Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ғуломалии Озод дар тазкираи дигари худ «Хазонаи омира» эроди мазкурро равшантар баён намудааст. «Луғати «ҳамзод», навиштааст ӯ, дар ҳаққи домоду арӯс турфа воқеъ шуда.
Соҳиби «Фарҳанги Рашидӣ» гӯяд: Ҳамзод – тавъам, ки аз як шикам зода бошад» (Хизонаи омира, нашри мазкур, саҳ. 158).
Вале ин эроди Озод беасос аст. Дар байти мазкури Бедил калимаи «ҳамзод» ба маънои ҳамсол аст. Ин калимаро ба ҳамин маънӣ шоирони дигар низ истифода кардаанд. Чунончи, Низомии Ганҷавӣ дар «Махзануласрор» дар ҳикояте бо номи «Достони кӯдаки маҷрӯҳ»
овардааст:
Кӯдаке аз ҷумлаи озодагон
Рафт бурун бо ду се ҳамзодагон.
Пояш аз он пӯя даромад зи даст,
Меҳри дилу мӯҳраи пушташ шикаст.
Шуд нафаси он ду се ҳамсоли ӯ
Тангтар аз ҳодисаи ҳоли ӯ.
Озод дар «Хизонаи омира» аз ихтироъот ва таъбирҳои ғариби Бедил ёд карда, ба ҳайси мисол ибораи «хиром коштан»-ро зикр намудааст, ки дар яке аз мухаммасҳои шоир истифода шудааст. Ӯ навиштааст: «Мирзо мухаммасе дар марсияи фарзанди худ дорад. Дар он ҷо гӯянд:
Ҳар гаҳ ду қадам хиром мекошт,
Аз ангуштам асо ба каф дошт.
«Хиром коштан» аҷаб чизест» (Хизонаи омира. Саҳ. 153).
Мирғуломи Озод дар бахши намунаҳо аз ашъори Бедил ба ду байти шоир дахл низ намудааст. Он ду байт инҳоянд:
Гар наӣ аз аҳли сидқ, домани покон магир, Оинаву рӯи зишт кофару рӯзи ҷазост.
То гуҳар бошад, чаро дарё кашад нанги ҳубоб?
Ҳайф бошад ҷуз дили ошиқ ба дасти ёр гул.
Озод дар мавриди байти аввал овардааст: «Мираъи сонии ин байт ба ғайри муддаъо ба услуби бадеъе воқеъ шуда. Мисраъи аввал чунин авлист: Хӯрдани ноқобилон бар дили равшан хатост».
Фикри Озод роҷеъ ба байти дуввум чунин аст: «Мисраи аввалӣ, мувофиқи табъам, чунин авлист: Шӯхи ноинсофи ман мечинад аз гулзор гул» (Хизонаи омира, саҳ. 162).
Дар поёни арзёбӣ аз навиштаҳои Озод тазаккур додан лозим аст, ки ӯ низ дар шарҳи ҳоли Бедил ба баъзе иштибоҳот роҳ додаст. Чунончи, дар асоси маълумоти Шералихони Лудӣ овардааст, ки Бедил ба муносибати кадхудоии Мирлутфуллоҳ - писари бузурги Шукруллоҳхон шеъре гуфтааст, ки ҳар мисраъи он таърих аст. Сипас ӯ як байти он шеърро иқтибос кардааст, ки ин аст:
Авқоти саъодати ду кавкаб,
Шерозаи улфати ду ҳамзод.
(Ниг.: Хазонаи омира, саҳ. 154).
Вале аз тазкираи Шералихони Лудӣ бармеояд, ки шеъри мазкур дар кадхудоии писари дигари Шукруллоҳхон - Мириноятуллоҳи Шокирхон гуфта шудааст. (Ниг.: Миъотулхаёл, нусхаи мазкур, вар. 254а).
Озод таърихи вафоти Бедилро сеюми моҳи сафар гуфтааст, ки ин ҳам ғалат аст. Чунон ки Хушгӯ, Орзу ва дигарон навиштаанд, рӯзи вафоти Бедил чоруми моҳи сафар аст. Ин маънӣ тавассути нусхаи хаттие аз рубоъиёти шоир, ки 9 рабеъулаввали соли 1133 (8 январи 1721) китобат шудаасту дар Музейи Британия маҳфуз мебошад, тасдиқ меёбад. Бино бар қавли Чарлз Рё, китоби нусхаи мазкур дар варақи 126 он навиштааст, ки замоне, ки ин нусха китобат мешуд, муаллифи он Мирзо Абдулқодири Бедил ба рӯзи панҷшанбеи чоруми моҳи сафар вафот кард. (Ниг.: Феҳристи Рё, ҷилди иловагӣ, саҳ. 212).
Тавре ки гуфта шуд, як идда тазкираҳое ҳастанд, ки маълумоти онҳо такрори маводи тазкираҳои пешин аст. Аз ҷумла зикри Бедил дар «Тазкираи беназир»-и Абдулваҳоби Ифтихор, «Хулосатулафкор»-и Абӯтолибхони Исфаҳонӣ, «Натоиҷулафкор»-и Қудратуллоҳи Гупомӯӣ, «Шамъи анҷуман»-и Муҳаммад Сиддиқи Ҳасанхон дар асоси маълумоти тазкираҳои Озод сурат гирифтааст. Муаллифони ин тазкираҳо гуфтаҳои Озодро ҷое айнан ва ҷое мазмунан нақл намуда, роҷеъ ба аҳволу осори Бедил сухани тозаеро илова накардаанд.

пешина
аз 250
навбатӣ