ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Ақидаи Ҳакимон дар хусуси мирзои дарбори Аврангзеб будани Бедил, албатта, ғалат аст.
Ин маънӣ, на аз осори худи шоир ва на аз ахбори муъосирони ӯ барнамеояд. Фикри духтар доштани Бедил низ беасос аст. Бедил ба ғайр аз Абдухолиқ ном писар, ки он ҳам дар синни дусолагиву ҳаштмоҳагӣ вафот карда буд, фарзанди дигаре надошт. Ин маънӣ аз рубоъии зерини шоир, ки дар таваллуди Абдухолиқ гуфта шудааст, ба хубӣ равшан аст:
Бедил, таърихи интихобафвоҳам
Бе рамзе нест, гар шавқ огоҳам,
Шасту шаш сол фард Будам, к-аз ғайб
Абдухолиқ шуд «интихобуллоҳ»-ам.
Байте, ки Муҳаммад Ҳакимхон ба духтари Бедил нисбат додаст, аслан ба шоири асри XVIII Абдулаттифхони Танҳо таъаллуқ дорад (Ниг.: Калимотушшуъаро, Лоҳур, 1942, с. 20).
Аммо ишораи Муҳаммад Ҳакимхон дар бораи муболағаи Аврангзеб ҷиҳати ба дарбор ҷалб намудани Бедил беасос нест. Аз муаллифони пешин агарчи касе ба ин мазмун ишора накардааст, ба ҳақиқати ин маънӣ яке аз номаҳои худи Бедил, ки ба Қобилхони муншӣ - муншии дарбори Аврангзеб – навишта шудааст, далолат менамояд. (Дар ин бора ниг., ба мақолаи « Роҷеъ ба як номаи Бедил»).
Маълумоте, ки роҷеъ ба Бедил дар «Тазкираи Фаҳмӣ»-и Абдулмуталлибхоҷаи Самарқандӣ мавҷуд аст, дар асоси асарҳои худи шоир сурат гирифтааст. Хоҷа Фаҳмӣ аз ибораи «файзи қудс» зоҳир шудани таърихи валодати Бедилро зикр намуда, таъкид кардааст, ки Бедил аз муридони Шоҳқосими Ҳуваллоҳӣ (вафоташ-- 1083) (1672-73) мебошад.
Аз як ишораи Фаҳмӣ маълум мешавад, ки шоирро баъзан бо тахаллуси «Бедилӣ» низ ёд мекардаанд. Фаҳмӣ ба ин муносибат аз ашъори худи шоир далел оварда, иштибоҳи мазкурро ислоҳ намудааст. Ӯ навиштааст: «Дар ҷаридаи ашъор тахаллуси вай «Бедил» аст, на «Бедилӣ». Ҳазордил аст. Чунончи, дар девони худ фармуда:
Ба сурат Бедилем, аммо ба маънӣ
Буд чун ашк сар то пои мо дил».
(Тасхираи Фаҳмӣ, нусхаи № 952. институти шарқшиносии АИ Тоҷикистон, саҳ. 2).
Хоҷа Фаҳмӣ пас аз Муҳаммад Ҳакимхони Кӯқандӣ дуввумин муалифест, ки аз ҳодисаи ба дарбори Аврангзеб даъват шудани Бедил хабар додааст. Ӯ навиштааст: «Подшоҳи маърифатпаноҳ Аврангзеб вайро ба навиштани хутуту арқоми тавқеъи маншури аморат ба атрофи ҷаҳон ифтихор дода будааст. Аз он талаб истиғно намуд, умри гаронмояи худро масруфи ашъори обдор гардонида» (Ҳамон ҷо, саҳ. 4).
Тавре, ки гуфта шуд, Аврангзеб барои ба дарбор ҷалб намудани Бедил кӯшишҳо ба харӣ дода буд. Аммо гуфта наметавонем, ки ин кӯшишҳо маҳз барои «навиштани хутуту арқом»- аморат буданд.
Хоҷа Фаҳмӣ дар байни тазкиранависон аввалин муаллифест, ки дар асоси ишораҳои худи Бедил таърихи таълифи ду асари ӯ – «Муҳити аъзам» ва «Чорунсур»-ро зикр намудааст.
«Дар таърихи 1084,
- навиштааст ӯ,
- китоби маснавии «Муҳити аъзам»-ро ба шерозаи назм кашида ва дар синни чиҳилуяксолагӣ дар таърихи 1116 китоби «Чорунсур»-ро нақшбанди нигорхонаи ҷаҳониён кардааст. (Ҳамон ҷо, с. 5).
Тавре ки маълум аст, дар баъзе аз нусхаҳои хаттӣ ва нашрҳои сангии «Муҳити аъзам»
моддаи таърихи ин маснавӣ ибораи «мадди ғам» аст, ки ба санаи 1084 барорбар мебошад.
Инчунин таърихи таълифи «Чорунсур», воқеъан, соли 1116 ҳиҷрӣ мутобиқ ба солҳои 1074- 1705 милодист. Аз ин ҷиҳат навиштаи Фаҳмӣ дуруст аст. Лекин ишораи ӯ дар хусуси дар сини 41 солагӣ «Чорунсур»-ро итмом расонидани Бедил аз ҳақиқат дур аст. Чунон ки маълум аст, Бедил дар ин вақт ба таълифи асар акнун шурӯъ намуда буд. Гузашта аз ин, замони 41 солагии шоир ба соли 1095 рост меояд, на ба соли 1116.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё