Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз навиштаҳои Ворид дар хусуси Бедил сухан карда, таъқид намудан лозим аст, ки баъзе лаҳзаҳои маълумоти ӯ низ бо ишораҳои худи Бедил мутобиқат намекунанд. Масалан, ӯ воқеъоти ба мулозимати Аъзамшоҳ пайвастан, тарки мулозамат намудан ва бо амирони аср Лаълмуҳаммаду Шукруллоҳхони Хофӣ ошно шудани шоирро чунин ба қалам додаст: «Баъди фавти Мирзо Сулаймон дар силки мулозимони Аъзамшоҳ ибни Оламгир мунсалик гашта, байтулғазали девони эътибор гардид. Рӯзе яке аз муқаррибони бисоти салтанант ашъори Мирзо ба самъи шоҳ расонид. Шоҳ пурсид: Ин ашъори кист»? Арз кард, ки аз Мирзо Бедил.
Шоҳ бар сабили хуштабъӣ фармуд: «Бедилро дар лашкари мо, ки ҷавонони пурдиланд, чӣ кор»? Мирзо ба мураҷҷади истимоъи ин фаҳвои хориҷоҳанг аз он мақом қадам ба водӣ сафар гузошт. Пас аз қатъи манозил дар балдаи Матҳро бар канори дарёи Ҷамн иқомат гузид.
Лаълмуҳаммад номе ҳокими он макон аз қудуми Мирзо итилоъ ёфта, дар дилҷӯӣ ва хотирдорӣ кӯшид. Мирзо низ дилдодаи сӯҳбати ӯ шуд. Иттифоқан, султон Оламгир, ки дар Дакан буд, Лаълмуҳаммадро ба ҳузури худ талабид. Лаълмуҳаммад муҷиби ҳукми пошоҳ ҷабран ва қаҳран рӯ ба роҳи сафари Дакан овард ва дар арзи роҳ саманди азимат ба савби иқдими адам ҷилварез сохт. Мирзо то муддати якуним сол дар хонаи роқими ин авроқ бе ташвиши маъош раҳли иқомат афканд, то он ки қосиди Шукруллоҳхон, ки дар ин айём ба ҳукумати балдаи Норнавл мин аъмоли Майвот мепардохт, пеши Мирзо расид ва мактуби иштиёқ маъа заре расонид. Мирзо аз вуқӯъи чунин иттифоқ видоъи волиди банда намуда, рӯи таваҷҷӯҳ ба савби хони мазкур овард» («Ориёно», Кобул, 1349, № 3).
Аввалан, бояд бигӯем ки фикри Ворид дар хусуси таърихи ба мулозамати Аъзамшоҳ рафтани Бедил саҳеҳ нест. Ба ақидаи ӯ, Бедил пас аз вафоти Мирзо Сулаймон ба хизмати Аъзамшоҳ рафтааст. Тавре ки аз як рубоъии худи Бедил бармеояд, таърихи вафоти Мирзо Сулаймон санаи 1090 (1679080) аст (Ниг.: К.Б., ҷ. 2, саҳ. 168). Вале замони ба мулозимати Аъзамшоҳ пайвастани Бедил, чунон ки гуфтем, 1081 (1670-71) мебошад.
Ишораи Ворид дар бораи сабаби аз хизмати Аъзамшоҳ даст кашидани Бедил низ воқеъӣ ва боварибахш нест. Бедил, ки аз ҷумлаи наздикони Аъзамшоҳ буд, гумон аст, ки аз сухани «бар сабили хуштабъӣ» гуфташуда биранҷад ва дар асари ин сухан тарки хидмат намояд.
Навиштаҳои Ворид дар бораи таърихи ба Матҳро рафтан ва ба ҳокими он ҷо Лаълмуҳаммад ошно шудани Бедил низ баҳснок аст. Тавре ки аз «Чорунсур» маълум аст, Бедил дар соли 1094 (1683) ба Матҳро рафт, ки дар ин вақт ҳанӯз дар хидмати Аъзамшоҳ буд. Шоир бо ҳокими Матҳро Лаълмуҳаммад низ дар ҳамин ҷо ошно шуд.
Ба ақидаи Ворид, Лаълмуҳаммад дар роҳи сафари Дакан вафот кардааст. Аммо аз мактуби Бедил «Ба Шукруллоҳхон, дар арзи аҳволи миён Лаълмуҳаммад, ки аз ғайрати ҳукумати дунон худро кушт» бар меояд, ки вафоти Лаълмуҳаммад дар Деҳлӣ иттифоқ афтодааст. Аз мазмуни номаи мазкур маълум мегардад, ки ин воқеъа вақте рух додаст, ки Шукруллоҳхони сонӣ – писари Шукруллоҳхони Хофӣ ба саркӯб кардани роҷпутиёни Майвот машғул будааст.
Ҳодисаи саркӯб кардани роҷпутиён, бино бар шаҳодати мактуби дигари Бедил, дар замонӣ подшоҳгардӣ, яъне дар вақти вафоти Аврангзеб ва бар тахт нишастани Баҳодуршоҳ (1118\1707) рух додааст (Ниг.: К.Б., ҷ. 4, Руқаъот, с. 124, 115).

пешина
аз 250
навбатӣ