Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

БЕДИЛ ВА МУДДАТИ СИПОҲИГАРИИ Ӯ
Дар кори омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедил (1644-1720) мавзӯъҳои норавшан ва камтадқиқ ҳанӯз ҳам зиёданд. Яке аз чунин мавзӯъҳо хидмати шоир дар саркори шаҳзода Муҳаммад Аъзамшоҳ аст. Масъалаҳое, ки дар доираи ин мавзӯъ бояд баррасӣ шаванд, иборатанд аз инҳо: Бедил кай ва дар куҷо ба хидмати Аъзамшоҳ дохил шуд?
Мулозимати ӯ дар саркори Аъзамшоҳ чанд сол давом кард? Бедил кай дар куҷо ва бо кадом сабаб хидматро тарк кард?
Дар хусуси он, ки Бедил, воқеъан, як давраи муайян ба суннати гузаштагонаш сипоҳигарӣ машғул будааст, ҳеҷ гуна шаку шубҳае вуҷуд надорад. Дар ин бора ҳам ишораҳои худи шоир ва ҳам маълумоти тазкиранигорон мавҷуданд. Чунончи, худи шоир дар «Чорунсур» ҷое, ки аз воқеъаи хонадоршавии худ ёд мекунад, дар ин бора чунин менависад: «Дар он ҳолат (ҳолати баъд аз издивоӣ - Б.Р.) касбе, ки аҳли маъош ба илтизоми он ногузиранд, муносиби ҳоли таҳайюрмаоли худ намедид, ночор мутатабеъи суннати обо гардид ва ба тариқаи сипоҳ гаравид» (Куллиёти Бедил, ҷ. 4, кобул, 1344, Чорунсур, с. 66).
Аз муаллифони тазкираҳо аввалин касе, ки аз сипоҳӣ будани Бедил хабар додаст, соҳиби тазкираи «Маръотулхаёл» Шералихони Лудист. Бино бар шаҳодати ин муаллиф, сипоҳигарии Бедил дар лашкари Муҳаммад Аъзамшоҳ (1646-1707) писари саввуми Авранзеби Оламгир (1658-1707) ба вуқӯъ пайвастааст. Шералихони Лудӣ навистааст: «Дар авоили шубоб чанд рӯз, бино бар маслиҳате, навкарии шоҳзодаи олиҷоҳ султон Муҳаммад Аъзамшоҳ ихтиёр карда, ба мансаби умда сарфарозӣ ёфта буд» (Миръотулхаёл, нусхаи хаттии №1996 Институти шарқшиносии АИ Тоҷикистон, вар. 251 «б»).
Муаллифи «Сафинаи Хушгӯ» Биндробандоси Хушгӯ низ факти дар лашкари Аъзамшоҳ хидмат намудани Бедилро зикр намуда, илова кардааст, ки шоир дар ин кор ба мансаби понсадӣ ва доруғагии кӯфтагархона расида буд (Ниг.: Сафинаи Хушгӯ, Патна, 1959, с. 108).
Тазкиранависони баъдина ва муҳақиқони муъосир дар ин бора навиштаҳои. Шералихони Лудӣ ва Хушгӯро такрор кардаанд. Ба ибораи дигар гӯем, дар масъалаи сипоҳигарии Бедил ва дар лашкари Аъзамшоҳ хидмат намудани вай дар байни муҳақиқони шоир ихтилофи назар дида намешавад. Аммо дар бораи муддати хидмат дар лашкари Аъзамшоҳ ва сабаби аз ин кор даст кашидани Бедил ақидаҳо гуногунанд. Чунон ки дидем, Шералихони Лудӣ муддати навкарии Бедилро ба таъбири «чанд рӯз» ёд кардааст. Ба ақидаи ӯ, Бедил ба муддати хеле кӯтоҳ машғули ин кор будааст. Вале Хушгӯ гуфтааст, ки муддати хидмати шоир бист сол аст (Сафинаи Хушгӯ, саҳ. 108).
Дар адабиёти илмӣ низ роҷеъ ба ин масъала назари ягона вуҷуд надорад. Қорӣ Абдуллоҳ дар мақолаи «Мирзо Бедил» (маҷ. «Кобул», 1310, №4) устод Айни дар китоби «Мирзо Абдулқодири Бедил» (Сталинобод, 1954) ва Асадуллоҳ Ҳабиб дар рисолаи «Бедил шоири замонаҳо» (Кобул, 1363) навиштаанд, ки муддати навкарии шоир аз се-чор сол беш давом накардааст.
Муаллифи рисолаи «Аҳвол ва осри Мирзо Абдулқодири Бедил» (Кобул, 1351) Абдулғанӣ низ дар ин хусус маълумоти Шералихони Лудиро қобили эътимод шуморида, таъкид намудааст, ки «Бедил барои муддати бисёр кӯтоҳ дар сипоҳ буд».

пешина
аз 250
навбатӣ