ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Хаттотоне ки нусхаи куллиётро барои чоп омода сохтаанд, се нафаранд. Яке Ҳабибуллоҳ ибни Азизи Шерозӣ, ки ғазалиёт, “Муҳити аъзам”, “Тилисми ҳайрат”, “Чорунсур”, “Никот” ва “Ишороту ҳикоёт”-ро китобат кардааст. Дигаре Нисораҳмад ибни Ҳофиз Ниёзаҳмади Барелавӣ, ки китобати рубоиёт ва “Руқаот”-ро ба анҷом расонидааст. Саввум Мирзо Сайидалихони Ҳусайнӣ, ки бахши қасоиду қитъаот, тарҷеъбанду таркиббанд ва маснавиҳои кӯчаке чун “Сифати шамшер”, “Сифати фил” ва “Танбеҳулмуҳаввисин”-ро рӯйнавис кардааст.
Дар поёни маснавиҳои “Ирфон” ва “Тури маърифат” номи котиб зикр наёфтааст.
Котибони ин ду нусха низ аз ҷумлаи се нафари мазкур бояд бошанд. Тавре ки аз ишораҳои котибон ва муаллифи хотимаи табъ бармеояд, кори китобат ва табъи Куллиёт ҳамагӣ 8 моҳ – аз зулҳиҷҷаи соли 1298 то раҷаби 1299 давом кардааст. Куллиёт 5 раҷаби 1299 ба табъ расидааст. Муаллифи яке аз тақризҳои Куллиёт Ҳусайналӣ ибни Солеҳмуҳаммади Мадрасӣ дар таърихи табъи он қитъаи зеринро навиштааст:
Ин Куллиёти Бедил бар ҳасби хоҳиши дил
Чун шуд тамому комил бо ҳусни сайъи оҷил,
Таърихи он ҳамон дам омад чунин ба табъам:
“Матбӯъи ҳарду олам шуд Куллиёти Бедил”.
Нашри Сафдарии Куллиёт, бар хилофи нашрҳои Лакҳнав ва Ҳасании Бамбай, матни нисбатан комили осори Бедилро дарбар кардааст. Бино бар феҳристе, ки дар охири Куллиёт дарҷ гардидааст, он бояд ҳовии асарҳои зерин бошад:
- Дебочаи Куллиёт. 2. Ирфон, 3. Тури маърифат, 4. Никот, 5. Ишороту ҳикоёт, 6. Руқаот, 7. Чорунсур, 8. Муҳити аъзам, 9. Тилисми ҳайрат, 10. Ғазалиёт, 11. Рубоиёт, 12. Қасоид, 13.
Қитъаот ва қитъаҳои таърихӣ, 14. Таркиботу тарҷеот, 15. Ташбеҳот ва тамсилот. Ба истиснои асари охирин, яъне “Ташбеҳот ва тамсилот” боқӣ ҳамаи асарҳои номбаршуда дар дохили куллиёт мавҷуданд. Тафовут танҳо дар ин аст, ки қитъаву қитъаҳои таърихӣ ва таркиботу тарҷеъот дар алоҳидагӣ нею дар таркиби бахши қасоид омадаанд. Ин бахши куллиёт бо номи “Қасоиди фуюзи авоид маъа таърихи нури фавоид” дарҷ гардидаанд. Дар ин бахш, илова бар қасидаву қитъа ва таркиббанду тарҷеъбанд анвои дигари шеърӣ – ғазал, рубоъӣ ва чанд маснавии кӯчак низ мавҷуд мебошанд. Маснавиҳои кӯчак инҳоянд: Маснави дар сифати даҳону дандон (7 байт), маснавӣ дар сифати шамшер (15 байт), маснавӣ дар мазаммати кимиё ва кимиёгарон (210 байт), маснавӣ дар таърифи фил (100 байт). Дар ин бахши куллиёт чандто чистону муъаммо низ мавҷуд аст.
Ягона асаре ки дар феҳрист номбар шудаасту дар таркиби куллиёт дида намешавад, чунон ки гуфтем, “Ташбеҳот ва тамсилот” аст. Гуфтан лозим аст, ки ин асар умуман вуҷуд надорад.
Дар феҳристи куллиёт зикр ёфтани номи он иштибоҳ аст. (Дар ин бора нигар ба мақолаи “Ташбеҳоту тамсилом ё номе бенишон”).
Чунон ки гуфташуд, нашри Сафдарии куллиёт маъруфтарин ва муравваҷтарин нашри осори Бедил аст ва беш аз сад сол мешавад, ки мавриди мутолиа ва омӯзишу истифодаи хонандагону муҳаққиқони Бедил қарор дорад. Аз рӯи ин нашр чандин нусаи хаттӣ низ истинсох шудааст. Яке аз он нусхаҳо нусхаи № 17 Институти шарқшиносии АИ Россия мебошад (Дар ин бораи ниг. Ба мақолаи “Чанд сухан дар бораи баъзе нусхаҳои хаттии осори Бедил”). Тавре ки ишора шуд, афзалият ва бартарии ин нашр нисбат ба се нашри пешин, пеш аз ҳама, дар мукаммалӣ ва фарогирии қариб ҳамаи асарҳои шоир аст. Дар ин ҷо бо тамоми асарҳои асосии Бедил дучор омадан мумкин аст. Гузашта аз ин, баъзе асарҳои шоир дар ин нашр дорои бартариҳое мебошанд, ки нашрҳои дигар ба назар намерасанд. Масалан, дар дохили “Руқаъот”-и ин нашр 31 нуктаи шоир дарҷ гардидааст, ки 20-тои онҳоро на дар “Никот”-и ӯ пайдо мекунему на дар “Чорунсур”. Бист нуктаи мазкур ҳатто ба нашри кобулии куллиёти ӯ низ дохил нашудаанд. (Дар ин бора ниг. ба мақолаи “Никоти Бедил”).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё