Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ду ҷумлаи охирини порчаи боло иқтибос аз «Чорунсур»-и Бедиланд, ки дар ин ҷо низ дар таърифи Мирзо Қаландар гуфта шудаанд. Ин ҷумлаҳо дар «Чорунсур» дар ин шакл омадаанд: «Аз аҷоиби хавоси тинаташ яке он, ки дар сояаш ҳаракат аз аъзои ақраб рамидӣ ва тоқати рафтораш ба тапидани назъ кашидӣ. Ва агар аз роҳи имтиҳон лаҳзае таваққуф фармудӣ, ночор ба сӯрохӣ адам хазидӣ. Дуввум қуфлҳои оҳанӣ ба ишораи сабобаш аз кушоиш чора надошт ва пеш аз он ки бар мисосе роҳи оғӯш кушояд, дари бастагӣ мегузошт.
Аз ҳақиқати ин ду асрор мефармуд, ки муқаддимаи нахустин азалист ва кайфияти сонӣ амалӣ (К.Б., ҷ. 4, Чорунсур, с. 57).
Ҳусайнқулихон ҷое, ки аз тазкиранависони пешин Волеҳ, Озод ва Шафиқ ёд намуда, фикри онҳоро дар хусуси ашъори мадҳиявӣ надоштани Бедил рад кардааст, илова намудааст, ки «зоҳиран муроди ин бузургон (яъне Волеҳ, Озод ва Шафиқ - Б.Р.) - аз назм ва маддоҳии ом бошад, ки ин маънӣ, албатта, аз девони ӯ собит намешавад» (Ништари ишқ, с. 264).
Вале дар асл ин тавр нест. Дар эҷодиёти Бедил дар муқобили ашъори на чандон зиёде, ки дар мадҳу ситоиши аҳли дувал бахшида шудааст, садҳо мираъ ва сатрҳоро метавон пайдо кард, ки дар васфи инсони оддӣ, яъне аҳли меҳнат, ки ба қавли Ҳусайнқулихон, мардуми оманд, суруда шудаанд. Чунончи, бобҳои алоҳидаи маснавии «Ирфон» аз меҳнати деҳқон ва дигар ҳунарварон ҳикоят менамоянд. Гузашта аз ин, мавзӯъи асосии ин маснавӣ аз ситоиши инсон ва тасвири шуғли гуногунсоҳаи он иборат мебошад. Дар ин бора ишораи худи шоир, ки ба ҳайси унвони бахши асосии асар омадааст, далел аст. Унвони бахши асосии маснвӣ ин аст:
Дорад акнун қалами шавқбаён
Сеҳрпардозии шуғли инсон.
(К.Б., ҷ. 3, Ирфон, с. 96).
Аз маснавии дигари шоир «Тӯри маърифат» низ мисолҳои зиёдеро овардан мумкин аст, ки дар васфи инсони оддӣ ва кору бори он суруда шудаанд. Барои мисол порчаеро нақл менамоем, ки дар он меҳнати пурмашаққати маъданканон мавриди тасвир қарор гирифтааст.
Шоир навиштааст:
Гурӯҳе ҳамчу чин дар домани кӯҳ,
Ба завқи чоҳ кандан гашта анбӯҳ.
Зи тадбири дигаршон даст кӯтоҳ,
Далели Юсуфи мақсад ҳамон чоҳ.
Ба он кӯшиш, ки кӯҳ аз ҳайбати он
Саросар кӯча гардад чун найистон.
Ба он ҷаҳде, ки санги ҷавфноёб
Кунад қолаб тиҳӣ то маркази об.
Ҳазорон чоҳу бар ҳар чоҳ халқе,
На сомони ридоеву на далқе.
Ба урёнӣ саропо қатраи об,
Ба оҳнги чакидан ашки бетоб.
Тараддудпеша атфолу зану мард,
Баданҳо хокмолу чеҳраҳо зард.
Чу бар сӯрохҳо анбӯҳии мӯр,
Чу ҷӯшишҳои хун дар табъи носур.
Ба фарқи ҳар як афрӯзон чароғе,
Сари савдойиву сомони доғе.
Бурун оранд об аз чоҳ чандон,
Ки беобӣ занад дар хок дандон…
Зиҳӣ ҷаҳди заъифиҳои инсон,
Ки душворе чунинро кард осон.
Ба даст овардани матлуби ноёб
Тиҳӣ гардондани дарёст аз об.
Фалакро бо тарддудпеша аҳд аст,
К-аз асбоб он чӣ ёбӣ, музди ҷаҳд аст.
(К.Б., ҷ. 3, Тӯри маърифат, с. 29).
Шоир ва тазкиранависи асри XVIII Ғулом Ҳамадонии Мусҳафӣ низ дар тазкираи хеш «Иқди сурайё» аз Бедил мухатасаран ёд кардааст. Ӯ доир ба ҳаёт ва осори Бедил чизи тозае илова накарда бошад ҳам, роҷеъ ба қабри шоир ва ҳолати он дар охири асри XVIII маълумоти дақиқеро ба ёдгор гузоштааст. Бино бар шаҳодати Мусҳафӣ, қабри Бедил дар соли 1199 ҳиҷрӣ (1784-85), ки санаи таълифи тазкираи ӯст, ҳанӯз бар ҷой будааст. Вале хонаи шоир дар ҳолати вайронии маҳз қарор доштааст (Ниг.: Иқди сурайё, Кобул, 1362, с.

пешина
аз 250
навбатӣ