ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Ба ақидаи мо, Бедил ба диёри Дакан умуман сафар накардааст. Дар ин бора на дар осори худи шоир ва на дар тазкираҳои дар замони ӯ таълифшуда ишорае ба назар намерасад.
Алӣ Иброҳимхони Халил агарчи дар бахши ҳаёту осори Бедил чизи тозае илова накардааст, вале доир ба ҳунари шоирӣ ва маҳорати сухансанҷии ӯ дар баробари такрори гуфтаҳои пешиниён андешаҳои худро низ иброз доштааст. Чунончи, дар мавриди касоне, ки ба шеъри Бедил эродҳо доранд, чунин навиштааст: «Пӯшида намонад, ки қавме ба хаёлоти дур аз кор интиқод ном ба каломи ӯ (яъне Бедил - Б.Р.) доранд, агарчи аз олами нек бошад.
Ва ҳарчанд ҳосиди кӯр суханвар ва суханфаҳми машҳур аст, аммо суханаш дар ин маҳал ба маҳзи ноинсофӣ ва ғурур воқеъ шуда. Ва баҳс он аст, ки Бедил шоири муқтадир ва дар назму наср соҳиби тарзи хос аст. Лекин хубаш хубу бадаш бад аст» (Суҳуфи Иброҳим, Микрофилми мазкур).
Муаллифи «Ништари ишқ» Ҳусайнқулихони Азимободӣ низ роҷеъ ба ҳаёт ва осори Бедил маълумоти муфассалеро дарӣ намудааст. Вале, чунон ки гуфта шуд, гуфтаҳои ӯ саропо такрори навиштаҳои Хушгӯ мебошанд. Албатта, дар сурати дастрас набудани тазкираи Хушгӯ, «Ништари ишқ» аз манбаъҳои асосии омӯзиши Бедил ба шумор хоҳад рафт. Вале чун маъхази ин асар, яъне «Сафинаи Хушгӯ»-ро дар ихтиёр дорем, ба тафсил аз назар гузаронидани маълумоти «Ништари ишқ» он қадар зарурат надорад. Дар ин маврид танҳо ҳаминро гуфтан лозим аст, ки дар «Ништари ишқ» дар баробари такрори гуфтаҳои Хушгӯ баъзе мушоҳидаҳои дигари қобили мулоҳаза низ мавҷуданд, ки ба мавзӯъот ва хусусиятҳои забониву услубии осори шоир марбут мебошанд. Масалан, Ҳусайнқулихон ва ҷумлаи тазкиранигорон ягона муаллифест, ки дар хусуси ашъори мадҳиявӣ доштани Бедил хабар додаст. Ӯ навиштааст: «Мирғуломалии Озоду Лачҳмӣ Нароини Шафиқ ва Алиқулихони Волеҳ дар тазкираҳои худ менигоранд, ки Мирзо дар мудатулумри худ дар мадҳи арбоби дувал забон накшуда. Ва ҳол он, ки дар «Руқаъот»-и Мирзо, ки бо Шокирхону Шукруллоҳхон навишта ва алҳол дар Ҳинд шӯҳрате том дорад, бештар ҷо онҳоро сутуда ва мадоеҳ гуфта» (Ништари ишқ, ҷилди I, Душанбе, 1981, с. 264).
Чунон ки мебинем, Ҳусайнқулихон дар баробари рад намудани ақидаи муаллифони пешин факти дар замони ӯ, яъне дар ибтидои асри XIX, шӯҳрати тамом доштани «Руқаъот-и Бедилро зикр намудааст, ки барои равшан кардани таъсир ва нуфузи осори ӯ дар ҳаёти адабии асри XIX Ҳиндустон аҳамияти калон дорад.
Ҳусайнқулихон дар мавриди баёни ҳунари шоирии Бедил низ бо такрори навиштаҳои Хушгӯ иктифо накарда, нуқтаи назари худро изҳор намудааст. Ӯ аз тасарруфоту ихтироъоти Бедил ёд намуда донандаи хуби забони форсӣ будани шоирро махсус таъкид кардааст. Ӯ илова кардааст, ки шеъри Бедил мақбули аксари донишмандони Ҳиндустон аст. Ба ақидаи Ҳусайнқулихон, аз маҳорати суханварӣ ва сухандонии Бедил касе огоҳ шуда метавонад, ки ба осори ӯ ба таври кофӣ ошно бошад. Тавре ки гуфтем, Ҳусайнқулихон, бар хилофи Алиқулихони Волеҳ, дар ақидаест, ки «аксар ашъори Мирзо мувофиқи қавоиди қудамо ва тарзи фусаҳост». Инак, гуфтаҳои муаллифи «Ништари ишқ»-ро мухтасаран дарӣ менамоем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё