Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ошиқон куштагони маъшуқанд,
Барнаояд зи куштагон овоз.
Хушгӯ менависад, ки баъд аз мутолаъаи ин қитъа Бедилро эътизозу риққати зиёд даст дод ва аз рӯҳи пурфутӯҳи қиблаи Шероз, яъне Саъдӣ, истимдод ҷуста, лафзи «бедил»-ро тахаллуси муборак қарор дод. (Ниг.: «Сафинаи Хушгӯ», с. 107).
Қобили қайд аст, ки Хушгӯ дар баробари сабти маълумоти боло роҷеъ ба маънои тахаллуси шоир низ изҳори назар кардааст. Ӯ дар тавзеҳи маънои тахллуси шоир хусусияти сермаъноии калимаи «бедил»-ро хотирнишон намуда, таъкид намудааст, ки тахаллуси шоир ба маънои беҳушу фаромӯшхотир аст (Дар ин бора ниг. ба мақолаи «Маънои тахаллуси Бедил»).
Хушгӯ низ ба мисли Шералихони Лудӣ ва Вориди Теҳронӣ дар бораи ба мулозамати Аъзамшоҳ пайвастани Бедил хабар дода, сабаби тарки мулозамат намудани ӯро ба таври дигар баён намудааст. Ӯ ин амалро ба ягон воқеъаи тасодуфӣ вобаста накарда, навиштааст, ки «чун ҷазба даррасид, таморуз намуда, аз хидмати шоҳӣ мустағнӣ гардид» («Сафинаи Хушгӯ», с. 108). Яъне чун дар дили ӯ хоҳиш пайдо шуд, ки тарки хидмат намояд, худро бемор вонамуд сохта, тарки мулозамат намуд.
Тавре ки дар ҷои дигар навтштаем, тарки хидмат карзани Бедил сабабҳои дигар низ дорад.
Яке аз ин сабабҳо ба ҷое расидани синну соли шоир аст. Сабаби дигари ин кор ба фаъолияти эҷодии шоир мусоъадат накардани муҳит ва шароити сипоҳигарист. Ва ниҳоят ангезаи дигаре, ки Бедилро ба тарки хидмат водор намуд, бадамнӣ ва нооромиҳои охирин мавзеъи хидмати ӯ шаҳри Матҳро мебошад.
Хушгӯ илова бар он, ки доир ба робитаи Бедил бо Аъзамшоҳ ба тафсил сухан рондааст, дар бораи муносибати шоир бо ҳокимони дигари аср – Аврангзеб, Баҳодуршоҳ, Фаррухсияр, Низомулмулк, Оқилхони Розӣ, Шукруллоҳхони Хофӣ ва дигарон низ маълумотҳои муфидеро сабт намудааст.
Хушгӯ дар бораи Бедил бо маълумотҳои умумӣ иктифо накарда, баъзе лаҳзаҳои конкретии ҳаёт ва бархе аз хислатҳои шахсии ӯро низ гӯшрас намудааст. Чунончи, дар хусуси симои зоҳирӣ, одоби сӯҳбат, тарзи такаллум ва шеваи шеърхонии шоир ин тавр навиштааст: «Болои волояш дар тӯли миёна буд ва арзи паҳноварӣ бисёр дошт. Ҷамоле ёфта буд ҳамранги камол, чашмҳо хуҷаста ва абрувон калиди дарҳои баста. Тахтаи пешонии ӯ вустаъе дошт, ки гӯӣ, қалами тақдир ҷамеъи камолоти инсонӣ бар ӯ муртасим карда…
Ҳангоми такаллум сухан ба оҳистагӣ ва ҷудо-ҷудо мефармуд, ки гӯӣ, гуҳарборӣ мекард ё гулафшонӣ менамуд. Оҳистагии каломаш ба ҳадде буд, ки сафнишинони муаххар кам мешуниданд… Аммо шеърро ба салобат ва маҳобате хондӣ, ки гӯши мустамеъон боз шудӣ ва аз беруни дарвоза дар кӯча маълум шудӣ, ки ҳазрат шеър мехонад. Ва муқаррар карда буд, ки тамоми рӯз андаруни маҳал ба танҳоӣ ва таҷарруд нишаста, бо сухан сӯҳбат медошт ва сари шом ба девонхона ташриф оварда, то ними шаб нишастӣ ва ақсоми ҳикоёту амсоли коромаданӣ дар миён овардӣ… Аксар авқот, ки дар гап заданҳо зиёда гузаштӣ, фармудӣ, ки ёрон, алҳол бояд зикри худой, ки киноя аз шеърхонӣ бошад, дар миён ояд» (Ҳамон ҷо, с.
112).
Лаҳзаи конкретии дигаре, ки дар тазкираи Хушгӯ инъикос ёфтааст, рӯзҳои беморӣ ва соъатҳои охирини зиндагии шоир аст. Бино бар навиштаи Хушгӯ, бемории охирини Бедил беш аз як ҳафта тӯл накашидааст. Ӯ дар ин бора навиштааст: «Дар соли ҳазору саду сиву сеюм… ҳазрати Мирзо Бедилро дар моҳи муҳаррам оризаи таб рӯй дод. Чаҳор рӯз ба ҳарорат гузашт. Баъд аз он таб муфорақат кард. Эшон ғусл фармуданд. Рӯзи дуввум аз ғусл ба таърихи сеюми сафар, рӯзи чоршанбе вақти шом боз ҳарорат авд кард ва тамоми шаб монд…

пешина
аз 250
навбатӣ