Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Маҷмӯъаи фикри мо салои ом аст,
Сайре куну қисмати тасаллӣ баргир.
Баъд аз ин алоқадри маротиб натоиҷи афкори худро нуқли маҷлис месозанд. Ҳаловати турфа ба ҳусул мепайвандад ва инбисоти хосе ба ҳуззор оид мегардад. Муҳаммадсаъид – бародарзодааш, ки чун маънии ягона аз нисбати маънавии Мирзо ягона аст, бо тавозуъи ҳозирони маҷлис ва тартиби шамъу чароғ димоғи худро месӯзад ва ба ибтиёъи маъоҷин ва ҳубуби ихтироъии Мирзо, ки аз қабили ки миёст ва дар ҳама Деҳлӣ ангуштнамо, сарфи маъишат менамояд» (Иқтибос аз «Файзи қудс», с. 76).
Тавре ки мебинем, Бедил Муҳаммадсаъид ном бародарзодае низ доштааст, ки маҷлиси урси шоир дар аввалҳо бо ташаббуси ӯ ташкил мешудааст. Ва ин бародарзодаи шоир аз ҳисоби фурӯши маъоҷин ва ҳубубе, ки ихтироъи Бедил будааст, рӯз мегузаронидааст.
Гуфтан лозим аст, ки Биндробандоси Хушгӯ низ аз Муҳаммадсаъид ном хеши Бедил ном бурдааст. Вале ӯ Муҳаммадсаъидро писари Мирзо Ибодуллоҳ ва Мирзо Ибодуллоҳро хол, яъне тағо ё ки писари тағои Бедил гуфтааст.
Абдулғанӣ дар китоби «Аҳвол ва осори Бедил» ва Холмуҳаммади Хаста дар рисолаи мазкури «Мунтахабуззамон» низ, ғолибан, дар пайравӣ аз Хушгӯ, Мирзо Ибодуллоҳро писари тоғои шоир донистаанд. Дар воқеъ, тавре ки Хаста таъкид кардааст, Бедил дар ягон ҷои осораш дар бораи бародари ҳамтан доштани худ ишорае накардааст. Баръакс, баъзе ишораҳои ӯ дар «Чорунсур» далел бар онанд, ки ӯ фарзанди ягонаи падар будааст (ниг.: К.Б., ҷилди 4, Чорунсур, саҳ. 11).
Аммо бояд бигӯем, ки дар чанде аз мактубҳои Бедил аз Мирзо Ибодуллоҳ ва Мирзо Рӯҳуллоҳ ном шахсон, ки зоҳиран бародарони якдигаранд, бо хитоби «ихвонпаноҳ» ёд шудаанд. Яъне Бедил онҳоро бародарони худ донистааст. Дар ин маврид, ғолибан, ҳақ ба ҷониби Абдулғанӣ ва Холмуҳаммади Хаста мебошад, ки Мирзо Ибоддуллоҳро писари тағо ва фарзанди ӯ Мирзо Муҳаммадсаъидро набераи тағои Бедил гуфтаанд. Дар ин замина навиштаи муаллифи «Мураққаъи Деҳлӣ» низ беасос нест. Яъне Мирзо Муҳаммадсаъидро бародарзодаи Бедил гуфтани ӯ ба ин маънист, ки Мирзо Ибодуллоҳ-падари Мирзо Муҳаммадсаъид-писари тағои Бедил буд ва бародар гуфтани писарони тағо, хола, амма ва амак амрест маъмул ва маъруф.
Ишораи муаллифи «Мураққаъи Деҳлӣ» дар хусуси маъоҷин ва ҳубуб, яъне маводи муфарриҳа, тайёр кардани Бедил низ беасос нест. Ин мазмун аз осори худи шоир низ ба исбот мерасад. Чунончи, ӯ дар яке аз номаҳояш ба Шукруллоҳхон дар бораи ирсоли ин қабил мавод бо номҳои «ҳубби эъҷоз», «иксири аҳмар», «авҷӣ» ва «ранҷак» чунин навиштааст:
«Ғайр аз маъонии дуъо он чӣ во нигорад, такаллуф ва сивои иборати ҳамду санно, ҳар чӣ дар арз дорад, таассуф. Ба рафъи инфиъоли дурӣ ирсоли ҳуби эъҷозу иксири аҳмар ва авҷиву ранҷак узрхоҳ аст. Марҷаъи таманои бедилон, қабл аз ин ба маърифати Мирзо Хусравбек қадре иксири аҳмар ниёзи борёфтагони ҷаноби тақаддусинтисоб подшоҳзодаи оламиёнмаоб буд. Ба шарафи қабул имтиёз ёфта бошад? Билфеъл аз ин ашёи марсула он чӣ шоистаи пешкаши он боргоҳ донанд, аз назари ашраф бигзаронанд. Дар маънӣ дуъои муҷассамест, дар сурат даво, ки асараш ба ҳусули иҷобат муносибате қариб дорад. То дар ин нисбат фуқаро низ хидмат баҷо оварда бошанд. Хавоси ҳар як аз фитрати таҷрибаи эшон пӯшида нест, ки ба арзи чӣ кайфият оид аст ва масруфи изҳори кадом фоаоид» (К.Б., ҷ. 4, Руқаъот, с.

пешина
аз 250
навбатӣ