ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Аз ин рӯ, зарур нест, ки навиштаҳои онҳоро дар алоҳидагӣ баррасӣ намоем.
Аз ҷумлаи манбаъҳои ба истилоҳ талфифӣ ба ду асари дигар «Суҳуфи Иброҳим» таълифи Алӣ Иброҳимхони Халил ва «Ништари ишқ» таълифи Ҳусайнқулихони Азимободиро метавон ном бурд. Муаллифони ин асарҳо он чӣ дар бораи ҳаёти Бедил навиштаанд, ҳама нақл аз «Сафинаи Хушгӯ» ва тазкираҳои Озод аст. Масалан, Алӣ Иброҳимхони Халил дар хусуси ному насаб ва маҳалли таваллуди Бедил навиштааст: «Мирзо Бедил мусаммо ба Абдулқодир ва муканно ба Абулмаъонӣ халафи Мирзо Абдухолиқ дар ҳазору панҷоҳу чаҳор, ба қавли Хушгӯ, дар Акбаробод ва ба қавли Мирғуломалии Озод, дар Азимобод милод ёфта»
(Ниг.: Суҳуфи Иброҳим, микрофилми № 1248 Институти шарқшиносии АИ Тоҷикистон).
Ягона маълумоти тозае, ки Алӣ Иброҳимхони Халил дар бахши ҳаёти Бедил илова кардааст, он аст, ки Бедил, гӯё, дар кишвари Дакан тарки мулозамати Аъзамшоҳ намуда, аз ҳамон ҷо ба Деҳлӣ омада бошад. Ӯ навиштааст: «Ҳар гоҳ ба синни рашодат расид, дар рафоқати шоҳзода Муҳаммад Аъзам… қадам ниҳода, ба мансаби понсадӣ ва доруғагии кӯфтагархона махсус шуд. Дар он аҳён ҷазбаи тавфиқи азалӣ гиребонгири ӯ гашта, ба ҳиллае чанд тарки хидмат гуфта, аз ноҳияи Дакан ба Деҳлӣ омада, раҳли иқомат афканд» (Суҳуфи Иброҳим, микрофилми мазкур).
Ин ақидаро чанде аз муҳаққиқон чун Ёсинхони Ниёзӣ дар мақолаи «Мирзо Абдулқодири Бедил» (Оинаи ирфон, 1311 № 9-11; 1312 № 2-4, 5-6), Ғазанфар Алиев дар рисолаи «Адабиёти форсизабони Ҳинд» (М. 1968), Нурулҳасани Ансорӣ дар рисолаи «Баҳсе дар аҳволу осори Бедил» (Кобул, 1363) ва ғайра низ зоҳиран, дар пайравӣ аз «Суҳуфи Иброҳим»
таъкид намудаанд.
Ангезае, ки Алӣ Иброҳимхони Халилро ба ин фикр водор кардааст, зоҳиран, он аст, ки Аъзамшоҳ аз соли 1092 (1681) то соли 1118 (1707) дар Дакан буд. (Ниг.: Абдулғанӣ, аҳвол ва осори Бедил, Кобул, 1351, с. 72). Аммо ӯ дар Дакан ба ҳайси субадори ин кишвар ҳузур надошт, балки аз тарафи падараш Аврангзеб барои саркӯб намудани султонҳои Дакан даъват шуда буд. Дар ин муҳорибаҳо писари бузурги Аврангзеб Муҳаммад Муъаззам низ иштирок дошт (Ниг.: История Индии в средние века, М., 1968, стр. 542).
Ҳамчунин тавре, ки маълум аст, Аврангзеб аз соли 1679 пойтахти худро аз Деҳлӣ ба шаҳри Давлатободи Дакан интиқол дода буд (ниг.: асари мазкур, с. 499) ва худи ӯ ҳокими воқеъии Дакан ба ҳисоб мерафт. Аъзамшоҳ агарчи бо иддае аз асокири хеш дар Дакан меҷангид, то соли 1114 (1702-1703) расман субадори Гуҷарот буд. Дар хусуси маҳз дар ҳамин сол аз субадории Гуҷарот озод шудани ӯ Шаҳнавозхон муаллифи «Маосирулумаро»
навиштааст: «Ва дар соли 46 (аз ҷулуси Аврангзеб - Б.Р.) аз тағйири вукалои шаҳзода Муҳаммад Аъзамшоҳ, ки ба дархости худ ҳузури талаб гашта буд, бандубасти Аҳмадободи Гуҷарот ба ӯ (Иброҳимхон ном амир - Б.Р.) тафвиз ёфт» (Маосирулулумаро, ҷилди аввал, Калкултта, 1888, с. 299).
Ва ниҳоят, чунон ки борҳо тазаккур дода шуд, аз соли 1094 (1683) то соли 1096 (16850 дар Матҳро зистан ва маҳз дар ҳамин шаҳр тарки хидмат намуда, ба Деҳлӣ омадани Бедил ҳам аз «Чорунсур» ва ҳам аз «Руқаъот»-и ӯ хубӣ равшан аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё