ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Дар охири бахши баррасӣ аз нашри Сафдарии Куллиёт гӯшрас кардан лозим аст, ки чанде аз муҳаққиқон, аз ҷумла устод Айнӣ ва Салоҳуддини Салҷуқӣ нисбат ба ин нашри Куллиёт назари мусбат надоранд. Ба ақидаи онҳо, дар нашри Сафдарии Куллиёт баъзе шеърҳои бегона низ дохил шудаанд. Гӯё, одамони манфиатдоре пайдо шуда, шеърҳои зиддимазҳабӣ навишта, бо номи Бедил иштиҳор додаанд ва ноширони чопи Сафдарӣ онҳоро моли Бедил пиндошта, ба Куллиёти ӯ дохил кардаанд. Чунончи, устод Айнӣ дар рисолаи маълум ва машҳури уд “Мирзо Абдулқодири Бедил” (Сталинобод, 1954) аз нусхаи аслии куллиёти шоир ва чигунагии нашри Сафдарии он сухан карда, дар ин бора чунин навиштааст: “Баъзе сохтакорони беинсоф барои ҳар гуна мақсадҳои фосид ба номи ин муутафаккири бузург (яъне Бедил – Б.Р.) порчаҳои шеърӣ сохтаанд ва содадилони шеърношинос порчаҳоро ба куллиёти ӯ даровардаанд”. “Сабаб ҳамин аст, ки,
- идома додааст устод Айнӣ,
- дар нусхаи куллиёти Бедил (нашри Сафдарӣ – Б.Р.) чизҳое даромадаанд, ки бо мулоҳиза ва муҳокимаи чуқуртар асари ин шоир набудани онҳо маълум мешавад”.
Ба ақидаи устод Айнӣ, рубоиёте ки дар ҳаҷви рофизиҳо гуфта шудаанд, аз ҷумлаи ҳамин гуна шеърҳои бегона мебошанд. “Дар чанд ҷои нусхаи чопии куллиёти Бедил, хусусан дар рубоиёт, – менависад устод Айнӣ, - ҳаҷви рофизиён аст. Ин ҳаҷвияҳо чунон беадабона тартиб ёфтаанд, ки шӯрапуштони кӯчагӣ ҳам аз гуфту шуниди ин гуна суханҳо шарм медоранд”.
Устод Айнӣ таъкид кардааст, ки роҳ ёфтани шеърҳои бегона ба куллиёти шоир ҳодисаи тасодуфӣ набуда, балки натиҷаи як қасди бад аст ва ин қасди бадро касоне кардаанд, ки дар низоъҳои мазҳабӣ манфиатдор мебошанд. - Чунон ки гуфтем, муаллифи рисолаи “Нақди Бедил” (Кобул, 1343) Салоҳуддини Салҷуқӣ низ дар ин бора ҳамфикри устод Айнӣ мебошад. Ӯ агарчи аз устод Айнӣ ном набурдааст, дар хусуси рубоиёти ҳаҷвии Бедил гуфтаҳои мазкури ӯро айнан набошад ҳам мазмунан такрор кардааст. Ӯ навиштааст: “Чун рубоиёти Бедил аз сатҳи ғазалиёти ӯ поинтар аст, гумон меравад ба дастае аз мардум орзуи он пайдо шудааст, ки дар рубоиёти ӯ мудохала кунанд. Ва ман баъзе рубоиёти ӯро мебинам, ки лаккаи тӯҳматест бар домани назоҳати сӯфиёнаи ӯ. Ва ин яке аз далоилест, ки ин гуна рубоиёти хориҷи маслаки ӯ аз худаш нест”.
Мурод аз “рубоиёти хориҷи маслак” рубоиётест, ки ба “баъзе мазоҳиб ва тавоиф тамос мекунанд”. Яъне муаллиф рубоиётеро дар назар дорад, ки дар мазаммати рофизиён эҷод шудаанд. Ба фикри муаллиф, ин гуна рубоиёт “дар мазмун ба боқии ашъори ӯ на ҳамоҳангӣ доранду на ҳамсибғаи баарзе аз услуби Бедил дар онҳо дида мешавад”.
Салоҳуддини Салҷуқӣ дар хусуси мудохалаи бегонагон ба рубоиёти Бедил ба тафсил сухан ронда аз овардани мисолҳо худдорӣ кардааст. Ва худдорӣ кардани ӯ як амри табиист.
Зеро дар манбаъ ё худ сарчашмаи фикри ӯ, яъне гуфтаҳои устод Айнӣ, низ ин гуна мисолро намебинем.
Бо он ки дар фазилати шеършиносии устод Айнӣ шакку шубҳае надорем, дар масъалаи ҳаҷвияҳои нашри Сафдарии Куллиёти Бедил бо ӯ ҳамфикр шудан наметавонем. Ин ҳаҷвияҳо, бидуни шак, ба қалами Бедил тааллуқ доранд. Тавре ки муҳаққиқи дигари Бедил Асадуллоҳ Ҳабиб дар мақолае бо номи “Бедилшиносӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ” (маҷаллаи “Адаб” Кобул, 1352, № 5-6) навиштааст, танқиди рофизиву хориҷӣ на танҳо дар рубоиёти Бедил, балки дар ашъори дигар, аз ҷумла дар таркиббанди ӯ низ ба назар мерасад. Таркиббанди шоирро дар аксар нусхаҳои хаттии осори ӯ, аз ҷумла дар қадимтарин нусхаи Куллиёташ, ки дар солҳои 1134-1136 ҳиҷрӣ (1721-1724) китобат шудаасту дар Китобхонаи оммавии шарқии Худобахш маҳфуз аст, дидан мумкин аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё