ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Дар рисолаи устод Айнӣ мехонем: “Иқтидори шеърии Бедил бисёр баланд ва табъи ӯ дар шеъргӯӣ аз ҳад зиёд равон ва дар маҳсулдиҳӣ ҳимати ӯ олист. Агар дар ғазал ҳадди миёнаи шоирони дигар 7 байт ва бисёраш 9 байт бошад, Бедил ғазалҳои 9 байтӣ кам дорад ва бештарини ғазлҳои ӯ 15 байтист. Бештарин дар як вазну қофия аз ду – се то чор ғазал мегӯяд.
Инчунин қасидаҳои Бедил 150 байт то 170 байтро дарбар мегиранд. Иқтидори Бедил дар вазнҳои ғайримаъруф, ки дар куллиёташ дар зери унвони “номатбӯъ” дарҷ шудаанд, боз ҳам зиёдтар намоён мегардад”.
Муҳаққиқи дигаре, ки аз рисолаи устод Айнӣ истифода кардаасту аз он ном набурдааст, муаллифи китоби “Нақди Бедил” (Кобул, 1343 ш.) Салоҳуддини Салҷуқӣ мебошад.
Пеш аз он ки факти истифодаи ӯро аз рисолаи устод Айнӣ бо далелҳо исбот намоем, аввал ба андешаҳои худи устод Айнӣ ошно мешавем. Устод Айнӣ дар рисолаи хеш аз нусхаи аслии Куллиёти Бедил ва чигунагии нашри Сафдарии он сухан карда, навиштааст, ки баъзе сохтакорони беинсоф барои мақсадҳои фосид ба номи Бедил порчаҳои шеърӣ сохтаанд ва ноширони нашри Сафдарии Куллиёти ӯ он порчаҳоро шеъри Бедил пиндошта, ба Куллиёти вай дохил кардаанд. Сабаб ҳамин аст, ки идома додааст устод Айнӣ, дар нашри Сафдарии Куллиёт чизҳое даромадаанд, ки бо мулоҳаза ва муҳокамаи чуқуртар асари ин шоир набуданашон маълум мешавад. Ба ақидаи устод Айнӣ, рубоиёте ки дар ҳаҷви рофизиён гуфта шудаанд, аз ҷумлаи ҳамин гуна шеърҳои сохтаву бегона мебошанд. Устод Айнӣ менависад:
“Дар чанд ҷои нусхаи чопии куллиёти Бедил, хусусан дар рубоиёт, ҳаҷви рофизиён аст. Ин ҳаҷвияҳо чунон беадабона тартиб ёфтаанд, ки шӯрапуштони кӯчакӣ ҳам аз гуфту шуниди ин гуна суханҳо шарм медоранд”.
Устод Айнӣ таъкид кардааст, ки роҳ ёфтани шеърҳои бегона ба Куллиёти шоир ҳодисаи тасодуфӣ набуда, балки натиҷаи як қасди бад аст ва ин қасди бадро касоне кардаанд, ки дар низоъҳои мазҳабӣ манфаатдор мебошанд.
Акнун фикри дар ҳамин мавзӯъ баён кардаи Салоҳуддини Салҷуқиро аз назар мегузаронем. Ӯ менависад: “Чун рубоиёти Бедил аз сатҳи ғазалиёти ӯ поинтар аст, гумон меравад ба дастае аз мардум орзуи он пайдо шудааст, ки дар рубоиёти ӯ мудохала кунанд. Ва ман баъзе рубоиёти ӯро мебинам, ки лаккаи тӯҳматест бар домони назоҳати сӯфиёнии ӯ. Ва ин яке аз далоилест, ки ин гуна рубоиёти хориҷи маслаки ӯ аз худаш нест”.
Мурод аз рубоиёти “хориҷи маслак” муаллиф рубоиётеро дар назар дорад, ки дар мазаммати рофизиён эҷод шудаанд. Ба фикри муаллиф, ин гуна рубоиёт дар мазмун ба боқии ашъори ӯ “на ҳамоҳангӣ доранду на ҳамсибғаи баарзе аз услуби Бедил дар онҳо дида мешавад”.
Салоҳуддини Салҷуқӣ мудохала ба осори гузаштагонро ҳодисаи маъмул дониста, таъкид кардааст, ки “ин тавр мудохалатро мардум дар ҳама ҷо намудаанд, ки Бедилу Ҳофиз ва Мавлоно низ аз дастбурди эшон маҳфуз намондаанд”. Аммо, таъкид кардааст Салҷуқӣ, онҳо, яъне мудохалакунандагон, фикр накардаанд, ки сӯфии ваҳдатулвуҷудӣ, ки мехоҳад байни олами ваҳдату олами касрат, байни итлоқу тақйид, байни моддаву маънӣ роҳи иттиҳоди шуурӣ пайдо кунад, чӣ тавр орзуманди он хоҳад шуд, ки байни ду бародари мусулмон – суниву шиъа тафриқи бияндозад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё