ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Чун наввоб донист, ки Мирзо буд, ба кулбаи вай рафт ва гила бунёд ниҳод ва Мирзоро ба полакии (каҷоваи фил-Б.Р.) худ ҷой дода, ба давлатсаро овард ва се рӯз сӯҳбати муставӣ (сӯҳбати муфассал- Б.Р.) дошт».
Тавре ки устод Халилӣ навиштааст, фикри Қудратуллоҳи Қосим роҷеъ ба маҳаллаи таваллуди Бедил ғалат аст. Аз муаллифони ҳамзамони шоир касе ба ин мазмун ишора накардааст. Аксари муҳаққиқони шоир низ ин ақидаро рад кардаанд. Чунончи, Ёсинхани Ниёзӣ дар мақолае, ки зикраш гузашт, навиштааст: «Мир Қудратуллоҳи Қосим ва соири мутааххирин аз тазкиранависони урду мавлиди Мирзоро Бухоро пиндоштаанд. Ва чун муъосирони Мирзо дар ин масъала сукут доранд, қавли мутааххиринро эътиборе нест» (Ниг.:
Оинаи Ирфон, Кобул, 1311, № 9-10).
Дар охири ин мақола илова кардан лозим аст, ки аксари тазкираҳои дастрасшуда дар қатори шарҳи аҳволу зикри хусусиятҳои осори Бедил намунаҳои ашъори ӯро низ дар бар кардаанд. Зикри шоир танҳо дар се- чор асар, аз ҷумла дар «Иқди сурайё», «Суҳуфи Иброҳим» ва «Мунтахабуттаворих» бе намунаи ашъор омадааст. Намунаҳое, ки дар тазкираҳо дарҷ гардидаанд, ҷиҳати ҳаҷму миқдор гуногунанд. Чунончи, миқдори онҳо дар «Тазкираи Насрободӣ» ҳамагӣ се байт бошад, дар «Сафинаи Хушгӯ» аз 350 байт зиёдтар аст.
Аксари ашъори дар тазкираҳо дарҷгардида байтҳои алоҳида мебошанд. Намунаҳо танҳо дар тазкираи «Миръошутхаёл» дар шакли ғазалҳои тамом дарҷ гардидаанд. Аз ашъори дар тазкираҳо сабтгардида ба порчаҳое дучор омадан мумкин аст, ки дар нашрҳои маъруфи куллиёти Бедил – нашри Сафдарӣ ва нашри Кобул ба назар намерасанд. Ду рубоъие, ки дар «Ҳамешабаҳор» ва «Сарви озод» дар таърихи таваллуди Ҷаҳонмуродшоҳ ва таърихи қатли падари ӯ Фаррухсияр оварда шудаанд, аз ҷумлаи онҳо ҳастанд.
Аксари куллии намунаҳо моли Бедиланд ва дар нашрҳои мазкури куллиёти ӯ пайдо мешаванд. Аз ҷумлаи онҳо танҳо ду байтро метавон зикр кард, ки мутаъалиқ ба Бедил нестанд. Байти якум, ки дар «Сафинаи Ҳиндӣ» омадааст ин аст:
Мебарад ҳар кас ба пеши ёр аз ҷон тӯҳфае, Мо тиҳидастони бедил шармсорӣ мебарем.
Муаллифи «Риёзушшуъаро» дар қатори Мирзо Бедил, Бедилии Хиёбонӣ ва Бедилии Ҳиравӣ аз Бедилии дигаре ёд намуда, байти мазкурро ба ӯ нисбат додааст. Муаллифони «Тазкираи Ҳусайнӣ» ва «Ништари ишқ» онро аз Бедилии Балхӣ ном шоир донистаанд.
Байти дуввум, ки дар «Маосири аҷам” (Агра 1941) ҳамчун шеъри Бедил дарӣ гардидааст, ин аст:
Шӯре шуду аз хобби адам дида кушудем,
Дидем ки боқист шаби фитна, ғунудем.
Ин байт дар асал ба шоири машҳури асри XVI Ғизолии Машҳадӣ (ваф. 1572) таъаллуқ дорад. (Ниг.: Оини Акбарӣ, ҷилди аввал, Лакҳнав, 1869, саҳ. 304).
Муаллифони тазкираҳо аз тамоми асарҳои шоир ном бурда, баъзеашон қисматҳои ҷудогонаи ин ё он асари ӯро ба ҳайси асари мустақил зикр кардаанд. Масалан, Шералихони Лудӣ аз «Сурмаи эътибор» ном асари мансури Бедил ёд кардааст, ки бахше аз унсури саввуми «Чорунсур» мебошад.
Хоҷа Фаҳмӣ аз «Миръотуллоҳ» ном маснавӣ сухан рондааст, ки қисме аз маснавии «Ирфон» аст.
Хулоса, манбаъҳои адабию таърихии зиёде мавҷуданд, ки дар бораи Бедил ва эҷодиёти ӯ маълумотҳои гуногунро фаро гирифтаанд. Омӯзиши аҳволу осори шоир бе истифода аз онҳо натиҷаҳои дилхоҳ нахоҳад дод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё