Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Он байтҳои Бедил, ки мавриди дахли Сархуш қарор гирифтаанд, инҳоянд:
Бедил:
Ба фурсати нигаҳе охир аст таҳсилам,
Бароти рангаму бар гул навиштаанд маро.
Сархуш:
Зи бесаботии ишрат сириштаанд маро,
Бароти рангаму бар гул навиштаанд маро.
Бедил:
Авориз касрати ваҳм аст зоти ваҳдати моро, Халал дар шахси якто нест, гар қомат дуто гардад.
Сархуш:
Дуӣ кай зоти ваҳдатро ба касрат раҳнамо гардад?
Халал дар шахси якто нест, гар қомат дуто гардад.
Бедил:
Шахси пирӣ нафйи ҳастӣ мекунад, ҳушёр бош, Сурати қадди дуто оинаи таркиби лост.
Сархуш:
Ҷилвагоҳи нақши пирӣ тахтаи машқи фаност,
Сурати қадди дуто оинаи таркиби лост.
Бедил:
Гул ҷоми худ абас ба шикастан намедиҳад,
Софи тараб ба шишаи ранги парида аст.
Сархуш:
Дасти нишот домани аз каф рамида аст,
Софи тараб ба шишаи ранги парида аст.
Бедил:
Бетакаллуф, марг ҳам осон намеояд ба каф,
Аз тамошои ду олам чашм бояд дӯхтан.
Сархуш:
Нест аз шамъи аҷал осон нигаҳ афрӯхтан,
Аз тамошои ду олам чашм бояд дӯхтан.
Ҳам аз маълумоти Шералихони Лудӣ роҷеъ ба муносибати Бедил ва Носиралӣ ва ҳам аз дахлу эродҳои Сархуш ба ашъори Бедил, ки ба ишораи Носиралӣ сурат гирифтаанд, пай бурдан душвор нест, ки дар байни ин ду шоири бузург – Бедил ва Носиралӣ - як навъ рақобате вуҷуд доштааст. Аммо ин рақобат – рақобат ва мусобиқаи эҷодӣ буда, на кинаву адоват ва бадбиниву хусумат. Ин маъниро аз моддаи таърихе, ки Бедил дар вафоти Носиралӣ гуфтааст, пай бурдан мумкин аст. Ба қавли Хушгӯ, Бедил таърихи реҳлати Носиралиро, ки санаи (1108/1697) аст, аз ҷумлаи «Ранги ноз шикаст» ёфта будааст (Ниг.: «Сафинаи Хушгӯ», с. 4.). «Ранги ноз», ки киноя аз худи Носиралист, хислату характери ӯро ба хубӣ инъикос намудааст. Бино бар навиштаи Хушгӯ, Носиралӣ шахси ниҳоят тундмизоӣ, бебоку бепарво ва худписанду мағрур будааст. Хушгӯ лаҳзаи вохӯрии ӯро бо подшоҳи вақт Аврангзеби Оламгир чунин ба қалам овардааст: «Дар соли ҳазору як саду як ба лашкари оламгирӣ рафт ва вақти мулозимати подшоҳ даст ба мусофаҳа (вохӯрӣ – Б.Р.) дароз кард. Подшоҳ бедимоғ шуда, фармуд: Фақат шоир аст, одоб намедонад. Вай бедимоғтар шуда, баргардид» (Сафинаи Хушгӯ, с. 6.).
Аз як ишораи дигари Хушгӯ бармеояд, ки муносибати Бедил ва худи Сархуш низ он қадар самимӣ ва бекудурат набудааст. Хушгӯ дар зимни шарҳи аҳволи Сархуш навиштааст: «Ба вақте фақир Хушгӯ шоҳ Гулшан (Саъдуллоҳи Гулшан – шоири намоёни асри XVIII – Б.Р.)- ро васила барангехт, ки эшонро (яъне Сархушро – Б.Р.), бар ин палла бояд овард, ки ба хонаи Мирзо Бедил рафта, сӯҳбат доранд, ки мулоқоти ду соҳибкамол фоидаҳо дорад, чи аз муддати мумтад, бино бар баъзе асбоб, дар миёни ин ду бузург ҷудоӣ буд. Шунида фармуд (яъне Сархуш фармуд): Ҳаваси тамошои ҷанги филон доред» («Сафина», с. 74).
Зикри Бедилро дар тазкираи «Ҳамешабаҳор»-и Кшанчанди Ихлос низ пайдо намудан мумкин аст. Ихлос дар баробари сабти чанд ҷумлаи умумӣ дар таърифи шоир баъзе нуктаҳои тозаро низ гӯшрас намудааст. Ихлос аввалин муаллифест, ки дар қатори девони ғазалу маснавиҳо аз девони алоҳидаи рубоъиёт ва асарҳои насрии Бедил «Чорунсур» ва «Руқаъот»

пешина
аз 250
навбатӣ