ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Бастаст қазо бар кӯҳанавроқи сипеҳр
Шерозаи нав аз сухани тозаи ӯ»
(Ниг.: Забеҳулло Сафо, Таърихи адабиёт дар Эрон, ҷилди 5, бахши 2, Теҳрон 1368, с.
1378-79).
Шарҳи ҳол ва намунаҳои ашъори Бедилро дар чанде аз тазкираҳои дар асри XX таълифшуда, аз ҷумла, дар асарҳои Абдулғанихони Ғанӣ «Тазкиратушшуъаро» (Алигарҳ, 1916), Муҳаммад Ҳусайни Озод «Нигористони форс» (Лоҳур, 1922, ба забони урду), Муҳаммад Азимулҳаққи Ҷунайдӣ «Маосири аҷам» (Агра, 1941, ба забони урду), Муҳаммад Икром «Армуғони пок» (Карочӣ, 1952), Забеҳулло Сафо «Ганҷи сухан» (Теҳрон, 1340), Ҳарумал Садорангонӣ «Порсигӯёни Ҳинду Синд» (Теҳрон, 2435) ва ғайра дидан мумкин аст.
Азбаски зикри шоир дар ин асарҳо хулосаи маълумоти тазкираҳои пешин аст ва тазкираиҳои асри XX-ро маъмулан ба гурӯҳи адабиёти илмӣ дохил менамоянд, баррасии маълумоти онҳоро дар ин мақола зарур намешуморем.
Ва ниҳоят, зикри Бедилро дар сарчашмаҳои адабиёти урду низ пайдо намудан мумкин аст.
Аз ин гурӯҳи манбаъҳо «Никотушшуъаро»-и Миртақии Мир, «Табақатушшуъаро»-и Қудратуллоҳи Шавқ, «Махзани никот»-и Муҳаммад Қиёмудини Қоим, «Тазкираи шуъарои урду»-и Мирҳасани Деҳлавӣ, «Гулшани Ҳинд»-и Мирзоалии Лутф ва «Маҷмӯъаи нағз»-и Қудратуллоҳи Қосимро метавон зикр кард. Вале бо истиснои «Маҷмӯъаи нағз» маводи тазкираҳои мазкур такрори маълумоти манбаъҳои форсӣ мебошад ва фикре, ки қобили мулоҳаза бошад, дар онҳо дида намешавад. Масалан, маълумоти қадимтарин тазкираи адабиёти урду «Никотушшуъаро» ин аст: «Мирзо Абдулқодири Бедил шоири пурзӯрӣ форсӣ, соҳиби девони панҷоҳ ҳазор байту маснавиёт ва ғайра. Авоили ҷавонӣ навкари шаҳзода Муҳаммад Аъзамшоҳ буд. Баъд аз чанде тарки рӯзгор гирифта, фурӯкаш кард. Аз мазоқи шеъри ӯ дарёфт мешавад, ки баҳраи куллӣ аз ирфон дошт. Ду шеъри рехта ба номи ӯ шунида мешавад. Шояд ба тақрибе гуфта бошад» (Иқтибос аз мақолаи А. Ғаффоров «Миртақии Мир» ва тазкираи ӯ «Никотушшуъаро»- маҷмӯъаи «Ҳинду Покистон», Душанбе, 1987, саҳ.
4).
Аз ҷумлаи тазкираҳои адабиёти урду, чунон ки гуфтем, танҳо як асар - «Маҷмӯъаи нағз»- ро метавон ном бурд, ки дар бораи Бедил чан лаҳзаи тозаро дар бар кардааст. Худи тазкира, мутаассифона, дастраси мо нагардид. Зикри Бедилро аз он устод Халилӣ дар рисолаи «Файзи қудс» (Кобул, 1334, с. 88) мухтасаран дарӣ кардааст, ки мо низ онро иқтибос менамоем.
Устод Халилӣ навиштааст: «Вай (яъне Қудратуллоҳи Қосим- муаллифи «Маҷмӯъаи нағз»- Б.Р.) Мирзоро ба бузургиву устодӣ сутуда мавлиди вайро ба иштибоҳ Бухоро пиндошта ва касонеро, ки ба таркиботи Бедил интиқод кардаанд, маломат дониста ва гуфтааст: агар шоирони Эронро касе бигӯяд, ки панҷ байт ба забони урдуи муъалло бигӯед, ба васфи умр ба сар бурдан дар Ҳиндустон саранҷом натавонанд, чӣ рассад ба девони бузург. Зиҳӣ инсофдушманӣ бар марде, ки аз вай қурби сад ҳазор рубоъӣ, ғазал, мухаммас, маснавӣ, ва ғайра анвоъи сухан ба санҷидагӣ монда, ба хатои муҳовара, ки ҷое чанд иттифоқ афтода, хӯрдагиранд. Ӯ (яъне Қудратуллоҳи Қосим- Б.Р.) мегӯяд: девонҳои Бедил дувоздаҳҳазориву ҳафтҳазорӣ ва панҷҳазорӣ хитоб доранд. Вай ҳикоят мекунад, ки рӯзе (Бедил) дар аснои роҳ ба наввоб Қутбулмулк Сайид Ҳасаналихон, ки аз дӯстони қадим буд, бархӯрд. Ва ӯ, бино бар тағйири вазъ, Мирзоро нашнохт. Зеро қаландарвор ришу бурут ва абрӯяшро тарошида буд ва ҷои дастор парколае (порае аз газвор-Б.Р.) ба сар баста буд. Мирзо ба салом сабқат накард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё