ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
(Тазкираи Ҳусайнӣ, с. 87-88).
Тазкиранависи маъруфи асри XVIII Мирғуломалии Озод ҳам дар тазкираи худ «Яди байзо», «Сарви озод» ва «Хизонаи омира» доир ба Бедил маълумотҳои зиёдеро дарӣ намудааст. Ин муаллиф «аз нажоди қавми арлос» будан ва дар балдаи Азимободи Патна ба дунё омадани шоирро зикр намуда, дар хусуси хизмати аскарӣ даст кашидани ӯ ахбороти Шералихони Лудиро такрор кардааст.
Озод аз ҷумлаи аввалин касонест, ки аз ҳодисаи дар саҳни ҳавлии худ гӯронидани Бедилро хабар додаст. Ӯ дар тазкираи «Яди байзо», ки соли 1148 (1735-36) таълиф шудааст, дар ин бора чунин овардааст: «Мирзо… дар санаи салоса ва сулсун ва мота ва алфа (1133) рахти ҳастӣ ба олами боқӣ кашида ва дар дорурулхилофаи Деҳлӣ, дар саҳни хонаи хеш мадфун гардида» (Яди байзо, микрофилми № 1197 ИШОХАИТ).
Озод аз алоқаи Бедил бо амирони аср Оқилхони Розӣ, Низомулмулки Осафҷоҳ, Шукруллоҳхони Хофиву писаронаш сухан карда, доир ба робитаи шоир бо яке аз амирони бонуфузи давр амиралумаро Сайид Ҳусейнқулихон низ рабти том буд. Дар айёме, ки амиралумаро ба назми мамолики Дакан мепардохт, Мирзо ин ду байт ба Шоҳиҷаҳонобод ба амиралумаро навишт:
Эй нашъаи паймонаи қудрат, ба чӣ корӣ?
Мастиасарӣ? Ё пайи тороҷи хуморӣ?
Май дар қадаҳӣ? Гулбасарӣ? Ҷомбадастӣ?
Ранги чаманӣ? Мавҷи гулӣ? Ҷӯши баҳорӣ?
(Сарви озод, Ҳайдарободи Дакан, 1913, с. 148).
Ду байти мазкур иқтибос аз ғазале ҳастанд, ки аз даҳ байт иборат аст ва дар куллиёти шоир мавҷуд аст (Ниг.: К.Б., ҷ. 2, рубоъиёт, саҳ. 431). Аз ин рӯ, имкон дорад, ки ин ғазал пурра ба Ҳусайналихон бахшида шуда бошад.
Маълумоти Озод роҷеъ ба таърих гуфтани Бедил дар вафоти подшоҳи вақт Муҳаммад Фаррухсияр (1713-1719) низ ҷолиби диққат мебошад.
Тавре ки маълум аст, дар соли 1131 (1719) Муҳаммад Фаррухсияр бо дасти вазири аъзами худ сайид Абдуллоҳхон ва бародари ӯ амиралумаро сайид Ҳусайналихон ба қатл расонида шуд (Ниг.: Сафинаи Ҳиндӣ, Патна, 1958, с. 269).
Бино бар қавли Озод, яке аз онҳое, ки ба ин муносибат таърих гуфтаанд, Бедил будааст.
Озод дар ин бора навиштааст: «Баъди барҳам задани Муҳаммад Фаррухсияр таърихи табъзоди Мирзо «Содот ба вай намакҳаромӣ карданд» шӯҳрат гирифт. Мирзо мутаваҳҳим шуда, дар соли 1131 аз Деҳлӣ ҳаракат ба ҷониби Лоҳур кард. Абдуссамадхон нозими Лоҳур ба таъзим ва такрими тамом пеш омад ва хадамоти шоиста ба тақдим расонид. Ва чун давлати содот (яъне бародарони Ҳусайналихони ва Абдуллоҳхон - Б.Р.) анқариб барҳам хӯрд, Мирзо дар ҳамон айём бо Шоҳиҷаҳонобод муъовадат намуд». (Сарви озод, с. 148).
Матни пурраи таърихи мазкур, ки дар «Саври озод» сабт ёфтааст ин аст:
Дидӣ, ки чӣ бо шоҳи гиромӣ карданд,
Сад ҷавру ҷафо аз раҳи хомӣ карданд.
Таърих чу аз хирад биҷустам, фармуд:
«Содот ба вай намакҳаромӣ карданд».
(Сарви озод, с. 91).
Чунон ки дидем, Озод навиштааст, ки пас аз иштиҳори таърихи мазкур Бедил мутаваҳҳим шуда, ба Лоҳур рафт ва дар ҳузури субадори Лоҳур Абдусаммадхон муддате ба сар бурд.
Дар хусуси то чӣ андоза воқеъият доштани ин маълумоти Озод чизе гуфта наметавонем.
Аммо ин чиз мусаллам аст, ки Абдуссамадхон, ки бо тахаллуси «Сухан» шеър мегуфт, яке аз шогирдон ва муътақидони Бедил буд ва то соли 1139 (1726) субадории Лоҳурро дар ихтиёр дошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё