ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Муаллифи «Маҷмаъуннафоис» Сироҷиддин Алихони Орзу аз бузургӣ ва истеъдоди Бедил ёд намуда, дар осори шоир фаровонии масоили тавҳид ва тасаввуфро таъкид намудааст. Ӯ ихтироъоту тасарруфоти Бедилро дар забони форсӣ нишонаи қудрат ва устодии шоир дониста, касонеро ки ба забони осори шоир эродҳо доранд, мазаммат кардааст. Орзу навиштааст: «Фирдавси ризвон пеши чаманороии табъаш дар хиёбони биҳишт хати аҷз ба бинӣ кашида ва шоҳиди баҳор дар муқобили рангинии мазоминаш аз норасоӣ ба хоку хун тапида. Агарчи аз илми зоҳир баҳраи кофӣ надошт, аз сӯҳбати бузургон ва сайри кутуби суфия он қадар моя рабуда, ки дар сарзамини шеър тамом тухми тасаввуф мекошт ва ба мартабае ошнои машраби тавҳид буд, ки ҳаҷву ҳазли ӯ низ бе завқи дарвешона набуд…
Санги зари сухансанҷон аст. Чун аз роҳи қудрат тасарруфоти «намоён дар форсӣ намуда, мардуми вилоят ва косалесони онҳо, ки аҳли Ҳинданд, дар каломи ин бузургвор суханҳо доранд. Фақир дар сиҳҳати тасарруфоти соҳибқудратони Ҳинд ҳеҷ сухан надорад, балки қоил аст. Ба ҳар қисм, Мирзо Бедил ҷомеъи фунуни шеър аст. Чи ғазал, чи маснавӣ, чи қасида, чи рубоъӣ ва шеъри ӯро тарзи хос аст ва дар наср низ бемислу беназир аст».
(Иқтибос аз рисолаи устод Халилӣ «Файзи қудс», Кобул, 1334, с. 64).
Зикри Бедилро дар «Тазкираи Ҳусайнӣ» ном асар низ дидан мумкин аст. Маълумоти ин асар бо вуҷуди нисбатан муфассал будан, маводи тазаро камтар дар бар кардааст. Муаллифи он Мирҳусайн Дӯсти Санбаҳлӣ роҷеъ ба алоқа ва дӯстии Бедил бо баъзе аз амирони аср чун Низомулмулки Осафҷоҳ, Шукруллоҳхони Хофӣ, Оқилхони Розӣ ахбороти тазкиранависони пешинро такрор намуда, ҳаҷми куллиёти ӯро иборат аз II осор (осор ба маънии воҳиди вазн) гуфтааст. Ӯ таъқид кардааст, ки куллиёти шоирро рӯзи урс паҳлӯи қабраш, ки дар Деҳлӣ воқеъ аст, мегузоранд ва аҳли зиёрат ашъор аз он мехонанд». (Ниг.: Тазкираи Ҳусайнӣ, нусхаи № 3121 Институти Шаркшиносии АИ Тоҷикистон). Дар «Тазкираи Ҳусайн» лаҳзаҳое низ ба назар мерасанд, ки дар дигар тазкираҳо сабт наёфтаанд. Дар ин ҷо ду лаҳзаеро, ки ба масъалаи ришу бурут тарошидани Бедил марбутанд, нақл менамоем. Лаҳзаи аввал ин аст:
«Гӯянд, Мирзо аз дастор ба пҳанта (порчае аз газвор - Б.Р.) ва аз риш ба бачаи риш иктифо карда буд. Зарифе ин байт бар пораи коғаз навишта, гузошта рафт:
Пҳантаву риш Мирзо Бедил,
Баччаву ришу баччаву дастор.
Чун назари Мирзо бар он коғаз афтод, барошуфт ва бар заҳраш ин рубоъӣ сабт кард:
Эй мағзи хирад, ғубори ташвиш мабош,
Амома наӣ, бузургиандеш мабош.
Гар як сари мӯст одамият, кофист,
Чун хирс зи фарқ то қадам риш мабош».
Лаҳзаи сонӣ ин тавр сурат гирифтааст: «Рӯзе Мирзо ба хонаи наввоб Низомулмулки Осафҷоҳ буд, ки Муҳаммад Аминхон – қотили наввоб Ҳусайналихон – омада дид, ки фақире ришу бурут тарошида нишастааст. Пурсид: кист? Наввоб гуфт: Мирзо Бедил. Истикроҳан ба Мирзо мегӯяд, ки ҳамин фақир номида, ки риш тарошида. Мирзо гуфт: Риши худ тарошидаам, дили касе нахарошида. Хони мазкур барҳам шуда даст ба ханҷар гузошт. Мирзо низ ҷавоне қавиҷуста буд, аз ин тараф муште бардошт. Навоби мушорунилайҳ (яъне Низомулмулки Осафҷоҳ – Б.Р.) дар миён афтода ва сулҳ дод. Мирзо бисёр далерӣ кард»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё