ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Бар хок нишастию бар он дар нанишастӣ.
Гӯянд: биҳишт ҷои хубест,
Он ҷо ҳам агар димоғ бошад.
Ва ин байти Ҳоқонӣ ҳам хонда буд:
Ҳамсоя шунид нолаам, гуфт:
Ҳоқониро дигар шаб омад».
(Иқтибос аз «Сарви озод», Ҳайдарободи Дакан, 1913, с. 316).
Яке аз манбаъҳое, ки маълумоти муфассалеро дар бораи Бедил дар бар кардааст, тазкираи «Миръоти воридот»-и Муҳаммадшафеъ Вориди Теҳронист, ки дар соли 1146 (1733-34) таълиф шудааст. Муаллифи ин тазкира аз ҷумлаи онҳоест, ки муддатҳои зиёд бо Бедил ҳамнишин ва ҳамсӯҳбат будаанд. Бино бар шаҳодати Ворид, Бедил дар Матҳро ба муддати якуним сол дар хонаи онҳо иқомат намудааст.
Дар «Миръоти воридот» баъзе лаҳзаҳои аҳволи Бедил хилофи он аст, ки дар дигар тазкираҳо дида мешавад. Чунончи, Ворид навиштааст, ки Бедил дар Рохмаҳал, ки номи дигараш Акбарнагар аст, ба дунё омадааст. Дар ҳоле, ки тазкиранависони дигар зодгоҳи ӯро Патна гуфтаанд. Бино бар тахмини муаллифи тазкираи «Шоми ғарибон» Лачҳми Нароини Шафиқ, Бедил шояд дар Акбарнагар ба дунё омада бошаду бо сабаби тобеъи Патна будани ин минтақа, ба нисбаи «Патнавӣ» шӯҳрат ёфта бошад. (Ниг.: маҷаллаи «Ориёно», Кобул, 1349, № 3).
Вале таъкид бояд кард, ки худи Бедил дар осораш аз Роҷмаҳал ё худ Акбарнагар боре ҳам ёд накардааст. Дар ҳоле, ки аз Патна ва манотиқи атрофии он – Арраҳ, Банорас, Ронисогар, Тирҳат ва ғайра ёдовар шудааст.
Фикри дигаре, ки Ворид ба миён гузоштааст, ин аст, ки Бедил гӯё пеш аз мулозамат дар саркори Аъзамшоҳ «Дар сӯҳбати Мирзо Сулаймон-холуи ҳақиқии султон Мӯъизуддин (Ҷаҳондоршоҳ – Б.Р.) солҳо бар сар бурда» бошад. Агарчи аз муаллифони баъдина касе ба ин мазмун ишора накардааст, вале он аз воқеият дур наменамояд. Дар «Руқаъот»-и Бедил ба унвони Мирзо Сулаймон мактубе мавҷуд аст, ки аз муносибати наздик ва самимияту эҳтироми шоир нисбат ба ин шахс дарак медиҳад.
Аз «Чорунсур» маълум аст, ки б6 бори аввал дар соли 1076 (1665-66) ба Деҳлӣ омада, то соли 1079 (1668-69) дар Деҳлӣ ва дигар шаҳрҳои атрофии он ба оини маҷзубон зиндагӣ кард.
Дар соли 1079 (1668-69) ба ҳаёти нисбатан ором баргашта, хонадор шуд. Ҳамчунин равшан аст, ки таърихи ба хидмати Аъзамшоҳ рафтани ӯ соли 1081 (1670-71) аст. Аз ин рӯ, метавон тахмин кард, ки мулозимати Бедил дар назди Мирзо Сулаймон, агар ба вуқӯъ пайваста бошад, беш аз ду сол (аз соли 1079 то соли 1081) давом накардааст.
Ва ниҳоят маълумоти Ворид роҷеъ ба аслу насаби Бедил низ он чӣ Мирзо дар ҳузури ин аҳқарулъибод мукаррар такрор кард, ин аст, ки силсилаи аҷдоди Мирзо мунтаҳӣ ба шоҳ Мансур ибни Музаффар – подшоҳи Форс, мамдӯҳи хоҷа Ҳофиз мегардад. Ҳангоме, ки шоҳ Мансур бо амир Темур сафороӣ намуда кушта гардид, авлод ва аҳфодаш рӯ ба савби Бухоро оварданд. Чандин пушти Мирзо дар Мовароуннаҳр иқомат доштанд. Бузургвори Мирзо аз он макон муфорақат варзида, дар мамлакати Бангола раҳли иқомат афканд. Баъди инқизои як пушт офтоби вуҷуди Мирзо аз матлаъи субҳи саъодат толеъ гашт» (маҷаллаи «Ориёно», Кобул, 1349, № 3).
Тавре ки гуфтем, Шералихони Лудӣ, ки навиштаи худро аз назари Бедил гузаронидааст, ӯро аз қавми арлос (барлос) донистааст. Холмуҳаммади Хаста дар мақолае бо номи «Хонаводаи Бедил» овардааст, ки таърихнигорон нажоди хонадони Музаффариёнро ба Қутлуғони Барлос нисбат медиҳанд. Аз ин рӯ, ба таъбири Холмуҳаммади Хаста гӯем, Муҳаммадшафеъи Ворид «он чӣ аз Бедил шунидаву навишта, дур аз ҳақиқат нест» (Ниг.:
маҷаллаи «Ориёно», 1349, № 1).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё