ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Фикри Ворид дар бораи ба Бедил номаи иштиёқ фиристодани Шукруллоҳхон ва аз Матҳро ба савби Шукруллоҳхон – Норнавл рафтани Бедил низ иштибоҳ аст.
Тавре ки гуфтем, таърихи ошноии Бедил бо Шукруллоҳхон соли 1096 (1697) аст ва ин ошноӣ бо ташаббуси худи Бедил сурат гирифтааст. Бедил пеш аз он, ки аз хидмати Аъзамшоҳ даст кашад, дар фикри пайдо намудани ҳомии дигар афтода буд. Ва ӯ ин ҳомиро дар шахси Шукруллоҳхон пайдо намуд. Бедил агарчи Шукруллоҳхон ҳанӯз надида ҳуд, овозаи фазлу камол ва илмуадбдӯстии ӯро шунида буд. Аз ин рӯ, ба ӯ номае навишта, маснавии нахустини худ «Тилисми ҳайрат»-ро замимаи он нома намуд. Шоир дар он нома аз ҷумла навишта буд: «Лоҷарам, «Тилисми ҳайрат»-и Бедил умрест, ки ибораташ ба кунҷи диққати маъонӣ вохазида ва мазомин ҳамчунон дар ғубори алфоз нафаси шӯхӣ дуздида, дар маънӣ гавҳарест аз ғафлати асҳоби тамиз дар шиканҷи уқдаи беэътиборӣ ва оинае аз бебасарии арбоби назар кулфатандуди нафасшуморӣ. Ба фарёди ин безабони ҳайратбаён магар тараҳҳуми он ҳақшиноси лафзу маънӣ таваҷҷӯҳе фармояд ва ба рӯи ин шикастаболи аҷзошён илтифоди он қиблаи шикастагон дари шӯҳрате вонамояд. Ҳарчанд дидаи ҳасратнигоҳро матлаъи дидори саъодатанвор ба партави зоҳирӣ нанавохтааст, аммо гӯши маҳомидниюш ба тавотури сифоти қудсиоёт дар муҳимоти чашм пардохта. Аз он ҷо, ки сояи ахлоқи он мерубон паноҳи маънипаноҳони бебизоъат аст ва домани отифати он қадрдон дастгоҳи ҳақоиқдастгоҳони беиститоъат, ҳайфи маъние, ки аз табъи иқболасар маншури қабул нигарад ва афсӯси иборате, ки аз забони ҳақоиқтарҷумон майманати иштиҳор напазирад. Ниёзномаи мултаҷӣ ба ин тамано орзуманди давлати ҳузур аст ва ба завқи таҳсили ин саъодат муштоқи мутолиъаи саропо сурур» (К.Б., ҷ. 4, Руқаъот, саҳ. 2).
Номаи мазкур оғози ошноии ҳанӯз ғоибонаи Бедил ва Шукруллоҳхон буд. Бедил чун дар соли 1096 (1685) тарки хидмати Аъзамшоҳ намуда, аз Матҳро ба Деҳлӣ омад, ба Шукруллоҳхон, ки ҳокими Сикандарободи Деҳлӣ буд, номаи дигаре навишта, аз ӯ хоҳиш намуд, ки барояш дар Деҳлӣ хонае пайдо намояд. Бедил дар ин нома ба масъалаи қосид фиристодани Шукруллоҳхон на фақат ишорае накардааст, балки гиламандона изҳор доштааст, ки дер боз аз ҷониби Шукруллоҳхон ба ӯ нома нарасидааст (Ниг.: К.Б., ҷ. 4 Руқаъот, с. 88).
Бино бар ишораи Бедил дар маснавии «Тури маърифат», Шукруллоҳхон дар охири соли 1096 (1685) ё ибтидои соли 1097 (1686) ҳокими Майвот таъин шуд ва аз Бедил хоҳиш намуд, ки дар сафари ин вилоят ба ӯ ҳамроҳӣ кунад. Бедил ин хоҳишро пазируфт ва муддати чанд моҳ дар вилояти Майвот, аз ҷумла дар Байрот ва Норнавл, иқомат кард.
Бад-ин тариқ, сафари Бедил ба Майвот, аз ҷумла ба Норнавл, баъди аз Матҳро ба Деҳлӣ омадани ӯ иттифоқ афтодааст. Яъне шоир пеш аз сафари Майвот дар Деҳлӣ мезистааст, на дар Матҳро.
Дар байни манбаъҳое, ки доир ба Бедил маълумот доранд, асарҳои ёддоштӣ ё худ хусусияти сафарномавӣ дошта низ мавҷуданд. Яке аз чунин асарҳо «Мураққаъи Деҳлӣ» ном рисолаест, ки ба қалами Зулқадр Даргоҳқулихон Солорҷанг Хонидаврон (1122-1170) ном шахс тааллуқ дорад. Бино бар шаҳодати устод Халилӣ, муаллиф ин асарро «дар соли 1151 ҳангоми саёҳати худ бо наввоб Низамулмулки Осафҷоҳ дар Деҳлӣ таълиф намуда, хусусиёти Деҳлиро ба асоси рӯъят ва мушоҳадаи худ ба қалам даровардааст» («Файзи қудс», с. 75). Ин рисола, ки аз сӯҳбати муаллиф бо фозилону шоирони Деҳлӣ баҳс менамояд, роҷеъ ба Бедил низ маълумотҳои муҳимеро дарбар кардааст. Гуфтан лозим аст, ки ахбори ин сарчашма дар хусуси Бедил сухани тамоман нав буда, маълумоти тазкираҳоро аз бисёр ҷиҳатҳо вусъат дода, аз муносибати нек ва ҳусни таваҷҷӯҳ аҳли адаби давр нисбат ба шоир ва эҷодиёти ӯ дарак медиҳад. Соҳиби «Мураққаъи Деҳлӣ» нахустин муаллифест, ки дар бораи таҷлили урси Бедил дар Деҳлии он аср хабар додааст. Ӯ дар баробари зикри мадфан ва таҷлили урс аз мавҷудияти нусхае аз куллиёти шоир хабар додааст, ки бо дасти худи муаллиф китобат шуда, дар сари қабраш нигоҳ дошта мешудааст. Инак, маълумоти ин муаллифро мухтасаран дарӣ менамоем. Ӯ навишатааст: «Мирзо Бедил. Турбати мавзуни эшон дар Деҳлии кӯҳна, дар муҳавватаи мухтасар ба ранги маънии хос дар алфози рангин воқеъ шуда. Саввумин шаҳри сафар урс мешавад. Таломизааш ва ҷамеъи мавзунони шаҳр ба азимати мустафодаи рӯҳаш ҳозир мешаванд ва даври қабр ҳалқаи маҷлис тартиб медиҳанд. Куллиёташ, ки ба хати гиромии худаш тартиб ва тарқим ёфта, мобайни ҳалқа гузошта, ифтитоҳ ба шеърхонӣ менамоянд. Ба унвонаш ин рубоъӣ марқум аст:
Эй оинаи табъи ту иршодпазир,
Дар касби фавоид нанамоӣ тақсир.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё