Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳайрат ба кори дил гираҳе зад, ки чун гуҳар Натвон-ш ним уқда ба сад сол во намуд.
Ҳар ҷо чу соя номаи ибрат кушудаем,
Бояд ҳамин сиёҳии аъмол во намуд.
Эй руста зи гулзорат он наргиси ҷодуҳо,
Соди қалами тақдир бо мисраъи абрӯҳо.
Мо саҷдасириштонро ҷуз аҷз паноҳе нест,
Уммеди расо дорем чун сар ба таҳи мӯҳо.
Ин олами андӯҳ аст, ёрон, тараб ин ҷо нест, Ҷамъият агар хоҳӣ, пешониву зонуҳо.
Ҳар кас зи назарҳо ҷаст, аз хок бурун наншаст, Вомондаи ин саҳрост гарди рами оҳуҳо.
Қонеъсифатон, Бедил, бар моидаи қисмат
Чун мавҷи гуҳар боланд аз хӯрдани паҳлӯҳо.
Ва он нусхаи девони Бедил, ки замоне зинатбахши китобхонаи Мухлис буд, хушбахтона, то имрӯз маълум ва маҳфуз аст. Ин нусха феълан дар китобхонаи Донишгоҳи исломии Алигарҳ (захираи Ҳабибганӣ) нигоҳ дошта мешавад. Бино бар қавли Абдулғанӣ, соҳиби нусха Анандроми Мухлис дар он ибороти зайлро сабт намуда, ба хати Бедил таъаллуқ доштанашро таъкид кардааст. Ӯ навиштааст: «Ба дастхати Мирзо Бедил алайҳурраҳма.
Фақир Анандроми Мухлис аз назари Мирзосоҳиб гузаронида, ин маънӣ ба сиҳат расида»
(Абдулғанӣ, Аҳвол ва осори Бедил, с. 104).
Манбаъи ниҳоят муҳим ва пурарзише, ки доир ба Бедил маълумоти муфассалро дар бар дорад, «Сафинаи Хушгӯ» ном тазкираи Биндробандоси Хушгӯст, ки дар байни солҳои 1137- 1447 (1724-34) таълиф шудааст. Ин тазкира ягона маъхазест, ки ҳаёти Бедилро аз ибтидо то интиҳо нисбат ба дигар тазкираҳо муфассалтару мураттабтар инъикос намудааст.
Хушгӯ низ яке аз шогирдон ва ҳамнишинони Бедил буда, чунон ки дар ибтидои ин мақола гуфта шуд, дар сӯҳбату маҷлисҳои Бедил беш аз ҳазор бор иштирок кардааст. Ӯ баъзе аз сӯҳбатҳои Бедилро ба риштаи таҳрир кашида, онҳоро дар китобе бо номи «Малфузоти Бедил» мураттаб намудааст. Ин китоб, мутаассифона, то ба имрӯз дастраси аҳли таҳқиқ нагардидааст.
Гуфтан лозим аст, ки аксари лаҳзаҳои маълумоти Хушгӯ мушоҳадаҳои худи ӯянд. Ӯ танҳо дар баъзе мавридҳо аз осори худи Бедил, аз ҷумла «Чорунсур», низ истифода кардааст.
Чунончи, маълумоти ӯ дар хусуси таърихи таваллуд, давраи кӯдакӣ, вафоти падар, замони ба мактаб рафтан, аввалин бор шеър гуфтан ва тарки таҳсил намудани Бедил дар асоси «Чорунсур» таҳрир ёфтаанд. Ҳамчунин лаҳзаҳои марбут ба амаки шоир Мирзо Қаландар низ нақл аз асари мазкуранд. Дар баъзе мавридҳо таъбироту ҷумлаҳои «Чорунсур» дар «Сафинаи Хушгӯ» айнан оварда шудаанд.
Хушгӯ пеш аз баёни тарҷимаи ҳоли Бедил ӯро бо таъбирҳои «қиблаи лафзу Каъбаи маъонӣ», «кадхудои сухан ва худованди сухандонӣ» таърифу тавсиф намуда, дар васфи камолот ва истеъдоди вай чанд шеър низ гуфтааст. Яке аз он шеърҳо ин аст:
Мирзо Бедил, ки раҳнамои сухан аст,
Пайғамбару ғавсу пешвои сухан аст.
Яктост дар офаридани тарзи калом,
Бошад, ки пайи сухан худои сухан аст.
Хушгӯ аз қавму қабила ва аслу насаби Бедил ёд карда, чун Шералихони Лудӣ ӯро аз қабилаи арлоси муғул донистааст: «Он ҳазрат навиштааст Хушгӯ – аз қавми муғул (аст) дар муғулони барлос, ки чаҳор қисм мебошанд» («Сафинаи Хушгӯ», Патна, 1959, саҳ. 104).
Хушгӯ дар хусуси оғози фаъолияти эҷодии Бедил сухан ронда, навиштааст, ки шоир дар ибтидо «Рамзӣ» тахаллус мекард. Сабаби тағйири тахаллус кардани ӯ, гӯё, қитъаи зерини Саъдӣ будааст, ки дар дебочаи «Гулистон»-и ӯ мавҷуд аст:
Гар касе васфи ӯ зи ман пурсад,
Бедил аз бенишон чӣ гӯяд боз?

пешина
аз 250
навбатӣ