Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар руқаъоти ин нашр, илова бар 31 нуктаи зикршуда, чанд маводи “бегона”-и дигар низ дида мешавад, ки пеш аз матни асосии аслии асар ҷойгир шудаанд. Ин маводҳо иборатанд аз ду муқаддимаи мансур ва як натиба дар таъриф ва таърихи бунёди мадрасае бо номи “Зовияи азизия”.
Аз муқаддимаҳо яке дебочаи баёзест, ки муаллиф номашро сареҳин зикр накардааст.
Бахши асосии он бо ҷумлаҳои зерин оғоз меёбад: “Аммо баъд ин маҷмӯъа маҷмаъест ороста ба ҷилваи шоҳидони сародиқи таҳқиқ ва ин ҷунг ганҷе пероста ба ҷавоҳири асрори ғавомизи тадқиқ. Мутолаъаи ҳар ҳарфаш миқалаест, ки то ба фаҳми он расӣ, занге ҷаҳл аз оинаи идрок зудудаӣ ва мушоҳадаи ҳар сафҳааш оинае, ки то муқобили ӯ шақӣ, чашм бар ҳақиқат кушудаӣ. Баёзаш ба сафои ботини аҳли тавҳид менозад ва саводаш сурмаи басирати арбоби дида мепардозад”.
Мураттибони нашри кобулии куллиёти Бедил ба ин муқаддима “Дебоча бар маҷмуъае аз малфузоти урафои уззом” ном ниҳодаанд. Мурод аз “маҷмуъае аз малфузоти урафои уззом” рисолаест дар масоили гуногуни тасаввуф, ки Бедил дар унсури дуввуми “Чорунсур” аз он ёд кардааст. Бино бар гуфтаи Бедил рисола аз суханони орифони машҳури гузашта иборат будааст ва Бедил онро бо тавсияи устодаш Шоҳқосими Ҳувваллоҳӣ мутолаа карда, нусхаеро аз он барои худ истиснох намудааст. Ва дар охири нусхаи худкитобаткарда қитъаи тӯлоние дар таърифи он нигоштааст. Аз мазмуни умумӣ ва баъзе ҷумлаву ибораҳои муқаддима бармеояд, ки он, гӯё, дебочаи рисолаи мазкур бошад. Аммо дар назар доштан лозим аст, ки Бедил ду баёзи ашъор низ дорад. Аз он баёзҳо яке маҷмӯаи шоҳбайтҳост аз ғазалиёти худи ӯ, дигар баёзест, ки шоир аз осори шоирони пешин ва муосирони худ тартиб додааст. Аз мавҷудияти баёзи аввал шогирди Бедил Биндробандоси Хушгӯ (ваф. 1757) хабар дода бошад ҳам нусхае аз он то кунун дастраси аҳли таҳқиқ нагардидааст. Аммо аз баёзи дуввум як нусха маълум аст, ки дар Музеи Британия нигоҳ дошта мешавад. Аз ин рӯ, муқаддимаи мазкур дебочаи яке аз ин баёзҳо низ буданаш мумкин аст.
Муқаддимаи дуввум дебочаи асарест бо номи “Таълифулаҳком”, ки Бедил онро дар асоси нусхаҳои муътабари илми рамл (фолбинӣ) мураттаб намуда будааст (Дар ин бора ниг. ба мақолаи “Баёзи Мирзо Бедил” дар ҳамин маҷмӯа).
Катибае, ки Бедил дар таъриф ва таърихи эъмори мадрасаи “зовияи азизия” навиштааст, аз ду бахш иборат мебошад. Бахши аввал таърифу тавсифи мадраса ва ситоиши бунёдгузори он шайх Аблулазизи Иззатро фаро гирифтааст. Аз ин бахши катиба бармеояд, ки мадраса бо номҳои “Маҳфили Иззат” ва “Зовияи азизия” ёд мешудааст. Бахши дуввум рубоиест ифодагари таърихи ба итмом расидани бином мадраса.
Инак, матни пурраи катибаро дар ин ҷо сабт менамоем: “Ин бунёди маърифатэҷод, ки пояи яқинпорояаш уруҷи нашъаи асрордонист ва фазои улумиқтизояш вузуҳи маонӣ, Осори пешгоҳи ҳақоиқпаноҳаш чун матлаи баёзи субҳ хуршедандуд ва сафои садри маорифқудраташ чун ҳуққаи гавҳари дил асроромуд. Дар сурати ғубори остон яксар ҷавҳари идрок болида ва дар кисвати сояи девор якқалам саводи маънӣ хобида. Дар дафотири эътибор мазомини ишораташ ба имои “Маҳфили Иззат” марқум ва бар алсинаи иштиҳор алфози ибораташ ба эзоҳи “Зовияи азизия” мавсум. Аз хок бардошта ҳиммати гардунқибобест ва бар фалак расонида таваҷҷӯҳи сурайёҷанобе, ки офтоб дар муқобили ламаоти фитраташ бо нуқаи зарра муғолата хӯрдӣ ва муҳит дар ҷанби тамаввуҷи ҳимматаш кори обрӯ ба қатрагӣ пеш бурдӣ. Гулшани иззат ба обёрии нисбати лақабаш тубиниҳоли мубоҳоти сарафрозӣ, оинаи азамат аз иқтибоси партави зоташ истиғнотимсоли ҷавҳари бениёзӣ.

пешина
аз 250
навбатӣ