Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ва бақия панҷоҳу чанд ҳазор байт ғазалиёт дар аксоми буҳур ва заминҳои шигифту тарҳи нав, ки ӯҳдабароии ҳар як аз кори ҳиммати баланди ӯст» («Сафинаи Хушгӯ», с. 125).
Хушгӯ пеш аз забти намунаҳо аз ашъори Бедил навиштааст, ки Мирзо «баёзе ба дастхати худ аз ашъори ғазалиёт интихоб фармуда навишта ва онро ба фақир иноят кардаанд»
(«Сафинаи Хушгӯ», с. 125).
Мо медонем, ки Бедил аз осори шоирони форсигӯ – аз Хоқонӣ то муъосирони худ – баёзе тартиб карда буд, ки як нусхаи аз он дар Музеи Британия маҳфуз аст ва дар феҳристи Рё тавсиф низ шудааст. Доир ба мӯҳтавиёти ин баёз дар рисолаи Абдулғанӣ «Аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедил» (Кобул, 1351) маълумоти зарурӣ дарӣ аст. Вале баёзе, ки Хушгӯ аз он ёд кардааст, чизи тамоман дигар аст. Аз ин бар меояд, ки Бедил ду баёз тартиб дода будааст. Яке баёзи намунаҳо аз осори шоирони дигар, дуввум баёзи мунтахаби абёт аз ғазалиёти худи ӯ. Бино бар қавли Хушгӯ, тамоми намунаҳо аз ашъори Бедил, ки дар «Сафинаи Хушгӯ» сабтанд, интихоб аз баёзи дуввуманд. Аз ин рӯ ин намунаҳоро мунтахаби он баёз низ ҳисобидан мумкин аст.
Хушгӯ аввалин муаллифест, ки роҷеъ ба мавзӯъҳои умдаи осори Бедил ва хусусиятҳои асосии шеъри ӯ сухан кардааст. Ӯ навиштааст: «Он ҳазрат дар фаҳми маънии тавҳид ва маъориф пояи баланд дошт. Илми тасаввуф хуб варзида буд ва масоили онро аз комилони ин фан ба таҳқиқи камол расонида. Дар ин муқаддима Ҷунайду Боязиди вақти худ буд. Басо муқаддамоте, ки Мавлавии Рум дар «Маснавӣ» ва шайх Ибни Арабӣ дар «Фусусулҳикам»
баён карда, он ҳамаро ба шарҳу басти тамом бо ташбеҳоти тозаву обу ранги беандоза дар каломи худ баста. Чун намаки ҷамеъи ақсоми сухани шӯрангез тавҳид аст, дар сухансароӣ тарзи баланде ихтиёр фармуда, тавре ки маҷози ӯ ҳам ранги ҳақиқат дорад. Агар, билфарз, шеър ба дашноми касе мегуфтанд, сарриштаи тавҳид аз каф намедоданд. Дар ҳама ашъораш ин риъоят манзур аст ва ӯ дар ин фан аз устодонест, ки соҳиби тарзи хос шудаанд. Ва аз замоне, ки забон ба сухан ошно шуд, ин тарзи махсус ба дасти касе наяфтода. Корҳое, ки ӯ карда, мақдури касе нест» («Сафинаи Хушгӯ», с. 115).
Нуктаи ҷолибе, ки аз ин иқтибос бар меояд, он аст, ки ба ақидаи Хушгӯ, бо сабаби баландии тахайюул ва вуқуъи комид дар тасаввуф, мавзӯъҳои дунявӣ ва ҳатто ашъори ҳаҷвии Бедил низ рангу оҳанги орифона доранд.
Дар воқеъ, ин фикри Хушгӯ беасос нест. Чанде аз ғазалҳои Бедил, ки ҳамчун назми сӯфиёна шинохта шудаанд, дар асл масоили гуногуни дунявиро инъикос намудаанд.
Маълумоти Хушгӯ доир ба асарҳои ҷудогонаи Бедил ва мавзӯъу мундариҷаи онҳо низ ҷолиби диққат аст. Чунончи, ӯ роҷеъ ба бузаргтарин асари манзуми шоир «Ирфон» сухан карда, илова кардааст, ки маснавӣ «саросар гуфтугӯи тасаввуф ва маъориф дорад».
Ё худ ӯ дар бораи маснавии «Муҳити аъзам» ва тафовути он аз «Соқинома» ном асари Зуҳурии Туршезӣ (ваф. 1616) чунин навиштааст: «Сарҷӯши хумистони фикрҳои ӯст. Мулло Зуҳурӣ соқинома шоирона гуфта ва эшон (Яъне Бедил Б.Р.) ҳама муваҳҳидона».
Бедил тарҷеъбанде дорад, ки дар ҷавоби тарҷеъбанди шоири намоёни асри XIV Фахриддини Ироқӣ эҷод шудааст. Бандҳои такрори ин ду тарҷеъбанд инҳоянд:
Ироқӣ:
Ки ба чашмони дил мабин ҷуз дӯст,
Ҳар чӣ бинӣ, бидон, ки мазҳари ӯст.

пешина
аз 250
навбатӣ