ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
маълум аст, ки ӯ аввал тааҳҳул карду сипас ба хидмат пайваст. Таърихи ба хидмати Аъзамшоҳ рафтани Бедил, чунон ки гуфтем, соли 1081 ҳиҷрист. Вале таърихи издивоҷи ӯ санаи 1079 (1668-69) мебошад. (Ниг.: К.Б., ҷ. 2, Қитъаот, с. 136).
Хушгӯ навиштааст, ки Бедил дар синни 65-солагӣ соҳиби фарзанд шуд. Вале, бино бар ишораҳои худи шоир, таваллуди ягона фарзанди ӯ дар соли 1120, дар синни 66-солагиаш ба вуқӯъ пайвастааст. Яке аз таърихҳое, ки шоир дар валодати фарзандаш гуфтааст, ин аст:
Бедил, таърихи интихобафвоҳам
Бе рамзе нест, гар шавқ огоҳам,
Шасту шаш сол фард будам, к-аз ғайб
Абдухолиқ шуд «интихобуллоҳ»-ам.
Навиштаҳои Хушгӯ дар бораи ҳаҷми баъзе асарҳои Бедил низ ғалатанд. Чунончи, ӯ маснавии «Тури маърифат»-ро иборат аз 3000 байт дониста аст. Дар ҳоле ки ин асар чи дар нусхаҳои хаттӣ ва чи дар нашрҳои куллиёти Бедил аз 1200 байт беш нест.
Хушгӯ миқдори ғазалиёти Бедилро беш аз панҷоҳ ҳазор байт гуфтааст, ки зоҳиран, ин фикр низ муболиға аст. То кунун нусхае аз ғазалиёти шоир ба назар нарасидааст, ки ин миқдор ғазалро дар бар карда бошад. Яке аз мукаммалтарин нусхаҳои девони ғазалиёт нашри кобулии онҳост, ки тахминан 32-33 ҳазор байтро дар бар дорад. Нусхаи хаттие аз ғазалиёт, ки дар Архиви миллии Афғонистон зери № 83\23 маҳфуз аст, аз 3087 ғазал иборат аст, ки теъдоди умумии абёти он наздик ба 35 ҳазор аст. Бино бар қавли муҳаққиқе бо номи Муҳаммад Риёз, «алома Муҳаммад Иқбол ба зикри нусхае аз ғазалиёти Бедил пардохтааст, ки 36 ҳазор байт дошта ва замоне дар ихтиёри вай қарор гирифта» будааст. (Ниг.: Фаслномаи «Дониш», Исломобод, зимистони 1366, № 16, с. 143).
Хушгӯ пас аз зикри ҳаҷми куллиёт ва осори ҷудогонаи Бедил илова кардааст, ки ӯ ба миқдори се ҳазор байт ҳазлиёт навиштааст. Вале на дар нусхаҳои хаттии осори шоир ва на дар нашрҳои маълуми куллиёти ӯ бахши ҷудогонае бо номи «Ҳазлиёт», ки ин миқдор абётро дар бар карда бошад, дида намешавад. Магар чаҳор ғазал, ки дар баъзе нусхаҳои хаттии девони ӯ зери ҳамин унвон дарҷ гардидаанд (Ниг.: нусхаи № 117\14- Архиви миллии Афғонистон; нусхаи № 565 китобхонаи миллии Тоҷикистон ва нусхаи № 321 китобхонаи Салтиков – Шедрини Санкт - Петербург).
Матлаъҳои он чаҳор ғазал инҳоянд:
Ин қадар риш чӣ маънӣ дорад?
Ғайри ташвиш чӣ маънӣ дорад?
Бурут тофтанат гурбашонии ҳавас аст,
Ба риш мард шудан бузгумонии ҳавас аст.
Он ҷангҷӯ ба зоҳир агар пушт додааст,
Пинҳон даре зи фатҳи намоён кушодааст.
Ин давр даври ҳез аст, вазъи матин кӣ дорад?
Боди бурути мардӣ ғайр аз сурин кӣ дорад?
Хушгӯ дар баҳрҳои мухталифи арӯз ғазал гуфтани Бедилро зикр намуда, илова кардааст, ки сивои нуздаҳ баҳри арӯз баҳри бистумро эҷод намуд ва дар он баҳр ғазалҳо саранҷом дод.
Сипас ӯ аз ғазалҳои Бедил ба ҳайси мисол чаҳор байтро иқтибос кардааст, ки яке аз онҳо ин аст:
Чӣ бувад сару кори ғалатсабақон?
Дари илму амал ба фасона задан,
Зи ғурури далоили бехабарӣ
Ҳама тири хато ба нишона задан.
(«Сафинаи Хушгӯ», с. 125).
Байтҳое, ки Хушгӯ иқтибос кардааст, аз 19 баҳри маъмули арӯз берун нестанд. Ин байтҳо дар баҳри мутадорики шонздаҳрукна гуфта шудаанд ва чунон ки маълум аст, дар ин вазн пеш аз Бедил низ шоирон шеър гуфтаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё