Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Маълумоти дигаре, ки ин ҳам тавассути Озод ба даст омадааст, аз ҷониби Низомулмулки Осафҷоҳ ба Дакан даъват шудани Бедил аст. Озод навиштааст: «Чун наввоб Осафҷоҳ дар санаи 1132 бар кишвари Дакан мусаллам шуд, номаи талаб ба Мирзо навишт. Мирзо дар ҷавоб ин байт ба қалам овард:
Дунё агар диҳанд, нахезам зи ҷойи худ,
Ман бастаам ҳинои қаноъат ба пойи худ».
(Хизонаи омира, Лақҳнав, 1900, с. 158).
Чунон ки медонем, Низомулмулки Осафҷоҳ низ аз шогирдон ва ҳомиёни Бедил сат. Номи аслии ин шахс Қамаруддин ибни Шаҳобуддин буда, дар замони Оламгир ва Баҳодуршоҳ бо хитобҳои «Чинкиличхон» ва «Хонидаврон» сарфароз гардида буд ва дар як вақт субадори Авадҳ ва ҳокими Лаҳкнав буд. Дар аҳди Фаррухсияр ба хитоби «Низомулмулк» ноил шуда, ба назми кишвари Дакан муззаф гардид. Дар аҳди Муҳаммадшоҳ (1719-1748) ба ӯ хитоби «Осафҷоҳ» ва мансабҳои вазири аъзам ва субадории Дакан вогузор шуд. Низомулмулк шоир низ буд. Аз мероси адабиаш ду девон - яке бо тахаллуси «Шокир», дигаре бо тахаллуси «Осаф» маълум аст. Девони аввалинаш дар соли 1354 ҳиҷрӣ қамарӣ дар Ҳайдарободи Дакан ба табъ расидааст. Дар «Руқаъот»-и Бедил чандин нома ба унвонҳои «Ба Чинқиличхон», «Ба Низомулмулк», «Ба Осафҷоҳ» мавҷуд аст, ки ҳама ба унвони ҳамин шахсанд. Вале аз ҳеҷ кадоми ин номаҳо мазмуне, ки ба маълумоти зикршудаи Озод алоқаманд бошад, барнамеояд.
Ва он байт, ки Бедил, гӯё, дар ҷавоби номаи Осафҷоҳ гуфта бошад, дар куллиёти шоир дида намешавад.
Мулоҳизаву андешаҳои Озод дар хусуси мавзӯъоти осор, сабки нигориш ва хусусиятҳои забонии ашъори Бедил низ ҷолиби диққатанд. Ӯ Бедилро маъниофарини беназир дониста, «дар ақсоми назм пояи баланд ва дар асолиби наср рутбаи арҷманд» доштанашро таъкид намудааст. Ӯ навиштааст: «Сухансанҷи мутафаннин аст, ғазалу маснавӣ, рубоъиву қасида ва ҳамчунин наср ба тарзи хос менигорад. Аксар ба забони тасаввуф ҳарф мезанад. Ҳаққо, ки сухани ӯ турфа димоғе дорад» (Хизонаи омира, саҳ. 154).
Озод низ аз тасарруфоту ихтироъоти Бедил дар забони форсӣ ёд намуда, писанди аҳли муҳовара, яъне мардуми Эрон, набудани шеъри шоирро гӯшрас намудааст. Ӯ, бар хилофи Сироҷиддин Алихони Орзу, ки ба тасарруфоту ихтироъоти шоирони Ҳиндустон қоил буд, ҷонибдори ин хусусияти шеъри Бедил набудааст. Ӯ навиштааст: «Мирзо дар забони форсӣ чизҳои ғариб ихтироъ намуда, ки аҳли муҳовара қабул надоранд. Бале, Қуръон, ки каломи холиқи алсина аст, сарриштаи мувофаққати забон дар даст дорад. Агар ихтироъе хилофи забон медошт, фусаҳои араб қабул намекарданд». (Хизонаи омира, саҳ. 154).
Озод аз ҷумлаи муаллифонест, ки дар хусуси шеъри Бедил ба таври конкрет бо зикри мисол сухан кардаанд. Ӯ дар аввалин тазкираи худ «Яди байзо», ки дар байни солҳои 1145- 1148, (1732-36) таълиф шудааст, пас аз иқтибоси байти Авқоти саъодати ду кавкаб,
Шерозаи улфати ду ҳамзод, ки дар таърихи издивоҷи Мириноятуллоҳи Шокирхон ном дӯсти Бедил гуфта шудааст, чунин овардааст: «Аҷаб аст аз мисли Мирзое устоди замона, ки лафзи «ҳамзод»-ро дар ин мақом оварда». Ва илова кардааст, ки дар «Фарҳанги Рашидӣ» омада: «Ҳамзод» - тавъам, ки аз як шикам зода бошад» (Яди байзо, микрофилми № 1197 Институти шарқшиносии АИ Тоҷикистон).

пешина
аз 250
навбатӣ