ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Ӯ овардааст: «Мирзо аз баргузидаҳои шуъорои Ҳиндустон аст ва дар забондонӣ ва мусталаҳот бисёр таҳқиқот намуда, тарзи ҷадид ва маслаки нав ихтироъ карда, дар назму наср ба ғоят дасти қудрат дошта. Аксар олитабъони Ҳинд тарзи хоси ӯро мустаҳсан медоранд ва ба диққатписандиву борикбинии ӯ мукаррар муътарифанд. Ва чун Мирзо солики масолики тариқи ҷадид, ки хилофи муҳовараи қадим аст, гардида, лиҳозо бештар аз аҳли вилоят ва баъзе шуъарои Ҳинд забони таъна бар вай кушоянд. Аммо инсоф он аст, ки агар соҳибистеъдоде мутолаъаи куллиёташ намояд, бидонад, ки пояи сухансанҷӣ ва суханофариниро ба куҷо расонида» (Ништари ишқ, нашри мазкур, с. 265).
Ҳусайнқулихон илова кардааст, ки «чун тамоми каломи он нуктасанҷ ба таври тасаввуф ва тавҳид аст, лиҳозо ашъори ошиқона аз девони вай камтар бар меояд» (Ҳамон ҷо, с. 265).
Маълумоти Ҳусайнқулихон агрчи нақл аз тазкираи Хушгӯст, вале дар баъзе мавридҳо аз ӯ низ иштибоҳоте ба миён омадааст. Чунончи, ӯ навиштааст, ки Бедил пеш аз замони мулозамат дар ҳузури Аъзамшоҳ дар саркори Шоҳшуҷоъ ном шоҳзода низ хидмат кардааст, «Авоили ҳол,
- навиштааст ӯ,
- дар саркори Шоҳшуҷоъ - фарзанди миёнаи Шоҳиҷаҳонподшоҳ мулозим гардид ва баъд аз синни тамизу касби баъзе улум ба рафоқати шоҳзодаи олиҷоҳ Муҳаммад Аъзамшоҳ мунсалик гардида ба мансаби понсадии зот ва хидмати кӯфтагархона сарфарозӣ ёфт» (Ништари ишқ, нашри мазкур, с. 263).
Чунон ки маълум аст, Шоҳшуҷоъ дар соли 1622 вафот кардааст, ки дар ин вақт Бедил 18- сола буду дар тарбияи тағояш Мирзо Зариф қарор дошт. Илова бар ин, дар ягон манбаъи замони шоир дар ин бора ишорае нарафтааст.
Ягона воқеъае, ки аз робитаи Бедил бо лашкари Шоҳшуҷоъ дарак медиҳад, ин аст, ки Бедил дар соли 1068 (1657-58) дар сини чордаҳсололагӣ бо иҷозати амакаш Мирзо Қаландар дар яке аз сафарҳои ҳарбӣ иштирок карда буд. Ин воқеъа замоне рух дода буд, ки ҳокими Банголаву Биҳор шоҳзода Муҳаммадшуҷоъ, яъне Шоҳшуҷоъи мазкур, хабари бемории падараш Шоҳиҷаҳонро шунида, ба мақсади тасхири тоҷу тахти Ҳиндустон ба сӯи Деҳлӣ лашкар кашида буд ва дар қаламравӣ худ фавҷҳои зиёдеро барои таҳияи маводи фатҳ ташкил ва сафарбар намуда буд. Яке аз чунин фавҷҳо бо сардории Мирзо Абдулатиф ном хеши Мирзо Қаландар дар сарҳадоти шимолии Патна, дар кӯҳистони Тирҳат амал менамуд, ки Бедили чордаҳсола дар ҳайъати он шомил буд. Ба қавли худи Бедил, ин сафари ҳарбӣ беш аз се моҳ давом кард ва барои Бедили хурдсол ба ҳайси як мактаби далериву бурдборӣ хидмат намуд (Ниг.: К.Б., ҷ, 4, Чорунсур, с. 3030--314).
Вале гумон намекунем, ки Ҳусайнқулихон аз мулозамат дар саркори Шоҳшуҷоъ маҳз ҳамин воқеъаро дар назар дошта бошад. Пас иллати иштибоҳи ӯ дар чист?
Чунон ки гуфтем, қисми зиёди маълумоти «Ништари ишқ» нақл аз «Сафинаи Хушгӯ» аст.
Аз ҷумла маъхази ин фикри ғалат низ ҳамин асар аст. Лекин дар тазкираи Хушгӯ на дар хусуси Бедил, балки дар бораи амаки ӯ Мирзо Қаландар сухан рафтааст. Хушгӯ ҷое ки дар хусуси вафоти модари Бедил таваққуф менамояд, менависад: «Мирзо Қаландар бародари аёнии Мирзо Абдулхолиқ (падари Бедил - Б.Р.) бори тарбият ва парваришро бар дӯш гирифта, бар таҳсили улуму сарфу наҳв раҳнамунаш шуд. Ба ҳар ҳол Мирзо (Мирзо Қаландар - Б.Р.) ҷавоне шоҳзӯру солеҳ, муртозу шуҷоъ ва бо дигар авсоф мавсуф буд. Авоил навкарии саркори Шоҳшуҷоъ писари дувуми Шобиҷаҳонподшоҳ дошт. Ва навбати риёзаташ аксар ба арбаъайн кашидӣ ва дар ҳафта ба як ҷом шир қаноъат намудӣ. Турфа ин ки дар сояи вай ақрабро тоби ҳаракате намондӣ ва аксар аз рӯи имтиҳон лаҳзае зери соя доштӣ, ночор ба сӯрохи одам хазидӣ. Ва дигар қуфлҳои шадиди оҳанинро ба ишораи сабобааш ҷуз кушоиш чора набуд. Чун аз ин ҳарду кайфият пурсиданд, вармуд: нахустин азалисту сонӣ амалӣ, ки ба мувозабати исми фаттоҳ насиб шуда буд» (Сафинаи Хушгӯ, с. 105-106).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё