Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Соҳиби «Таърихи Музаффарӣ» (таълиф 1211\1797) навиштаҳои муаллифони пешинро дар хусуси ба хидмати Аъзамшоҳ пайвастан ва дар асари мадҳ накардани шаҳзода аз хизмат даст кашидани шоирро зикр намуда, илова кардааст, ки «обои вай аз мардуми Турон буд» (Ниг.:
Таърихи Музаффарӣ, нусхаи хаттии № 27-14 Архиви милли Афғонистон, саҳ. 174).
Ансорӣ роҷеъ ба осори Бедил изҳори назар карда, навиштааст: «Се девони захим тартиб дода… рубоъиёти ӯ, ки девони алоҳида аст, бар рубоъиёти муқаддимин тарҷеҳ дорад. Чанд маснавии мисли «Муҳити аъзам», «Тӯри маърифат» ва ғайра хеле ба балоғат гуфта. Аз насрҳои ӯ «Чаҳорунсур» ва «Руқаъот» ёдгори рӯзгор аст».
Гуфтан лозим аст, ки дар маълумоти мухтасари Муҳаммадалихони Ансорӣ низ баъзе нодақиқӣ ва иштибоҳот дида мешавад. Чунончи, «бештари авқот дар Азимободи Патна ба сар мебурд» гуфтани ӯ саҳеҳ нест. Шоир дар Азимобод, ки зодгоҳи ӯ мебошад, то синни 17- солагӣ, яъне то соли 1071 (1660-61) зиндагӣ кардаасту халос. Соли 1071 ӯ бо ҳамроҳии тоғояш Мирзо Зариф ба вилояти Урисса рафта, то соли 1075 (1664-65) дар он ҷо иқомат кард.
Соли 1075 ба Азимобод баргашта, дар худи ҳамон сол озими шаҳри Деҳлӣ гардид ва пас аз як сол – соли 1076 (1665-66) ба Деҳлӣ омад ва дигар бор ба Азимобод ва умумун ба кишвари Биҳору Бангола барнагашт.
Асорӣ аз ҳодисаи вафоти шоир ва дар саҳни ҳавлии худ дафн шудани ӯ сухан карда, илова кардааст, ки Ҳунарвархони Оқил ном шоир «нағмаи ҷаҳон» таърих ёфт. Вале аз таъбири мазкур адади 1154 бармеояд, ки нисбат ба таърихи вафоти Бедил 21 сол зиёд даст.
Фикри Ансорӣ дар хусуси се девони захим тартиб додани Бедил низ баҳснок аст. То ҷое ки ба мо маълум аст, Бедил ба таври ҷудогона се девони мустақил тартиб накардааст. Вале то кунун се таҳрир ё худ се варианти гуногуни девони ӯ маълум аст. Таҳрири аввал, ки дар адабиёти илми бо номи «Девони қадим» шинохта шудааст, чунон ки гуфтем, дар байни солҳои 1096 – 1098 (1685-1687) мураттаб гардидааст. Варианти дуввуми девони шоир, зоҳиран то соли 1108 (1697) мураттаб гардидааст. Зеро қадимтарин нусхае, ки аз ин вариант маълум аст, нусхаи китобхонаи Донишгоҳи Карочист, ки дар даҳи рамазони 1108 (2 апрели 1697) рӯйнавис шудааст. Ба ниҳоят, таҳрири саввум ва охирини девони Бедил он аст, ки ғайр аз рубоъиёти шоир тамоми ашъори лирикӣ ва чанд маснавиҳои кӯчакро фаро гирифтааст.
Қадимтарин нусхаи ин вариант дар таркиби куллиёти Бедил дар китобхонаи омавии Худобахш (шаҳри Патна) маҳфуз мебошад.
Муаллифи «Мунтахабуттаворих» Муҳаммад Ҳакимон факти дар асри Аврангзеби Оламгир зиндагӣ кардани Бедилро зикр намуда, таъкид кардааст, ки Бедил дар ҷавонӣ мирзои Аврангзеб буд. «Баъд аз он,
-- идома додаст ӯ,
-- ба сараш ҳавои қаландарӣ афтода, кунҷи инзиво ихтиёр намуд. Аврангзеб дар мулозамат кардани ӯ бисёр муболаға намуд, Мирзо қабул намекард» (Мунтахабуттаворих, ҷилди I, Душанбе, 1983, с. 261).
Ҳакимхон инчунин илова кардааст, ки Мирзо духтаре дошт, ки шабу рӯз ба мусоҳабати Зебунисо буд.
Байти зерин, ба гуфтаи Ҳакимхон, зодаи табъи духтари шоир аст:
Ёрам маро ба хонаи танҳо нишонду рафт,
Гуфтам, ки ман ғуборам, ӯ доман фишонду рафт.

пешина
аз 250
навбатӣ