Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Фаҳмӣ инчунин аз дигар асарҳои Бедил ёд карда, бахше аз маснавии «Ирфон»-ро, ки «Миръотуллоҳ» унвон дорад, дар қатори «Тилисми ҳайрат», «Тӯри маърифат» ва «Ирфон»
ҳамчун асари мустақил номбар намудааст.
Хоҷа Фаҳмӣ дар шарҳи аҳволи Бедил ба осори худи шоир такя намуда, зоҳиран, аз манбаъҳои дигар умуман истифода накардааст. Дар акси ҳол ӯ дар мавриди вафоти Бедил ба иштибоҳи ҷиддӣ роҳ намедод. Ӯ соли вафоти Бедилро 1146 ҳисобида, илова кардааст, ки «шоир ишораи фавти худ карда» ва ба ҳайси далел ин байтро овардааст:
Бедил, зи дил талаб кард таърихи реҳлати худ, Омад нидо, ки бурданд «нур» аз «чароғи олам».
Байти зикршуда, воқеъан, ба қалами Бедил таъаллуқ дорад. Вале он на дар таърихи вафоти худи ӯ, балки дар таърихи вафоти яке аз шоирон ва фозилони аср Абдулазизи Иззат (1631-1678) гуфта шудааст, ки шакли саҳеҳи мисраъи авали он чуни наст: «Бедил, зи дил талаб кард таърихи реҳлати ӯ». (Ниг:. К.Б., ҷ. с. 2, қитъаот, саҳ. 125).
Сониян, аз мисраъи дуввуми ин байт санаи 1089 бармеояд, на 1146, ки Фаҳмӣ пиндоштааст.
Охирин тазкиранависе, ки аз Бедил ёд намуда ба шеъри ӯ эрод низ гирифтааст, муаллифи тазкираи «Риёзулорифин» (соли таълиф - 1300/ 1883-84) Офтоб Ройи Лақҳнавист. Ӯ навиштааст: «Бедил, яъне Мирзо Абдулқодири барлоси Азимободӣ, ки аз касрати сукунати Деҳлӣ ба «Деҳлавӣ» машҳур аст. Агарчи баъзе аз ҳиндуёни нобалад ӯро аз аъозими шуъаро медонанд, аммо назди аҳли забон чи ҳеҷ. Форсии ӯ монанди Носиралӣ бадтар аз ҳиндист».
(Риёзулорифин, Бахши аввал, Теҳрон, 1976, саҳ. 123).
Аз иқтибоси боло бармеояд, ки Офтоб Рой ба эҷодиёти Бедил умуман ошно набудааст.
Вагарна ӯ дар кори баҳо додан ба шеъри Бедил ба такрори гуфтаҳои дигарон иктифо намекард. Мурод аз «аҳли забон» Офтоб Рой мардуми Эрон, дурусттараш, аҳли илму адаби Эронро дар назар дорад.
Тавре ки дидем, тазкиранависони пешин Хушгӯ, Волеҳ, Орзу ва Озод низ ба ин маънӣ ишораҳо кардаанд. Вале ҳеҷ кадоме аз онҳо, аз ҷумла Волеҳ, ки зодаи Эрон аст, шеъри Бедилро ба ҳеҷ баробар накардаанд, балки шеърҳои баланду барҷаста доштани ӯро эътироф намудаанд.
Тазкиранависи дигари эронӣ Ризоқулихони Ҳидоят, ки дар «Маҷмаъулфусаҳо» ба баъзе шоирони ҳиндӣ баҳои манфӣ додаст, дар асари дигари худ, ки низ «Риёзулорифин» унвон дорад, Бедилро ба бузургӣ ва камназирӣ дар аҳди худ сутудааст. Ӯ навиштааст: «Бедили Деҳлавӣ. Номи шарифаш Мавлоно Абдулқодир ва назираш дар аҳди худ нодир. Дар оғози шубоб аз мулозамат истеъфо гузида, дар маҷмаъи аҳли камол ва маҷлои арбоби ҳол (қарор дошта). Дар таҳқиқ ягона ва таҷрид мусаллами аҳли замона. Маснавӣ мавсум ба «Муҳити аъзам» ба забони дарвешон ба баҳри тақоруб аз эшон дида шуда ва девони мабсуте низ дорад» (Риёзулорифин, Теҳрон, 1316, с. 70).
Илова бар манбаъҳои мазкур чанд асари дигареро низ метавон ном бурд, ки дар онҳо аз Бедил ва шеъри ӯ сухан рафтааст. Ин асарҳо иборатанд аз «Гули раъно»-и Лачҳмӣ Нароини Шафиқ, «Ҳадикатулбулағо»-и Мир Шамсидини Фақир, «Сафинаи ишрат»-и Даргадоси Ишрат, «Баҳоритони сухан»-и Мир Абдуразоқи Хофӣ, «Навбаҳор»-и Муҳаммад Рафеъъудини Рафеъ, «Майкада»-и Аҳмадқулихони Сорамӣ, «Ҳадиқатушшуаро»-и Мирзо Амирбеки Амир ва ғайра. Азбаски ин асарҳо дастраси мо нестанд, дар бораи арзишу аҳамияти маълумоти онҳо чизе гуфта наметавонем. Чун ҳамаи ин тазкираҳо дар асрҳои XVIII-XIX таълиф шудаанд, доир ба ҳаёту мероси адабии Бедил шояд сухани тозае дар онҳо вуҷуд надошта бошад. Вале аз эҳтимол дур нест, ки муаллифони ин тазкираҳо доир ба шеъри Бедил, ҳунари шоирӣ ва хусусиятҳои сабкиву услубии эҷодиёти вай изҳори назар карда бошанд. Ин тахминро порае аз навиштаҳои муаллифи «Баҳористони сухан», ки Забуҳулло Сафо дар китоби худ «Таърихи адабиёт дар Эрон» овардааст, тавқият медиҳад. Пораи мазкур шоҳиди он аст, ки гуфтаҳои Мир Абдураззоқи Хофӣ дар хусуси Бедил муҳақиқона ва ноқидонаанд. Ӯ навиштааст: «Саромади ғомизхаёлони волиистеъдод ва ҷамеъи маънибандони хушфикрро устод аст. Бар сарири сухангустарӣ фарри дороӣ ва шукӯҳи ҷамшедӣ дошта ва дар дорулмулки суханварӣ кӯси рустамӣ навохта. Аз бадви намоиши сухан чунин маънисанҷи баландфикр ҷилвафармои зуҳур нагашта. Агарчи дар мутақаддимин Амир Хусрави Деҳлавӣ ва дар мутаахирин Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ бо фазоили сувариву камолоти маънавӣ дар фунуни шоирӣ ҷомеъияти тамом доштанд, аммо дар ин замона вай ба дастёрии фикри расову поймардии табъи баланд роҳу расми сухандониро ба шоистагии тамом варзида ва дар ҳама машоми сухандониву анвоъи маъниёбӣ ба камоли ҷомеъият шӯҳрати офоқ гардида. Балки ба матонати алфозу таносуби фақарот, басти тарокибу нишасти муфрадот ва рангинии хаёлу расоии андоз муҷиди оини тоза ва возеъи равише ҷудогона, ки носихи тарзҳои мустаъору моҳии таврҳои бостонӣ тавонад буд, гашт.

пешина
аз 250
навбатӣ