ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Дар ҳар ҳол осори яъс ба назар омадан гирифт ва то субҳ ҳол дигаргун шуд. Явми панҷшанбе чаҳоруми моҳи сафар шаш гҳарии рӯз (воҳиди вақт – Б.Р.) баромада, ҳумои рӯҳи пурфутӯҳи он зинда ба ишқи сармадӣ аз ошёнаи тан болу пар афшонда, бар сокинони арши муъалло соя андохт ва ба висоли ҳақиқӣ комёб гардид. Дар ҳавлии иқоматгоҳ, ки чабутре барои қабри худ аз муддати даҳ сол рост карда буданд, ба хок супурданд» («Сафинаи Хушгӯ», с. 121).
Хушгӯ илова кардааст, ки пас аз гӯронидани Бедил аз зери болини ӯ як ғазал ва як рубоъӣ пайдо шуда, зуд иштихор ёфтанд. Рубоъӣ ин аст:
Бедил, калафи сиёҳпӯше нашавӣ,
Ташвиши гулӯи навҳакӯше нашавӣ.
Бар хок бимиру ҳамчунон рав бар бод,
Маргат сабук аст, бори дӯше нашавӣ.
Маълумоти Хушгӯ доир ба маҳалли иқомати Бедил дар шаҳри Деҳлӣ низ ҷолиби диққат аст. Зеро, чунон ки дидем, ҳавлии шоир, мадфани ӯ низ ба ҳисоб меравад. Муаллифони пешин, аз ҷумла Даргоҳқулихони Солорҷанг ва Анандроми Мухлис, аз мадфани шоир ёд намуда, дар хусуси маҳалли воқеъшудаи он чизе нагуфтаанд. Танҳо Хушгӯ ба ин масъала равшанӣ андохтааст. Ба қавли ӯ, ҳавлии Бедил беруни Деҳлидарвоза, дар маҳаллае бо номи Каҳгариён воқеъ гардида будааст (Ниг.: «Сафинаи Хушгӯ», с. 109). Чун Бедилро дар саҳни ҳавлии худи ӯ гӯронида буданд, қабри ӯ низ мебоист, ки дар маҳаллаи мазкури Деҳлӣ мавҷуд мебуд. Вале бо вуҷуди он, ки Деҳлидарвоза то ба имрӯз дар ҷой аст, аз қабри Бедил ному нишоне боқӣ намондааст. Қабре, ки дар наздикии Қалъаи кӯҳнаи Деҳлӣ бо номи «Оромгоҳи Мирзо Абдулқодири Бедил» мавҷуд аст, дар солҳои сиюми асри XX пайдо шудааст ва ба Мирзо Бедил муносибате надорад. (Дар ин бора ниг. ба мақолаи «Марқади дурӯғини Бедил»).
Хушгӯ дар баробари овардани маълумоти муфассал роҷеъ ба ҳаёти Бедил дар хусуси осори шоир, аз ҷумла дар бораи асарҳои алоҳидаи ӯ, низ ахбори муҳиме дарӣ намудааст, ки назири онро дар маъхазҳои дигар пайдо намекунем. Ӯ навиштааст: «Куллиёте аз он ҳазрат ёдгор аст, ки шумори тамоми абёти он наваду нӯҳ ҳазор байт аст… Аз он ҷумла ёздаҳ ҳазор байт нусхаи «Ирфон» аст дар баҳри «Ҳадиқа»-и Ҳаким Саноӣ, ки бар ин маснавӣ ноз мекард.
Чунончи, аксар аз забони муборакаш шунидаам, ки мегуфт, он чӣ мо дорем, нусхаи «Ирфон»
аст. Ва онро дар муддати сӣ сол ба итмом насонид. Ва дигар чаҳор ҳазор байт маснавии «Тилисми ҳайрат» дар баёни имтизоҷи рӯҳ бо мизоӣ ва шарҳи хусусиёти олами сағирҷасад дар баҳри «Юсуфу Зулайхо», ки матлаъаш ин аст:
Ба номи он ки дил кошонаи ӯст,
Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.
Ва дар ҳамин баҳр се ҳазор байт маснавии «Тури маърифат» дар аҳволи сайри кӯҳистон ва хусусиёти вилояти Байрот, ки ҳамроҳи Шукруллоҳхон – фавҷдори он ҷо ташриф бурда буданд. Ду ҳазор байт соқинома мусаммо ба «Муҳити аъзам». Як ҳазор байти дигар маснавии «Танбеҳулмуҳаввисин» дар мазамати кимиё, ки ҳаргиз мӯътақиди он набуданд.
Ҳазор байт тарҷеъбанд ҷавоби Фахриддини Ироқӣ ва ҳафт ҳазор аз қасоиду таркиббанд ва муқаттаъоту тавориху мухаммасот ва мураббаъу мустазоду ашъори саноеъ. Се ҳазор байт ҳазлиёту ҳашт ҳазор байту чаҳор ҳазор рубоъӣ. Ва миқдори даҳ ҳазор байт насри «Чорунсур»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё