Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бедил агарчи мухтареъи ягон баҳри арӯз нест, вале дар корбурди баҳрҳои ба истилоҳ ғайриматбӯъ маҳорати баланде дорад. Ӯ, шояд, ягона шоире бошад, ки дар баҳрҳои мазкур ашъори зиёде сурудааст. Дар нашри кобулии куллиёти ӯ, ки мукаммалтарин маҷмӯъаи чопии осораш ба шумор меравад, 56 ғазалу ду мухаммас дар баҳри комил, 24 ғазалу як қитъа дар баҳри мутақориби шонздаҳрукна, чаҳор ғазал дар баҳри мутадорики шонздаҳрукна ва як ғазал дар баҳри раҷази мусаммани мураффали матвӣ мавҷуд аст.
Инак аз ғазалҳои дар ин баҳрҳо эҷодшуда яктогӣ мисолро иқтибос менамоем:
Аз баҳри комил:
Чӣ фусурдагӣ балади ту шуд, ки ба маҳфили ману мо биё, Кӣ кушуд роҳи ғунуданат, ки дар ин фасонасаро биё.
Аз мутақориби шонздаҳрукна:
Тараб дар ин боғ мехиромад зи сози фурсат паём бар лаб, Зи наргис акнун мабош ғофил, ки най гирифтааст ҷом бар лаб.
Аз мутадорики шонздаҳрукна:
Майи ҷоми қаноъат агар бичашӣ, аламе зи ҷунуни ҳавас накашӣ, Чӣ кам аст уруҷи димоғи ғано, ки хумори таваққӯъи кас накашӣ.
Аз раҷази мусаммани мураффали матвӣ:
Дурии базмат дар ғаму шодӣ гар кунад ин май қисмати ҷомам, Субҳ нахандад бар рухи рӯзам, шамъ нагиряд бар сари шомам.
Таъкид намудан лозим аст, ки мавҷудияти иштибоҳоти мазкур дар «Сафинаи Хушгӯ»
арзиш ва аҳамияти онро коста нахоҳад кард. Ин асар ба ҳайси муҳимтарин маъхази шарҳи зиндагии Бедил боқӣ хоҳад монд.
Аз тазкираҳои асри XVIII «Риёзушшуъаро»-и Алиқулихон Волеҳи Доғистонӣ ва «Маҷмаъуннафоис»-и Сироҷидини Алихони Орзу низ дар кори тадқиқи осори Бедил дорои аҳамияти зиёде мебошанд. Маълумоте, ки муаллифи «Риёзушшуъаро» дар бораи Бедил овардааст, бештар ба мавзӯъот ва хусусиятҳои забони осори шоир дахл дорад. Ӯ низ чун Хушгӯ аз масоили тавҳид ва тасаввуф саршор будани осори Бедилро зикр намуда, ихтироъоту тасарруфоти ӯро дар забон махсус таъқид кардааст. Волеҳ навиштааст: «Аз орифони муҳаққиқ ва комилони мудаққиқ буда. Чошнии машраби тавҳид аз рақиқи каломаш пайдост ва ҳаловати мазоқи тасаввуф аз шакари гуфтораш ҳувайдо. Дар таҳқиқи масъалаи тавҳид ягона буд ва дар тарку таҷрид сарчашмаи замона. Ҳарчанд аксари ашъораш мувофиқи муҳовараи фусаҳои аҷам нест ва таркибҳои ғариб дар забони форсӣ ихтироъ намуда, аммо шеърҳои баланду барҷаста бисёр доранд. Пухтагии нафас аз гуфтугӯяш зоҳир аст. Агар забондоне сарфи авқот намуда, интихобе аз куллиёташ бардорад, маълум мешавад, ки соҳиби чӣ қадар моя будааст» (Риёзушшуъаро, нусхаи хаттии № 61\8) Архиви миллии Афғонистон).
Аз навиштаҳои Волеҳ чизе, ки боъиси эътироз шуда метавонад, он аст, ки гӯё, аксари ашъори Бедил мувофиқи муҳовараи фусаҳои аҷам набошад. Ин фикр, албатта, ғалат аст.
Мақсад аз «таркибҳои ғариб» Волеҳ калимаҳои мураккаби серҷузъа ва феълҳои мураккаберо дар назар дорад, ки дар байни осори фаровони Бедил ба ҳукми қатрае аз баҳр мебошанд.
Тавре ки муъосири дигари Бедил Саъдуллоҳи Гулшан гуфтааст, миқдори ин қабил калимоту таъбироти шоир аз 500 то 1000 адад беш нест (Ниг.: Сафинаи Хушгӯй, с. 116). Ва чунон ки хоҳем дид, муаллифони тазкираҳои баъдина ҳама акси ақидаи Волеҳро изҳор намудаанд.
Масалан, муаллифи тазкираи «Ништари ишқ» Ҳусайнқулихони Азимободӣ навиштааст, ки «аксар ашъори Мирзо мувофиқи қавоиди қудамо ва тарзи фусаҳост, чунон ки ба назари таъаммул маълум мешавад» (Ниг.: Наштари ишқ, ҷилди 1, Душанбе, 1981, с. 265).

пешина
аз 250
навбатӣ