ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
125).
Аз номаи дигари Бедил бармеояд, ки ӯ ба Мирзо Фозилбеки турк ном шахс як миқдор маводи муфарриҳ фиристода, таъкид намудааст, ки дар истеъмоли он ба ифроткорӣ роҳ надиҳад. Зеро беэҳтиётӣ дар ин кор натиҷаи ғайри матлуб дода метавонад. Ӯ навиштааст:
«Ҳуққаи муфарриҳе, ки чун сари савдоиёни шавқ холӣ аз гармии хаёле нест, ба завқи нашъаи қабули он маҳфилорои димоғи фитрат (яъне Мирзо Фозилбеки турк – Б.Р.) марсул буд.
Маълум шуд, ки баъзе хушкмағзони беҳис ифроти кайфашро ба таҷовузи ҳадди эътидол муттаҳам намудаанд ва надониста, ки аз камзарфӣ беэҳтиётист. Ҳарчанд раги хоме ба арзи хумор оварда бошад, ҳукми пухтагиҳои мавҷи саҳбо дорад» (К.Б., ҷ. 4, с. 148).
Муаллифи «Мураққаъи Деҳлӣ» зимни ёдоварӣ аз шоирони дигар низ роҷеъ ба Бедил ишораҳои ҷолиберо сабт намудааст. Масалан, ӯ аз сӯҳбати худ бо шоир ва тазкиранигори маъруф Сироҷиддин Алихони Орзу (1688-1757) сухан карда, аз ҷумла чунин навиштааст:
«Хони Орзу рӯзи урси Мирзо Бедили марҳум ба нисбати шогирдиаш базморо мегардад ва оламеро аз софии хони афкор заллачини миннат мегардонад» (Файзи қудс, с. 76).
Муаллиф дар хусуси шоири дигари асри XVIII Гулмуҳаммад Маъниётхони Шоир таваққуф намуда, иштироки ӯро дар маҷлиси урси Бедил ин тавр ба қалам овардааст:
«Саввуми моҳи сафар, ки урси Мирзо Бедили марҳум аст, ҷамеъи шуъарои Деҳлӣ бар мазори эшон муҷтамеъ мешаванд ва девони Мирзоро дар миён гузошта, ифтитоҳи шеърхонӣ аз он ҷо мекунанд. Ва баъд аз ин ба тадриӣ мусаввадаи ашъори худро ба арса оварда, аз ҳузори маҷлис мутаваққеъи таҳсин мешаванд. Аввалин касе, ки шурӯъ ба ғазалхонӣ мекунад, ҳамин азиз аст» (Файзи қудс, с. 76).
Муаллифи дигаре, ки дар таърифи Бедил чанд сатреро ба ёдгор гузоштааст, шогирди ӯ шоири маъруфи асри XVIII Анандроми Мухлис (вафоташ 1751) мебошад. Мухлис дар ҳошияи саҳифае аз дастхати Бедил чунин нигоштааст: «Ё файёз, ин сафҳа ба дастхати Мирзо Абдулқодири Бедил аст. Зоти муборакашон саромади варақгардониҳои лайлу наҳор буд.
Баъди тарки навкарии подшоҳзода Муҳаммад Аъзамшоҳ дар Шоҳиҷаҳонобод гӯшаи офият ихтиёр намуданд. Дари мухлуқе ташриф нафармуданд. Баъд аз Амир Хусрави Деҳлавӣ (сивои Бедил – Б.Р.) мирзое аз хоки поки Ҳиндустон барнахоста ва сафҳаи рӯзгор (аз – Б.Р.) навъи сухан ва санойеъи нозуки ин фан наёроста. Қариб (сад ҳазор байт куллиёти – Б.Р.) эшон хоҳад буд, ки бар забонҳо мазкур ва дар Ироқу Аҷам машҳур аст. Дар тасаввуф ғулӯ доштанд ва ин (илмаро – Б.Р.) аз беҳтарин илмҳо мепиндоштанд. Роқим Анандроми Мухлис муддате мумтад ашъори худро аз назари маънипарвараш гузаронида ва ба перояи ислоҳ расонида. Дар китобхонаи фақир девони эшон аст ва ба сурату маънӣ ҳарду ба ҷилва омада.
Шабеҳи эшон низ равнақафзои варақи охири девон. Дар соли як ҳазару як саду сиву се вадиъати ҳаёт супурданд. Дар саҳни ҳавлӣ қабри эшон аст ва зиёратгоҳи мӯътақидон. Ҳар сол маҳфили урсаш мунъақид мешавад ва шуъарои шаҳр бар сари хоки пок ҳозир гардида, сӯҳбат гарм месозанд ва ба хондани ашъори сеҳросор мепардозанд» (Ориёно, 1333, № 10).
Гуфтан лозим аст, ки матни суханони Мухлис ҳам дар маҷаллаи «Ориёно» ва ҳам дар бахши иловаҳои рисолаи устод Халилӣ «Файзи қудс» ба табъ расидааст. Вале чи аз навиштаи устод Халилӣ ва чи аз шарҳи маҷалла маълум намегардад, ки саҳифаи дастхати Бедил саҳифаи алоҳида аст ё варақе аз ягон китоб? Аз рисолаи устод Халилӣ ин қадар фаҳмида мешавад, ки ин саҳифа дар китобхонаи шахсии Муҳаммад Шафеъ ном муҳаққиқи лоҳурӣ маҳфуз будааст ва донишманди Афғонистон Сарвахон Гӯёи Эътимодӣ фотонусхаи онро ба Кобул оварда, дар маҷаллаи мазкур ба табъ расонидааст. Дар он саҳифа ҳашт байт аз ду ғазали Бедил бо дасти худи шоир сабт шудааст. Инак, он байтҳоро нақл менамоем:
Пирӣ видоъи умри сабукбол во намуд,
Мӯи сафед об ба ғирбол во намуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё