ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Гуфтан лозим аст, ки баъзе аз муҳаққиқон ба шеърҳои иловагии ин нашри Куллиёт ба назари манфӣ нигаристаанд. Масалан, муаллифи рисолае бо номи “Калиди ирфон” (соли нашр – 1370 ш) Муҳаммад Абдулҳамиди Асир аз нашри кобулии Куллиёти Бедил ёд намуда, бо назардошти ашъори иловагии мазкур онро “Нур аз иштибоҳу тасарруф ва таҳрифоту илҳоқот” дониста аст ва илова намудааст, ки мураттибони Куллиёт “ғазалҳои зиёдеро аз нусухи хаттӣ истинсох ва дар ин китоб ба номи Абулмаонӣ Бедил дарҷ намудаанд, ки на аз лиҳози сабк ва на аз лиҳози муҳтаво ба осори Абдулмаонӣ мутобақат надоранд” (Рисолаи мазкур, саҳ. 150).
Чунон ки гуфтем, ғазалҳо ва дигар ашъоре, ки Ҳофиз Нурмуҳаммади Каҳгадоӣ ҷамъоварӣ кардааст, дар чанде аз нусхаҳои хаттӣ ва баъзе нашрҳои сангии девони Бедил ба номи ӯ дарҷ гардидаанд ва дар девонҳои шоирони дигар то кунун ба назар нарасидаанд. Аз ин рӯ, масъалаи ба Бедил тааллуқ доштани онҳоро бе ягон далел рад намудан ё ба зери шубҳа гузоштан дуруст нест.
Қобили қайд аст, ки нашри кобулии Куллиёт нисбат ба нашри Сафдарии он бартариҳои зиёде дорад. Бартарии асосӣ ва назарраси ин нашр дар пуррагӣ ва мукаммалии он аст. Дар ин нашри Куллиёт миқдори ҳам ғазалиёту ҳам рубоиёт ва ҳам муқаттаоту ҳам мухаммасоти шоир хеле зиёд мебошад. Кофист бигӯем, ки дар нашри Сафдарии Куллиёт, ба истиснои мухаммасҳои дохили “Никот” бахши алоҳидаи мухаммас умуман вуҷуд надорад. Дар нашри кобулӣ бар замми мухаммасҳои “Никот” 19 мухаммаси дигар илова гардидааст. Дар бахши маснавиҳои кӯчак низ як маснавии садбайта, ки “Дар сифати асп” унвон дорад, илова шудааст. Маснавиҳои бузурги шоир “Ирфон”, “Муҳити аъзам” ва “Тилисми ҳайрат” низ дар ин нашр нисбат ба нашри Сафдарӣ комилтар мебошанд. Чунончи, “Муҳити аъзам” дар ин нашр беш аз шаш ҳазор байт аст, дар ҳоле ки варианти Сафдарии он аз 2050 байт зиёд нест.
“Тилисми ҳайрат” ва “Ирфон” низ яке чордаҳ байт ва дигаре 18 байт иловагӣ доранд. Бар хилофи нашри Сафдарии Куллиёт бахшҳои ҷудогонаи маснавии шоир “Ирфон”, “Тилисми ҳайрат” ва “Тури маърифат” дар ин нашр дорои унвон ё худ сарлавҳаҳои манзум мебошанд.
Нашри кобулии Куллиёт дар баробари бартариҳои зикргардида аз норасоӣ ва иштибоҳот низ холӣ нест. Норасоии асосии ин нашр иборат аз он аст, ки дар таҳия ва тадвини он нусхаҳои хаттии осори шоир истифода нашудаанд ва агар истифода шуда бошанд ҳам, ин кор дар муқаддима зикр наёфтааст. Масалан, нусхаи хаттии “Муҳити аъзам”, ки бо қалами худи Бедил китобат шудаасту дар Архиви миллии Афғонистон маҳфуз аст, умуман ном бурда нашудааст. Ба таъбири дигар гӯем, дар таҳияи матни Куллиёт корҳои тадқиқотӣ кам сурат гирифтаанд. Ба таври кофӣ ошно набудан ба нусхаҳои хаттии осори шоир сабаб шудааст, ки баъзе иштибоҳоти нашри Сафдарӣ дар ин ҷо низ такрор шудаанд. Чунончи, муқаддимаи девони шоир чун дар нашри Сафдарӣ ба унвони “Дебочаи Куллиёт” дарҷ гардидааст. Дар сурате ки дар аксари нусхаҳои хаттии девони комил ин дебоча ҳамчун муқаддимаи девон омадааст. Ин муқаддимаро дар нусхаҳои хаттие дидан мумкин аст, ки онҳо пеш аз замони таълифи “Ирфон” ва “Чорунсур”, яъне пеш аз тартиб ва тадвини Куллиёт, китобат шудаанд (Дар ин бора ниг. ба мақолаи “Дебочаи куллиёт ё муқаддимаи девон?” дар ҳамин маҷмӯа).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё