ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Салоҳуддини Салҷуқӣ дар хусуси мудохалаи бегонагон ба рубоиёти Бедил ба тафсил сухан ронда, аз овардани мисолҳо худдорӣ кардааст ва ин худдорӣ кардани ӯ бесабаб нест.
Зеро дар манбаъ ё худ сарчашмаи фикри ӯ, яъне гуфтаҳои устод Айнӣ, низ ин гуна мисолҳоро намебинем.
Бо он ки дар фазилати шеършиносии устод Айнӣ шакку шубҳае нест, дар масъалаи ҳаҷвияҳои нашри Сафдарии Куллиёти Бедил бо ӯ ҳамфикр шудан душвор аст. Ин ҳаҷвияҳо, бидуни шак, ба қалами Бедил тааллуқ доранд. Тавре ки муҳаққиқи дигари Бедил Асадуллоҳ Ҳабиб дар мақолае бо номи “Бедилшиносӣ дар Иттиҳоди Шуравӣ (маҷаллаи “Адаб” Кобул, 1352 № 5-6) навиштааст, танқид ва мазаммати рофизиву хориҷӣ на танҳо дар рубоиёти Бедил, инчунин дар ашъори дигари ӯ, аз ҷумла дар таркиббандаш, низ ба назар мерасад.
Таркиббанди шоирро дар аксар нусхаҳои хаттии осори ӯ, аз ҷумла дар қадимтарин нусхаи Куллиёташ, ки дар солҳои 1134-1136 ҳиҷрӣ (1721-1724 милодӣ) китобат шудаасту дар Китобхонаи оммавии шарқии Худобахш (ш. Патнаи Ҳиндустон) маҳфуз аст, дидан мумкин аст. Мазаммати рофизӣ дар чанд ҷои “Чорунсур” низ ба назар мерасад. Ва ниҳоят худи шоир ҳам ба ин мавзӯи эҷодиёташ борҳо ишора кардааст. Чунончи, дар рубоие гуфтааст:
Чанде сайри мазоҳибам буд ҳавас,
Бо рафзию хориҷӣ задам ҳарза нафас.
Охир маълум шуд, ки дур аз манзил
Раҳрав пасту баланд мебинаду бас.
Дар хусуси нашри Сафдарии Куллиёти Бедил ҳаминро гуфтан даркор аст, ки ин нашр аз ҷумлаи нашрҳои нисбатан саҳеҳи осори шоир аст. Бар хилофи баъзе нусхаҳои хаттӣ ва нашрҳои кобуливу теҳронии Куллиёт, дар ин нашр ҳодисаи ҷой доштани ашъори шоирони дигар то кунун ба назар нарасидааст.
Дар охири ин мақола таъкиди ин маъниро зарур мешуморем, ки мурод аз навиштани ин сатрҳо танқид ё мазаммати муҳаққиқони афғонистонӣ набуда, балки таъйиди ин ҳақиқат аст, ки рисолаи устод Айнӣ дар Афғонистон агарчи ба табъ нарасида, вале мавриди истифода ва мутолиаи муҳаққиқон қарор доштааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё