ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Маснавӣ:
Зеби дебочаи китоби камол,
Ҷавҳари ифтихори маънии ҳол.
Уфуқи осмони олами дин.
Матлаи офтоби илми яқин.
Раҳматиқбол зоти ғуфронсадр,
Шайх Абулазиз иззатқадр.
Қаддаса-л-лоҳу сирра асрориҳи.
Басата-л-лоҳу файза анвориҳи.
То муаллими мактаби афлок камолтаълими талабаи арвоҳу аҷсом аст ва муршиди хонақоҳи фитрат маорифиршоди зумраи хавосу авом файзи ин ирфонкада донишомӯзи арбоби фасоҳат ва балоғат бод ва бинои ин фазлобод инқилоби таҷалҷули ҳаводис мебинад.
Рубоӣ:
Ин мадраса, к-аз файзи азал тозабиност,
Чун Каъба зиёратгаҳи арбоби сафост.
Азбаски ба дарси маънавӣ роҳнамост,
Таърихи бинои ӯ “мақоми фузало”-ст.
Ибораи “Мақоми фузало” моддаи таърих аст, ки ба соли 1092 ҳиҷрӣ қамарӣ (1681 милодӣ) баробар мебошад. Ин сана таърихи эъмори мадрасаи мазкур аст. Гуфтан лозим аст, ки таърихи вафоти Абдулазизи Иззат 1089 ҳиҷрист. Тафовути санаҳои вафоти Иззат ва эъмори мадраса нишон медиҳад, ки Иззат, ки бунёдгузори мадраса мебошад, то ба итмом расидани эъмори он аз олам гузаштааст.
“Руқаот”-и нашри Сафдарии Куллиёт дар баробари ин афзалиятҳо як норасоӣ низ дорад.
Ин норасоӣ он аст, ки аксари номаҳои Бедил дар ин ҷо беунвон дарҷ гардидаанд. Беунвонии номаҳо фаҳмидани маъноҳои онҳоро хеле душвор кардааст. Зеро мазмунҳои аксар номаҳои шоир дар унвонҳои онҳо зикр гардидаанд. Унвонҳои чанде аз номаҳо чунинанд: “Ба Шокирхон, ҳангоме ки аз Дакан аз подшоҳ барои фақир мулк гирифтанд. Агарчи фақир қабул накард, аммо шукри эҳсон ба ҷо овард”. “Ба Шукруллоҳхон, дар таваққуфи азми сафар, ки дарди чашм монеъ бууд”, “Ба шоҳ Аъзамшоҳ, ки ҳақиқати орзуи фақир дархостанд”, “Ба Шокирхон, ҳангоме ки Ҷаҳондоршоҳ эшонро ба ҳаровулии фавҷ баргузиданд Нурхони маҷҳул, ки иборати “ҷаннат”-ро ғалат ҳисоб карда буданд”, “Ба Чинқиличхонбаҳодур хони даврон дар мутолаъаи ашъори эшон ва ислоҳи он ва дохили девон намудан, ки пеши фақир гузошта буданд”.
Нашри Сафдарии Куллиёт дар муқояса бо нусхаҳои комили хаттӣ ва нашрҳои Кобулу Теҳрон норасоиҳои дигар низ дорад. Чунончи, дар ин нашр, ба истиснои чанд мухаммасе, ки дар “Никот” мавҷуд аст, бахши мухаммасот умуман дида намешавад. Яъне аксари мухаммасҳои шоир аз ин нашр берун мондаанд. Ҳамчунин маснавии “Сифати асп”, ки дар нусхаҳои хаттиву нашрҳои баъдинаи куллиёт мавҷуд аст, дар ин нашр дохил нашудааст.
Маснавии “Муҳити аъзам” низ чун дигар нашрҳои сангӣ дар ин ҷо низ ноқис аст. Ин маснавӣ дар ин ҷо 2050 байт дорад, дар ҳоле ки дар нусхаҳои хаттии комил ва нашрҳои Кобулу Дешанбеву Теҳрон аз 6 ҳазор байт бештар аст. Маснавиҳои “Тилисми ҳайрат” ва “Ирфон” низ комил нестанд. “Тилисми ҳайрат” нисбат ба нашри Кобул 10 байт ва нисбат ба нашри Душанбе 30 байт кам аст. Маснавии “Ирфон” низ нисбат ба нашрҳои Кобулу Теҳрон
14 байт камтар мебошад.
Ва ниҳоят, гуфтан лозим аст, ки дар нусхаҳои хаттӣ ва нашрҳои Кобулу Теҳрон бахшҳои гуногуни “Ирфон”, “Тилисми ҳайрат” ва “Тури маърифат” унвонҳои манзум доранд, яъне сарлавҳаҳои қисматҳои ҷудогонаи ин асарҳо дар шакли байтҳои алоҳида эҷод шудаанд. Дар нашри Сафдарии Куллиёт ин унвонҳои манзумро дида наметавонем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё