ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Аммо муҳаққиқи панҷобӣ Ёсинхони Ниёзӣ дар мақолаи «Мирзо Абдулқодири Бедил»
(маҷ. «Оинаи ирфон», кобул, 1311, №912; 1312, № 2-6) ва Ҳошим Шоиқ дар мақолаи «Марсияи Бедил» (маҷ. «Ориёно», 1329, шум. далв) дар асоси ишораҳои худи шоир ба натиҷае расидаанд, ки муддати навкарии ӯ на камтар аз понздаҳ сол аст. Чунончи, Ёсинхони Ниёзӣ маълумоти дар ин бора овардаи Хушгӯро мавриди тааммул қарор дода, навиштааст:
«Соҳиби «Сафина» мегӯяд, ки муддати мулозамати Мирзо ба ҳузури Аъзамшоҳ бист сол аст.
Вале сиҳат надорад. Чи ба таври қатъӣ баъд аз санаи 1080 навкар шуд ва аз як руқъаи ӯ ба номи Шукруллоҳхон ва унсури чорум (унсури чоруми «Чорунсур» - Б.Р.) зоҳир мегардад, ки пеш аз санаи 1096 мулозиматро тарк гуфта».
Агарчи дар баъзе таълифоти илмӣ, аз ҷумла дар рисолаи Кошӣ Нотҳ Пандит «Аҳволу афкор ва сабки ғазалиёти Бедил» (Теҳрон, 1961, дастхат) ва «Луғатномаи Деҳхудо» (ҳарфи «Б», бахши ду), таърихи ба хидмати Аъзамшоҳ пайвастани Бедил солҳои 1079-1080 (1668- 1680) дониста шудааст, вале санад ва далелҳои зиёде чи аз осори худи Бедил ва чи аз тазкираи Хушгӯ собит месозанд, ки фикри Ёсинхони Ниёзӣ ва Ҳошим Шоиқ дар ин маврид беасос нест. Яъне, воқеъаи ба хидмати Аъзамшоҳ пайвастани Бедил баъд аз соли 1080, аниқтараш, дар соли 1081 рух додаст. Ин маънӣ аз қитъаҳои зиёди таърих, ки шоир ба Аврангзебу Аъзамшоҳ ва дигар шоҳону шоҳзодагони темурӣ бахшидааст, ба исбот мерасад.
Қадимтарин санае, ки аз ин гурӯҳи таърихҳо бар меояд, санаи 1081 аст. Қобили қайд аст, ки аз бисту шаш таърихи ба шоҳону шоҳзодагон бахшидашуда моддаҳои таърихи ҳафтои онҳо санаи 1081-ро ифода намудаанд. Ва ҳаммаи ин қитъаҳо дар мавзӯъи таърихи зуҳур ё худ таввалуди чанде аз шоҳзодаҳо эҷод шудаанд. Чунончи, як қитъа дар таърихи таваллуди писари шоҳзода Акбаршоҳ, як қитъа дар таърихи таввалуди писари шоҳзода Бобуршоҳ ва чанд қитъа дар таърихи таввалуди шоҳзода Комбахш аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Ин факт шоҳиди он аст, ки робита ва алоқае, ки дар ин сол байни Бедил ва шоҳу шоҳзодагон мавҷуд буд, ҳодисаи ҷудогона ва тосодуфӣ набуда, характери доимӣ дошт. Чигунагии ин робитаро аз таърихе, ки дар таввалуди Комбахш писари хурдии Аврангзеб навишта шудааст, пайхас намудан мумкин аст. Қитъаи таърих ин аст:
Атои файзи азал кард гавҳаре таслим
Ба шоҳи мо, ки ҷавонбахт ва ӯст олами пир.
Муҳити адлу ҷаҳони сахо, сипеҳри карам,
Баҳори дину дувал, ифтихори тоҷу сарир.
Шаҳаншаҳе ки кашад зӯри бозӯи ҳукмаш
Зи кӯҳсор раги санг ҳамчу мӯ зи хамир.
Тавон шикофт ба имдоди ройи равшани ӯ
Зи ранги хомаи наққош маънии тасвир.
Ба завқи новаки ӯ қатра-қатра хуни ниёз
Парад чу чашми таммано ба пайкари нахчир.
Ба аҳди ӯст чунон расми амн дар олам,
Ки захм ёфта болини роҳат аз пари тир.
Ба гулшани адабороии шариъати ӯ
Ҳамеша аз раги ток аст нашъа дар занҷир.
Сурӯши шавқ ба ин мужда то башорат дод,
Зи ҷои хеш биҷастам чу маънӣ аз тақрир.
Сафири килки гуҳарсанҷ соли ин таърих
Фурӯғ дод зи «шамъи мунири оламгир».
(1081) Илова бар ин, дар куллиёти шоир қасидае бо номи «Дар мадҳи подшоҳ ва таърихи таввалудди шоҳзода» мавҷуд аст, ки аз моддаи таърихи он ҳам санаи 1081 бармеояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё