Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бедил:
Ки ҷаҳон нест ҷуз таҷаллии дӯст,
Ин ману мо ҳама изофати ӯст.
Хушгӯ дар хусуси ин тарҷеъбандҳо сухан карда, роҷеъ ба мавзӯъ ва тафовути мазмунии онҳо низ изҳори назар намудааст. Ӯ навиштааст, ки «Ироқӣ гуфтугӯи соликона карда ва ҳама ашёро мазоҳир қарор дода ва ақидаи ориф ин аст, ки ашёро айни зот донад. Эшон (Яъне Бедил – Б.Р.). орифона гуфтаанд» («Сафинаи Хушгӯ» с. 120).
Хушгӯ агарчи аз шогирдону ҳамнишинони Бедил буд, навиштаҳои ӯ низ аз иштибоҳот ва норасоиҳо холӣ нестанд. Аввалин иштибоҳе, ки Хӯшгӯ ба он роҳ додааст, ин аст, ки ӯ зодгоҳи шоирро шаҳри Акбаробод гуфтааст. Вале, чунон ки гуфтем, аксари тазкиранависон шаҳри Патнаро зодгоҳи Бедил медонанд ва ҳамин ақида бояд дуруст бошад. Зеро, чунонки аз «Чорунсур» бармеояд, даврони кӯдакӣ ва наврасии Бедил дар Патна ва минтақаҳои атрофии он сипарӣ шудааст. Илова бар ин, Бедил дар хусуси банголӣ будани худ, гӯё, ишорае ҳам кардааст. Ӯ навиштааст:
Мо, сияҳбахтон ҳубоби гиряи навмедием,
Хона бар об аст як сар мардуми Банголаро.
Чунон ки маълум аст, Патна пойтахти вилояти Биҳор ва Биҳор минтақае аз кишвари Бангола аст. Вале Акбаробод яке аз шаҳрҳои шимоли Ҳинд аст ва шимоли Ҳинд дар замони Бедил бо номи «Ҳиндустон» ёд мешуд.
Хушгӯ дар хусуси оғози шоирии Бедил сухан карда, навиштааст, ки ӯ «аз мавлоно Камол ном соҳибкамол истифодаи касби шеър намуд». Вале ин ақида низ саҳеҳ нест. Мавлоно Камол шоир набуд. Ӯ аз уламои машҳури шариъат ва пешвоёни тариқаи қодирия ба шумор мерафт. Бедил ӯро аз ҷумлаи устодони маънавии хеш ҳисобида, як давраи муъайян ба азоиму таъвиза рӯй овардани худро натиҷаи таъсири ӯ донистааст. Аммо дар бораи ба шеъру шоирӣ сару кор доштан ва дар ин роҳ таъсире ба шоир бахшидани ӯ ишорае накардааст. Дар ҳоле ки роҷеъ ба сухансанҷӣ ва табъи мавзун доштани устодони дигараш Шоҳмулук, Шоҳфозил, Шоҳқосими Хуваллохӣ, Абулфайзи Маъонӣ, Шоҳкобулӣ ва амакаш Мирзо Қаландар маълумотҳои аниқ дода, намунаҳои ашъори баъзеи онҳоро иқтибос низ кардааст.
Хушгӯ баъди зикри аз хидмати Аъзамшоҳ рафтани Бедил илова намудааст, ки «он ҳазрат ба тариқи саёҳат рӯ ба Машриқ ниҳода, муддате дар ҳудуди мамолики Бангу Биҳор ва Урисса ба озодӣ ва бетаъйюнӣ ба сар бурд». «Аз он ҷо,

  • давом додааст Хушгӯ – ба таклифи Мири Комгор ба Ҳиндустон расида, чанде дар Акбаробод иқомат варзид» («Сафинаи Хушгӯ», с. 109).
    Вале ҳам аз «Руқаъот»-и шоир ва ҳам аз «Чорунсур»-и ӯ ба хуби маълум аст, ки Бедил баъди тарки хидмат ба мамолики Бангу Биҳор ва Урисса рӯй наоварда, ба Деҳлӣ омад ва то охири умр дар ин шаҳр сукунат варзид. Бедил дар вилоёти Биҳору Урисса иқомат кардааст.
    Вале иқомати ӯ дар ин ҷойҳо пеш аз замони навкариаш рух додааст. Иқомат дар Акбаробод ва робита бо Мирзо Комгор низ дар замони навкарии ӯ ба амал омадааст.
    Гуфтан лозим аст, ки Бедил баъд аз соли 1075 ҳиҷрӣ (1664-1665), ки ба сини 21 – солагии ӯ рост меояд, дигар бор ба кишвари Биҳору Бангола умуман бар нагашт ва то охири умр дар шаҳру вилоёти дигари Ҳиндустон – Деҳлӣ, Акбаробод, Панҷоб, Гуҷарот, Матҳро, Роҷистон ва ғайра зиндагӣ кард.
    Фикри Хушгӯ дар хусуси таърихи тааҳҳул, яъне замони хонадоршавии Бедил, низ ғалат аст. Ба ақидаи ӯ, Бедил пас аз тарки сипоҳигарӣ хонадор шудааст. Вале аз «Чорунсур»
пешина
аз 250
навбатӣ