ё худ қитъае аз маснавии шоир “Муҳити аъзам” аст.
Муаллифи матни ҳошияи “Руқаот”, зоҳиран, аз маснавии мазкур хабар надоштааст, ки ибораи “Муҳити аъзам”-ро чунин тавзеҳ додааст: “Муҳити аъзам”, шояд, ки номи қитъа, таснифи роқими хат (мактуб – Б.Р.) бошад”
.
Иштибоҳи дигаре, ки дар нашри лакҳнавии Куллиёт ба чашм мерасад, дар мавриди адресати номае бо номи “Ба Қобилхони муншӣ” рух додааст. Фарқи ин иштибоҳ аз иштибоҳи аввал дар он аст, ки ин иштибоҳ бо айби муаллифи матни ҳошия рух надода, балки аз нусхаҳои хаттии “Руқаот” ба ин нашр гузаштааст. Гап дар сари он аст, ки дар баъзе нусхаҳои хаттии “Руқаот”, чунончи, дар нусхаи № 2559 Институти шарқшиносии АИ Тоҷикистон ва нусхаи № 822 Китобхонаи миллии Тоҷикистон пас аз унвони номаи “Ба Қобилхони муншӣ” ин ҷумла ба ҳайси ташреҳи унвон зикр гардидааст: “Бидон, ки ин руқъа дар ҷавоби ҳасбуламри талаби Аъзамшоҳ аст, ки навишта буд, ки касеро, ки ҳақ таолло саломати ҳавосу қиво бахшида бошад, инзиво сохтан куфрони неъмат аст”.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё