ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Зоҳиран, ин қасида низ дар валодати Комбахш аст. Ба эътибори ин далелҳо, алоқаи Бедил ба дарбори Аврангзеб низ, гӯё, аз имкон дур набудааст. Вале чун тазкиранависон аз мулозамати шоир дар ҳузури Аъзамшоҳ сухан кардаанд, мо низ алоқа ва иртиботи ӯро ба дарбори шоҳӣ ба ҳамин масъала вобаста медонем. Яъне як қасида ва чанд қитъае, ки Бедил дар таввалуди Комбахш ва дигар шоҳзодаҳо сурудааст, шояд, ба хотири Аъзамшоҳ ё худ ба хоҳиши ӯ эҷод шуда бошанд.
Акнун суоле ба миён меояд, ки Бедил дар куҷо ба адои хизмати Аъзамшоҳ шурӯъ намуд?
Аз «Чорунсур»-и шоир ба хубӣ маълум аст, ки ӯ дар солҳои 1081 (1670-71) ва 1083 (1672-73) дар шаҳри Акбаробод мезист. Шоир аз ҳодисаи дар хоб дидани ҳазрати Муҳаммад (с) ёд намуда таъкид кардааст, ки ин воқеъа дар соли 1081 (1670-71) дар Акбаробод рух дод. ӯ навиштааст: «Саъодатҳусул азминае, ки дар балдаи Акбаробод бисоти фурсати таваққуф мегустаронид ва фирдавсоин авқоте, ки ба сайри ин гулзамин сипарӣ мегардид… Шабе дар санаи якҳазору ҳаштоду яки ҳиҷрӣ…ғунудане бар табъи маҷбур ҳуҷуми беихтиёрӣ овард ва сояи мижгон бар нигоҳи заъифидастгоҳ гиронӣ кард» (К.Б. ҷ. 4. Чорунсур, с. 336).
Шоир дар ҷои дигари «Чорунсур» овардааст: «Фурсатшумории муддати анфос чанде дар саводи балдаи Акбаробод равнақи субҳи хуррамӣ дошту ба ҳавои хирманороии ҷамъият тухми хаёле мекошт ва биҳишти бехалалиро ба зиёрати дили осуда бурда буду баҳори беташвишӣ… ба вадиъати шавқи орамида супурда… Шабе дар санаи якҳазору ҳаштоду се талвосаи дили изтиробмаҳмил бо шӯхиҳои чашмаки анҷум муқобалаи ташвишшуморӣ дошт ва парвози ғубори бехудӣ ҳамдӯшии андози Каҳкашон аламҳои шикасти ранг меафрошт»
(К.Б. ҷ. 4. Чорунсур, с. 178).
Аз тарҷумаи ҳоли Бедил маълум аст, ки ӯ бо Мирзо Комгор ном амир дар Акбаробод ошноӣ ва дӯстиву рафоқат пайдо карда буд. Яке аз рисолаҳои насрии шоир, ки «Сурмаи эътибор» унвон дорад, дар Акбаробод бо хоҳиш ва талаби амири мазкур таълиф шудааст.
Бедил дар ситоиш ва таърифи ин амир чанд шеър низ эҷод намудааст, ки якеи онҳо қитъаи таърих аст. Аз фиқраи таърихи ин қитъа санаи 1082 (1671-72) бар меояд. (Ниг.: КБ. ҷ. 2, Қитъаот, саҳ. 135). Ин далел баёнгари он аст, ки Бедил дар соли 1082 (1671-72) низ дар Акбаробод мезистааст.
Чун таърихи ба хидмати Аъзамшоҳ дохил шудани Бедил соли 1081 (1670-71) аст ва дар солҳои 1081-1083 (1670-1673) мо вайро дар Акбаробод мебинем, тахмин намудан мумкин аст, ки маҳалли ба хидмат расидани ӯ шаҳри Акбаробод аст. Ишораи Хушгӯ, ки ба доруғагии кӯфтагархонаи саркори Аъзамшоҳ имтиёз ёфт, мегӯяд, зоҳиран, ба ҳамин давраи ҳаёти шоир рост меояд. Агар ба эътибор гирифта шавад, ки маркази доимии ҳукумати Аъзамшоҳ шаҳри Акабаробод буд (Ниг.: Хаста, Мунтахабаззамон Абдулқодири Бедил, «Журвандун», 1342, №9, с. 6), тахмини мазкур ба ҳақиқит наздиктар мегардад.
Соли 1083, зоҳиран, охирин соли сукунати Бедил дар Акбаробод аст. Ӯ дар солҳаи 1084-
85 (1673-75), ғолибан, дар Деҳлӣ зиндагӣ ва хидмат менамуд. Зеро дар «Чорунсур» вақте ки аз сафари худ ба Лоҳур, ки соли 1085 (1674-1675) рух додааст, ёд мекунад, таъкид менамояд, ки ин сафар аз Деҳлӣ оғоз ёфта буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё