Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Фикри Шералихон дар хусуси он, ки дар девони Бедил, гӯё, ягон байт мадҳ мавҷуд набошад, низ беасос аст. Дар куллиёти Бедил илова бар ашъоре, ки дар мадҳи Аъзамшоҳ гуфта шудаанд, чандин қасидаву ғазал ва қитъаро метавон пайдо кард, ки дар мадҳи шоҳону амирони асри шоир эҷод шудаанд.
Хонандаи гиромӣ метавонад бигӯяд, ки тазкираи Шералихон дар соли 1102 (1690-1691), яъне 31 сол пеш аз вафоти Бедил, таълиф шудааст. Ӯ вақте ки дар бораи эҷодиёти Бедил сухан меронад, мероси то ҳамин давра эҷодшудаи шоирро дар назар дорад. Аз ин рӯ, аз эҳтимол дур нест, ки ашъори мадҳиявии Бедил баъд аз замони таълифи тазкира иншо шуда бошанд. Яъне девоне, ки Шералихон дар назар дорад, шояд шомили ашъори мадҳиявӣ набошад.
Бале, Шералихон, ки дар девони Бедил ягон байт мадҳ дохил нест, мегӯяд, ҳамон девонеро дар назар дорад, ки дар байни солҳои 1096-1098 (1685-1687) мураттаб гардидааст.
Аммо гап дар сари он аст, ки бештари ашъори мадҳиявии Бедил то ҳамин давра, яъне то замони тартиб додани девони мазкур эҷод шудаанд. Ғазале, ки дар таърихи вафоти подшоҳи вақт Шоҳиҷаҳон (1628-1658) иншо шудааст, аз ҳамин ҷумла аст ва таърихи вафоти Шоҳиҷаҳон 1076 (1665-1666) аст. Табиъист, ки ғазал низ бояд дар ҳамин сол эҷод шуда бошад.
Дар куллиёти Бедил як қасида бо номи «Дар мадҳи шоҳ ва таърихи таваллуди шоҳзода» ва ҳафт қитъаи таърих мавҷуд аст, ки аз моддаҳои таърихи ҳамаи онҳо, ҳам қасида ва ҳам қитъаҳо, адади 1081 бар меояд. Гумон меравад, ки қасида ва чанде аз ин қитъаҳо ба муносибати таваллуди писари хурдии Аврангзеб Муҳаммад Комбахш (вафоташ 1120/1708- 1709) иншо шуда бошанд. Чун моддаҳои таърихи ин шеърҳо ба соли 1081 баробаранд, таърихи таълифи онҳо низ бояд ҳамин сана бошад.
Бедил дар мадҳи Аврангзеб низ як қасида ва чандин қитъаи таърих навиштааст. Таърихи таълифи қасида сареҳан маълум нест. Вале таърихҳои эҷоди қитъаҳо байни солҳои 1097- 1100 (1685-1689), яъне қабл аз замони таълифи тазкираи Шералихон мебошанд. Ва ниҳоят, чунон ки дидем, худи Шералихон низ дар бахши намунаҳо аз осори Бедил ду ғазали мадҳиявии шоирро иқтибос намудааст.
Муъосири дигари Бедил Муҳаммадафзали Сархуш низ дар тазкираи худ «Калимотушшуъаро» доир ба шоир шарҳи кӯтоҳеро ҷой додааст. Ӯ аз девону маснавиҳо ва насрҳои рангини Бедил ёд карда ду ҷанбаи эҷодиёт –маъниёбӣ ва нозукбандии ӯро таъйид намудааст. Сархуш навиштааст: «Баҳри бесоҳил Мирзо Абдулқодири Бедил. Устоди фан аст.
Бисёргӯ ва хубгӯст. Имрӯз дар дорулхилофа (шаҳри Деҳлӣ - Б.Р.) кӯси рустамӣ менавозад ва ба доди маъниёбиву нозукбандӣ мерасад. Девонҳову маснавиёти мутаъаддид дорад ва насрҳои рангин низ менигорад. Дар ин аҳд шоири ғарро чун ӯ нест. Вуҷуди шарифаш ғанимат аст. Бисёр хушхулқ ва орамида» мебошад.
Як ҷиҳати муҳими навиштаи Сархуш ин аст, ки ӯ мираъҳои аввали панҷ байти Бедилро тағйир дода, аз онҳо матлаъ сохтааст. Ба таъбири дигар гӯем, Сархуш ба чанд байти Бедил эрод гирифтааст. Бино бар эътирофи худаш, ӯ ин корро ба ишораи Носиралӣ анҷом додааст.
Сархуш дар охир илова намудааст, ки «агарчи эшон (яъне Бедил – Б.Р.) шунида маҳзуз нашуданд, аммо ёрони мусанниф писандиданд».

пешина
аз 250
навбатӣ