ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Сабаби ин иштибоҳ ба мундариҷаи Куллиёт ошно набудани муҳаққиқони мазкур мебошад. В-агарна бо тасҳеҳу муқобалаи Хаста нашр шудани куллиёт дар муқаддима ва хотимаи табъи он ки устод Халилӣ навиштааст, сареҳан зикр гардидааст. Устод халилӣ дар охири муқаддима бар ҷилди аввали куллиёт навиштааст: “Таваҷҷуҳи фозили арҷманд дуктур Мирнаҷмиддини Ансорӣ ва саъйи маликушуъаро устод Бетоб, ҳамкории хаттоти шаҳир сайид Муҳаммаддовуди Ҳусайнӣ, хоса эҳтимом ва масоъии ҷамила ва кӯшиши шабонарӯзии шоиру фозил ва хаттоту муҳаққиқи гиромӣ Холмуҳаммади Хаста, ки дар тасҳеҳу муқобалаи ин нусха (яъне ҷилди аввали куллиёт – Б.Р.) намудаанд, дархӯри тамҷид аст”.
Устод Халилӣ дар хотимаи табъи куллиёт ки дар поёни ҷилди чорум дарҷ аст, чунин навиштааст: “Кӯшиши хастагинопазири донишманди муҳаққиқи гиромӣ мавлоно Хаста, ки дар ин чор соли мутаволиян ранҷи тасҳеҳ ва муқобалаи ин маҷмӯъаи шарифаро ба худ ҳамвор намудаанд, шоистаи тақдир ва эҳтиром мебошад”.
Бо саъйу кӯшиши мавлоно Хаста чоп шудани куллиётро аз қайду шарҳи ҳавошии баъзе сафаҳоти худи куллиёт низ пай бурдан мумкин аст. Чунончи дар поварақи саҳифаи 101 “Руқаъот” дар мавриди номае, ки “Ба Хусайқулохон Баҳодур” унвон дорад, ҷумлаи зайлро хондан мумкин аст: “Хаста дар олами татаббуъ аз ихлосмандону шогирдони Бедил касеро ба номи Хусайқулихон суроғ надорад, магар Ҳусайалихон Баҳодур, ки бародари Абдуллоҳхони қутбулмулк аз содоти Борҳа ва вазири аъзами Фаррухсияр буд”.
Дар ҳошияи саҳ. 215 бахши қасоиду қитъаот дар хусуси яке аз муъаммоҳои Бедил ин ҷумларо мехонем: “Аз ин муъаммо фақир Хаста исми Алӣ” “истихроҷ намудаам, бад-ин тариқ”.
Ва ниҳоят, омодагӣ ба нашри Куллиёти Бедил дар Кобул ва бар ӯҳдаи Холмуҳаммади Хаста гузошта шудани ин кор дар адабиёти илмӣ низ акс ёфтааст (Ниг.: ба маҷаллаи “Китоб”, Кобул, 1363 шумораи махсу доир ба хаста).
Чунон ки гуфтем, нашри кобулии Куллиёти Бедил аз чор ҷилд иборат мебошад. Ҷилди аввал дебочаи Куллиёт (дар асл муқаддимаи девон аст - Б.Р.) ва бахши ғазалиётро дарбар дорад. Ҷилди дуввум аз таркиббанду тарҷеъбанд, қасидаву қитъа, рубоиву мухаммас ва маснавиҳои кӯчаки “Танбеҳулмуҳаввисин”, “Сифати асп”, “Сифати фил”, “Сифати шамшер” ва “Сифати даҳону гуфтори маъшуқ” иборат аст. Ҷилди саввум ҳовии маснавиҳои “Ирфон”, “Муҳити аъзам”, “Тилисми ҳайрат” ва “Тури маърифат” аст. Ва ниҳоят, ҷилди чорум фарогири асарҳои насрии шоир “Чорунсур”, “Руқаот” ва “Никот” мебошад.
Дар таҳияи ҷилди аввал аз ғазали якум то ғазали “Ёрон ба ранги рафта ду рӯзам масал кунед” девони нашри кобулии соли 1916 асоси кор қарор гирифта, ғазалҳои баъдина аз рӯи нашри Сафдарии Куллиёт ба табъ расидаанд. Дар ҷилди аввали Куллиёт бо ғазалҳое дучор омадан мумкин аст, ки на дар девони нашри кобулии соли 1916 мавҷуданду на дар нашри Сафдарии Куллиёт. Ин ғазалҳоро фозили мӯҳтарам Ҳофиз Нурмуҳаммади Каҳгадоӣ аз нусаҳои хаттию чопҳои сангии девони Бедил ва баёзҳои гуногуни қаламӣ ҷамъоварӣ намуда, дар ҳошияи яке аз нусаҳои нашри Сафдарӣ замима намуда буд. Холмуҳаммади Хаста ва ёронаш ин ғазалҳоро низ ба ҷилди аввали Куллиёт дохил намуданд. Барои фарқ кардани ин гурӯҳи ғазалҳо дар оғози ҳар кадоми онҳо аломати ситорача гузошта шудааст. Ҳамин гуна ашъор ва пораҳои насрии иловагиро дар ҷилдҳои дуввум ва чоруми куллиёт низ дидан мумкин аст. Гирдоварандаи маводи иловагии ин ҷилдҳо низ Ҳофиз Нурмуҳаммади Каҳгадоӣ мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё