Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ном бурдааст. Ӯ навиштааст: «Девони ғазалаш зиёда аз лак байт хоҳад буд. Як девони қасидаву як девони рубоъӣ ва маснавиҳои мутаъаддид дорад. Дар наср китобе навишта мусаммо ба «Чорунсур». Руқаъоти худ низ ҷамъ намуда» («Ҳамешабаҳор», микрофилми № 1199, Институти шарқшиносии АИ Тоҷикистон).
Ихлос дар бахши намунаҳо аз ашъори Бедил қитъа зикр намуда, илова кардааст, ки ин қитъа таърихи таваллуди Ҷаҳонмуродшоҳ – писари Фаррухсияр аст. Қитъа ин аст:
Солори карам ҷаҳонпаноҳ аст,
Аз нури ҷабин меҳру моҳ аст.
Дунё ҳама равшан аз қудумаш,
Ҳомии ҷаҳон Муродшоҳ аст.
Тавре ки Ихлос таъйид кардааст, ҳар мисраи ин қатъа таърих аст. Аз мисраъҳои якум ва чаҳорум санаи 1130 (1718), аз мисраъи саввум як адад кам – 1129 (1717) ва аз мисраъи дувум санаи 1087 (1676-77) бар меояд. Санаи 1087 шояд таърихи таваллуди худи Фаррухсияр бошад.
Гуфтан лозим аст, ки аз маълумоти Ихлос низ на ҳамаи лаҳзаҳо қобили қабул ҳастанд.
Чунончи, фикри ӯ дар хусуси ҳаҷми девони ғазали Бедил муболиғаи маҳз аст. Тавре ки баъдтар хоҳем дид, маҷмӯъи тамоми осори манзуми Бедил аз 80 ҳазор байт беш нест.
Ишораи Ихлос роҷеъ ба девони мустақили қасоид доштани Бедил низ беасос аст. Агарчи муаллифони баъзе феҳристҳо, масалан, феҳристи Институти шарқшиносии Тошканд, аз маҷмӯъаи ҷудогонаи қасидаҳои шоир ном бурдаанд, вале факти миқдоран кам будани қасоиди шоир шоҳиди машкукии фикри Ихлос аст. Дар куллиёти Бедил ҷамъан 21 қасида мавҷуд аст, ки дар радифҳои ёздаҳ ҳарф эҷод шудаанд. Табиъист, ки ин миқдор қасида имкон намедод, шоир онҳоро дар девони алоҳида ҷой бидиҳад. Мурод аз девони қасида, шояд маҷмӯъаи ашъори гуногунавъ – қасида, таркиббанд, тарҷеъбанд, қитъа ва чанд маснавии кӯчаки шоир бошад. Дар нашри сафдарии куллиёти Бедил ашъори мазкури ӯ зери унвони умумии «Қасоиди фуюз» дарҷ гардидаанд. Дар чанде аз нашрҳои мунтахаби девони шоир низ таркиббанду тарҷеъбанди ӯ ҳамроҳи қасоид зери як унвон омадаанд.
Шоири маъруфи асри XVIII Мир Азаматуллоҳи Бехабар (ваф. 1730) ҳам лаҳзаеро аз ҳаёти Бедил нақл намудааст, ки иқтибоси он аз аҳамият холӣ намебошад. Ӯ дар тазкираи худ «Сафинаи Бехабар» (1728-29) сӯҳбати хешро бо Бедил чунин ба қалам овардааст:
«Фақирро, ки итифоқи диду водиди эшон (яъне Бедил – Б.Р.) уфтод ҳаққо дар камоли хулқу мазза ва дарду шавқ ёфтам. То ки нишаста будам, сивои ашъори муҳтазои шавқу фақр дигар ҳарф бар забон наронд. Банда гуфтам: «Зиёфати табъи фақир мефармояд».
Гуфт: «Эй соҳиб, баъди муддате ҳамчу шумо ҳамрангро ёфтаем». Баъд аз он ин се байти фақир нақл гирифта, бархоста рухсат фармуд:
Ин қадар ҳарза чапу рост давидан абас аст, Чок кун синаи худро, сари роҳе дарёб.
Баланд афтад чу мақтаъ, паст созад ҳусни матлаъро, Кашад поини маҳфил қадри ман болонишинонро.
Хун шудам, Бехабар, зи дасти тиҳӣ,
Ҷомаи фақр ранг бояд кард.
Бар ин байт (байти саввуми Бехабар – Б.Р.) азизе гуфт: «Мирзо соҳиб, ҳусни ин байт маълум нашуд». Мирзо фармуд: «Дар фақр мартабаест, ки худо киро насиб кунад? Муҷмалан шарҳи он ин мисраъи Бехабар аст, ки «Давлати поянда дар дасти тиҳист».
Ва он чи Мирзо аз ашъори худ ба тақрибҳо хонд, то куҷо дар хотир бошад? Аммо ин ду байт ба ёд меояд:
Бедил, ҳама тан хок шудӣ, лек чӣ ҳосил?

пешина
аз 250
навбатӣ