Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

20).
Маълумоти Мусҳафӣ ақидаеро, ки гӯё, дар замони салтанати Аҳмадшоҳи Дурронӣ (1747-- 1773) устухонҳои Бедилро аз Деҳлӣ ба Кобул оварда, дар Ҳоҷаровош ном минтақа гӯронидаанд, ба куллӣ ботил месозад. Зеро таърихи вафоти Аҳмадшоҳ соли 1773 асту Мусхафӣ қабри Бедилро дар Деҳлӣ дар соли !885 зиёрат кардааст. Ба таъбири дигар гӯем, дувоздаҳ сол баъд аз вафоти Аҳмадшоҳ қабри Бедил дар Деҳлӣ мавҷуд ва маълум будааст (Дар ин бора ниг. Ба мақолаи «Марқади дурӯғини Бедил»).
Маълумоти тазкиранависи дигари ин аср Бҳагвандоси Ҳиндӣ низ ҳаҷман хеле мухтасар буда, дар шарҳи ҳоли Бедил чизеро илова карда наметавонад. Ягона фикри тозае, ки дар «Сафинаи Ҳиндӣ» ном тазкираи ин муаллиф мебинем, сухани ӯ доир ба ҳаҷми куллиёти Бедил аст. Ӯ навиштааст: «Роқим куллиёташро ба чашми худ дида, ҳаштод ҳазор байт хоҳад буд» (Сафинаи ҳиндӣ, Патна, 1985, с. 29).
Чунон ки дидем, тазкиранависони пешин ҳаҷми куллиёти Бедилро мобайни 90-100 ҳазор байт гуфтаанд. Бҳагвандоси Ҳиндӣ, ки ҳаҷми онро 80 ҳазор байт мегӯяд, зоҳиран, бахши манзумашро дар назар дорад, ки тахминан наздик ба ҳамин миқдор аст.
Аз ҷумлаи манбаъҳое, ки зикри Бедилро дар бар кардаанд, чанд асари таърихиро низ метавон ном бурд. Ин асарҳо иборатанд аз «Миръотулолам»-и Муҳаммад Бахтовархон, «Таърихи Музаффарӣ»-и Муҳаммадалихони Ансорӣ ва «Мунтахабуттаварих»-и Муҳаммад Ҳакимхони Хуқандӣ. Маълумоте, ки дар «Миръотулолам» дарӣ гардидааст, ин аст: «Бедил мавсум ба Абдулқодир. Девоне тартиб дода ва муддате мулозими саркори шоҳзодаи хуҷасташиям Муҳаммад Аъзам буд». (Миръотулхаёл, нусхаи хаттии № 2097 Институти Шарқшиносии АИ Ӯзбакистон).
Муҳаққиқи афғонистонии Бедил Асадуллоҳ Ҳабиб маълумоти «Миръотулолам»-ро мавриди истифода қарор дода, таъкид намудааст, ки ин асар аввалин сарчашмаест, ки доир ба Бедил ахборот додаст. (Ниг.: Хабиб. Бедили «Чаҳор унсур». Кандидатсия диссертация. М.
1974).
Тибқи моддаи таърихе, ки дар муқаддимаи «Миръотулолам» мавҷуд аст (Миръоти Сикандари замона), ин асар дар соли 1078 ҳиҷрӣ (1667-68 милодӣ) таълиф шудааст, ки ба сини 24 солагии Бедил рост меояд. Аммо Бедил дар ин вақт ҳанӯз ба хидмати Аъзамшоҳ нарафта буд ва девони ашъор ҳам мураттаб накарда буд. Таърихи ба мулозамати Аъзамшоҳ рафтани Бедил соли 1081 (1670-71) аст ва девони нахустини ӯ дар байни солҳои 1096-109 (165-87) тартиб ёфтааст. Чунон ки дидем, зикри Бедил дар ин асар вақте иншо шудааст, ки ӯ аз хизмати Аъзамшоҳ фориғ будааст. Ба назар чунин мерасад, ки қисми хотимавии «Миръотулолам», ки «Дар зикри шуъорои балоғатшиъор» унвон дорад, дертар, аниқтараш, баъд аз соли 1096 (1685) илова шудааст. Ин илова, ғолибан, тавассути каси дигар сурат гирифтааст. Зеро муаллифи асар Муҳаммад Бахтовархон дар ибтидои соли 1096 (1686) фавтида буд. (Ниг.: Ч. А. Сторӣ, Персидская литература, I. М., 1972, стр. 441).
Дар асари мазкури Сторӣ омадааст, ки муаллифи «Миръотулолам» Муҳаммадбақои Саҳоранпурист, на Муҳаммад Бахтовархон. Дар сурати ба Муҳаммадбақои Саҳоранпурӣ таъаллуқ доштани асар ҳам бахши мазкур аз ҷониби каси дигар илова шудааст. Зеро вафоти Муҳаммадбақои Саҳоранпурӣ қабл аз вафоти Бахтовархон, яъне дар соли 1094 (1683) рух додааст. (Ниг.: Сторӣ, асари зикршуда, с. 440).

пешина
аз 250
навбатӣ