ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Ана ҳамин илова дар Куллиёти нашри Лакҳнав низ роҳ ёфтааст. Тафовут танҳо дар ин аст, ки иловаи мазкур дар нусхаҳои хаттӣ дар садри нома омадаасту дар нашри Лакҳнав дар ҳошия.
Аммо, чунон ки гуфтем, ин илова иштибоҳи котибони баъзеи нусхаҳои хаттии “Руқаот” мебошад. Номаи “Ба Қобилхони муншӣ” ба Аъзамшоҳ умуман дахл надорад. Дар ин нома дар хусуси Аврангзеб ва таваҷҷӯҳи ӯ нисбат ба Бедил сухан рафтааст, на дар бораи Аъзамшоҳу муносибаташ ба шоир.
(Дар ин бора ниг. ба мақолаи “Роҷеъ ба як номаи Бедил” дар ҳамин маҷмӯа).
Нашри саввуми Куллиёти Бедил нашрест, ки дар оли 1929 ҳиҷрӣ мутобиқ ба 1875 милодӣ дар матбаъи Мушн Нувил Кшури шаҳри Конпур ба табъ расидааси. Ин нашр такрори айнии нашри баррасишудаи Лакҳнав мебошад. Аз ин рӯ, ҳар чӣ ки дар хусуси нашри Лакҳнав гуфта шуд, ба нашри Конпур низ дахлдор аст.
Нашри чоруми Куллиёти Бедил нашри Ҳасании Бамбай мебошад. Ин нашр низ аз ҷумлаи нашрҳои мухтасари осори шоир буда, девон, “Никот”, “Ишороту ҳикоёт” ва маснавии “Муҳити аъзам”-ро дар бар дорад. Нашри Ҳасанқ дар соли 1292 (1875) ба эҳтимоми Қозӣ Иброҳим ибни Қозӣ Нурмуҳаммад дар чопхонаи Ҳасании Бамбай ҳуллаи табъ пӯшидааст.
Муаллифи хотимаи табъ ва қитъаи таърихи табъ Муҳаммад Саломуллоҳи Ромпурӣ ном шахс аст, ки дар хотимаи табъ, аз ҷумла, чунин нигоштааст: “Маҷмӯаи зебо ва гулдастаи раъно, яъне назму насри Бедил мусаммо ба “Девон ва Никоти Бедил маъа маснавии “Муҳити аъзам” ва дигар ҳикоёту ишорот мутааллиқа ба “Никот” равнақи табъ пазируфт”.
Матни маснавии “Муҳити аъзам” чун дигар нашрҳои сангии он дар ин ҷо низ аз ду ҳазор байт андаке бештар аст.
Панҷумин нашри Куллиёти Бедил нашри маъруфи Сафдарист, ки дар соли 1299 ҳиҷрии қамарӣ мутобиқ ба соли 1882 милодӣ дар Бамбай ба табъ расидааст. Тавре ки гуфа шуд, ношири ин нашри Куллиёт Нуриддин ибни Ҷевохон ном тоҷир аст. Мусаҳҳеҳони он мавлавӣ Сироҷулҳаӣ ибни қорӣ Нурулҳаққи Толиб ва мавлавӣ Муҳаммадисҳоӣ ибни мавлавӣ Абдулмалик мебошанд. Дар тасҳеҳ ва мулоҳазаи ин табъи Куллиёт мавлавӣ сайид Ғулом Мустафои Илоҳободӣ ва мавлалавӣ Иноятуллоҳ ном донишмандон низ иштирок намудаанд.
Ба ин нашри Куллиёт ду тақриз илова шудааст. Яке ба қалами мусаҳҳеҳи китоб Сироҷулҳаққи Толиб тааллуқ дораду дигаре ба қалами Ҳасаналӣ ибни Солеҳмуҳаммади Мадрасӣ. Хотимаи табъро низ шахси охируззикр навиштааст.
Тавре ки муқарризони мазкур навиштаанд, асоси нашри Сафдарии Куллиёт нусхаи хаттие будааст, ки ду нафар тоҷир бо номҳои Мухторшоҳ ибни Акбаршоҳи кашмирӣ ва Абдулҳаким ибни Муҳаммадраҳими марғенонӣ аз ватани маълуфи худ ба Ҳиндустон бурда будаанд.
Ватани маълуфи тоҷирон кадом мамлакат ё кадом шаҳр аст,
- аз тақризҳои мазкур маълум намегардад. Нусхаи хаттӣ, ғолибан аз ягон шаҳри Мовароуннаҳр ба Ҳиндустон бурда шудааст. Нусхаи хаттии мазкур, чунон ки дар ибтидои мақола гуфтем, нусхаи комили Куллиёт набудааст. Аз ин рӯ, аз ҳисоби нусхаи шӯҳраёфтаи Ҳинд, яъне нашри Сафдарии соли 1847 Куллиёи Бедил мукаммал гардонида шудааст. Дар кори такмил ва пурра сохтани ин нашри Куллиёт илова бар нусхаи хаттии тоҷирон ва нашри Сафдарии соли 1847 манбаъҳои дигар низ истифода шудаанд. Ба дурустии ин фикр гуфтаҳои муаллифи хотимаи табъ гувоҳӣ медиҳанд. Ӯ менависад: “Аввалан, манқулинанҳ (нусхае ки асоси нашр будааст
– Б.Р.) нусхаи саҳеҳа буд, сониян, ба ҳар диёре ки каломи Бедилро ёфтанд, фароҳам оварданд”.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё