Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мазаммати рофизӣ дар чанд ҷои “Чорунсур” низ ба назар мерасад. Ва ниҳоят, худи шоир низ ба ин ҷиҳати эҷодиёташ ишораҳо кардааст. Чунончи, дар рубоие гуфтааст:
Чанде сайри мазоҳибам буд ҳавас,
Бо рафзию хориҷӣ задам ҳарза нафас.
Охир маълум шуд, ки дур аз манзил
Роҳрав пату баланд мебинаду бас.
Дар хусуси нашри Сафдарии Куллиёти Бедил ҳаминро илова кардан даркор аст, ки ин нашр аз ҷумлаи нашрҳои нисбатан саҳеҳи осори шоир аст. Бар хилофи баъзе нусхаҳои хаттӣ ва нашрҳои кобулию теҳронии Куллиёт дар ин нашр факти ҷой доштани ашъори бегона то кунун ба назар нарасидааст.
Нашри шашуми Куллиёти Бедил нашри чорҷилдаи Кобул аст, ки тайи солҳои 1341-1344 шамсӣ (1963-1966 м.) ба табъ расидааст.
Чунон ки гуфта шуд, кӯшиши дар Афғонистон чоп намудани Куллиёти Бедил бори аввал дар ибтидои асри ХХ, дар замони салтанати амир Ҳабибуллоҳон (1901-1919) ба миён омада буд. Дар он вақт бародари амири мазкур сардор Насруллоҳхон тасмим гирифта буд, ки бо эҳтимоми гурӯҳе аз адибону олимони Афғонистон матни комили Куллиёти Бедилро нашр кунонад. Натиҷаи нахустини ин ташаббус дар соли 1916 ба табъ расидани ҷилди аввали ғазалиёт гардида буд, ки дар борааш сухан ронда шуд. Мутаассифона, нашри осори шоир дар он замон идома наёфт. Бо сабаби марги бармаҳали сардор Насруллоҳхон чопи осори Бедил низ қатъ гардид. Тақрибан пас аз 50 соли ин воқеа масъалаи нашри Куллиёти Бедил дар Афғонистон бори дигар ба миён гузошта шуд. Бо ташаббуси вазири онвақтаи маориф дуктур Алӣ Аҳмади Пупал ин кор статуси расмӣ гирифт ва таҳияву тадвин ва тасҳеҳу муқобалаи Куллиёт бар ӯҳдаи шоир ва донишманди намоён Холмуҳаммади Хаста вогузошта шуд. Холмуҳаммади Хаста бо ҳамкориву ҳамдастии шоирон ва фозилони маъруф Абдулҳаққи Бетоб, Мирнаҷмиддини Ансорӣ Ҳофиз Нурмуҳаммади Каҳгадоӣ, Муҳаммаддовуди Ҳусайнӣ ва дигарон дар муддати чор сол таҳия ва тасҳеҳу муқобалаи Куллиётро ба итмом расонид ва чунон ки гуфтем, матни комили он дар солҳои 1341-1344 шамсӣ аз чоп баромад.
Ба маврид аст бигӯем, ки дар хусуси муҳтамим ва мусаҳҳеҳи нашри кобулии Куллиёти Бедил фикри ғалате мавҷуд аст, ки гӯё ин нашри Куллиёт бо саъйу кӯшиши устод Халилуллоҳи Халилӣ ба табъ расида бошад. Таъйиди ин фикри ғалатро дар нашри дуҷилдаи ғазалиёти Бедил ва нашри охирини Куллиёти ӯ, ки ҳарду ҳам дар Теҳрон ба амал омадаанд, дидан мумкин аст (Ниг.: Девони мавлоно Абдулқодири Бедили Деҳлавӣ. Бо тасҳеҳи устод Халилуллоҳи Халилӣ. Бо муқаддимаи Мансури Мунтазир, Чопи аввал, Теҳрон. 1363; Куллиёти мавлоно Абулмаонӣ Абдулқодири Бедили Деҳлавӣ. Ба тасҳеҳи Акбари Беҳдорванд ва Парвиз Аббосии Доконӣ, Ҷилди аввал Теҳрон, 1376, саҳ. 6).
Иштибоҳи мазкур дар баъзе таълифоти илмӣ низ роҳ ёфтааст. Чунончи, Муҳаммад Риёз дар мақолаи мазкур, ки муруре дар китоби устод Халилӣ “Файзи қудус” (Кобул) аст, навиштааст, ки устод Халилӣ то замони нашри “Файзи қудс” “соири осори Бедилро аз назар гузаронида буд ва куллиёти бас қутури назмунасри вайро омодаи чоп месохт”. Ин муаллиф таъкид кардааст, ки “мураттиби аслии ин куллиёт (куллиёти нашри Кобул – Б.Р.) ҳамоно устод Халилист”. (Ниг.: Ба маҷаллаи “Дониш” – фаслномаи ройзании фарҳангии Ҷумҳурии исломии Эрон. – Исломобод, 1366 № 16).

пешина
аз 250
навбатӣ